СУРУДИ БАРДАВОМ

Яке аз чеҳраҳои намоёни санъати сарояндагӣ, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Коммуна Исмоилова агар дар қайди ҳаёт мебуд, синни мубораки навадро пур мекард.

Давраи эҷодиаш тақрибан 70-солро ташкил намуда ва дар ин муддат самаранок фаъолият бурд, дар равнақи иҷрогарии мусиқии миллӣ ҳиссаи муносиб гузошт.
Коммуна Исмоилова соли 1927 дар шаҳри Хеваи вилояти Хоразм таваллуд ёфтааст. Номи аслиаш Уллибибӣ.
Бинобар он ки падараш Қурбон Исмоилов ба рӯзномаи «Хива коммунаси» муҳаррирӣ мекард, Уллибибиро, ки нозпарварди вай буд, бо оҳанги дӯстдорӣ Коммуна мегуфтанд. Ҳамин тавр, духтарак чун Коммуна машҳур шуда, номи ҳақиқиаш аз эътибор дур монд.
Қ. Исмоиловро соли 1934 яке аз роҳбарони вилояти Хоразм таъин карданд ва оилаи онҳо ба Урганҷ кӯч баст. Коммуна ба мактаб рафт ва ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ бо хушзеҳнӣ, хусусан завқи сарояндагӣ ҷудо шуда меистод. Овози чун зангӯла рӯҳнавоз, ки дошт, тадбирҳои маънавӣ бо баромадҳои ӯ файзнок ва ҷолиби диққат мегузаштанд. Духтараки ба санъат шайдоро намоишҳои театрӣ низ ба худ мекашиданд. Ин боис гашт бо санъаткорони варзида аз наздик шинос шавад, таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ кашад.
Ҳунарпешагони номвар Охунҷон Қизиқ, Карим Зокиров, Пӯлодҷон Раҳимов ва дигарон миёнаи солҳои сиюм ба Хоразм зуд-зуд сафарҳои эҷодӣ доир менамуданд. Тамарахонум як соли тамом дар театри вилоятии Хоразм монд ва баробари ҳунарнамоӣ ба ҷавонон нозукиҳои санъат омӯзонд, маҳорати иҷрогарии онҳоро такмил бахшонд. Коммунаи он вақт хурдсолро низ баҳраварӣ аз сабақҳои ин санъаткори варзида насиб кард. Ҷуз ин дар «Фарҳод ва Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун» барин спектаклҳо, ки дар театр гузошта шуданд, нақшҳои эпизодӣ ба иҷро расонд. Ин иқдом иштиёқи ба санъат доштаашро боз ҳам зиёд мекард.
Соли 1942 Коммуна ба курси шашмоҳаи муаллимтайёркунӣ қабул гашт. 
Дар ин байн Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуда, мамлакат давраи душворро аз сар мегузаронд.
Дар Тошканд ансамбли ҳарбӣ таъсис ёфт, ки ба он ҳунарпешаи шинохта  Гавҳар Раҳимова роҳбарӣ менамуд. Феврали соли 1943 ансамбли мазкур ба Хоразм сафари ҳунарӣ кард ва меҳмони маскани маърифате шуд, ки дар он К. Исмоилова таҳсил менамуд.
Дар дами тирезаи ошёни дуюм Коммуна сурудеро бо шеъри Собир Абдулло аз спектакли «Қурбон Умаров» хиргоҳӣ мекард, ки оҳангсоз Фахриддин Содиқов бо ҳамроҳии Г. Раҳимова рӯ-рӯи зинаҳо боло баромада истода, овози ӯро шунида монданд.
Ҳис карданд, ки агар ин духтарак ба дараҷаи зарурӣ таълим ва тарбия гирад, аз ӯ санъаткори хуб баромаданаш мумкин. Таклиф карданд, ки ҳамроҳашон ба Тошканд ояд. Ҳамин тавр, тақдир К. Исмоиловаро ба Тошканд пайваст ва вай ба ансамбли ҳарбӣ таҳти роҳбарии Г. Раҳимова ҳамроҳ шуда ба пойтахт рӯ овард ва дар як саф бо устодони санъат фаъолияти эҷодиашро оғоз  бахшид.
Худи ҳамон сол К. Исмоилова дар таркиби ансамбли номбурда ба сафари ҳунарие, ки ба фронт рӯй овард, сафари роҳи дур ва хатарнок ихтиёр кард. Вохӯрӣ бо ҳамдиёрон, ки дар фронти якуми Украина меразмиданд, фаромӯшнопазир сурат гирифт. Ҳам омӯхта ва ҳам иҷро карда, К. Исмоилова боварии устодаро қавӣ менамуд. 
Соли 1945 бригадаи консертӣ ба Тошканд баргашт, дар дохили ҷумҳурӣ гастролҳоро давом дод. 
Баъди пирӯзии бузург мамлакат нафаси озод кашад ҳам ҷароҳати он халқро ҳамон озор медод. Аз сангарҳои хунфишон, кӣ баргашт, кӣ барнагашт...
Нахустин консерт дар бинои Театри калони давлатии опера ва балети ба номи Навоӣ хеле хотирмон сурат гирифт. К. Исмоилова суруди «Ӯғлима...»-ро бо маҳорати том иҷро кард. Матн ва мусиқиро дар асоси достонҳои мардумӣ устодаш Комилҷон Отаниёзов навишта буд. Ин суруд ба нолаи модароне, ки дар дил дард доштанд, ҳамоҳанг гашт, ба оҳкашию ашкрезии падарон, ки як пораи дилашон дар фронтҳои дурдаст беному бенишон монда буд, боис гардид. 
Аз миён солҳои зиёд гузашт, вале ҳар гоҳ «Ӯғлима ӯхшайди» садо диҳад, дилҳо ба риққат омада ва ба чашмҳо ашк метохт. Ин суруд ҳанӯз ба дили мардуми мо наздик ва миёни наздик 400 суруде, ки Коммунахонум ба иҷро расондааст, қадр ва манзалати алоҳида дорад.
К. Исмоилова соли 1964 бо унвони  баланди «Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон» сарфароз гардонида шуд. То соли 1981 дар таркиби ансамбли мақомхонҳо самаранок фаъолият бурд. Аз ҳамин сол эътиборан то соли 2004 дар Институти давлатии санъати ба номи Маннон Уйғур аз сарояндагии анъанавӣ ба донишҷӯён сабақ дод. Даҳҳо дастпарваронаш бино бар даст ёфтан ба камолоти эҷодӣ то дараҷаи устодӣ расиданд, ки байни онҳо Дилором Қайюмова, Зулайхо Бойхонова, Мавлуда Асалхӯҷаева, Шарофат Тоҷибоева, Муноҷот Тешабоева, Нилуфар Саидова байни халқ бештар маҳбубият доранд.
Қисме аз сурудҳои Коммуна Исмоилова дар фонди тиллоии радиои ҷумҳурӣ маҳфуз дошта мешаванд. Таронаҳои рӯҳпарваре, ки Коммунахонум иҷро кард, ба мулки халқ табдил ёфт. 
К. Исмоилова соли 1948 бо санъаткор Ҳакимҷон Файзиев оила барпо намуд ва соҳиби духтар гашт. Таронаҳои ӯ бо забони набераҳояш Орзугул, Гулрух ва Гулбека имрӯз рӯҳпарвару гуворо садо медиҳанд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: