СУРУДИ ДАВЛАТӢ ФАХР АСТ

10 декабр ба қабул шудани Қонун «Дар бораи суруди давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» 27 сол пур шуд.

Бахшида ба ин муносибат дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон конфронси илмиву амалӣ таҳти мавзӯи «Суруди давлатӣ қувваест мардумро ба бунёдкорӣ, некӣ ва ватандӯстӣ даъват мекунад» баргузор шуд.
Дар он намояндагон аз Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Иттиҳоди оҳангсозон, олимон, донишҷӯён ва аъзои оилаи Шоири мардумии Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок карданд.
– Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои ахбору китобхонаи ҷумҳуриамон рӯзи кор таҳти садои суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар мусобиқаҳои байналхалқиву миллӣ вақте ки ин суруд садо медиҳад, ҳар як шаҳрвандро эҳсоси ифтихор ва ватандӯстӣ фаро мегирад, – гуфт раиси Маркази маънавияту маърифати ҷумҳурӣ М. Ҳоҷиматов.
Фарзанди муаллифи суруди давлатӣ Абдулло Орипов Шоира Орипова аз он рӯзҳое, ки суруди мазкур ба дунё омад, ёдовар шуд.
– Вақте ки падарам ин корро ба ӯҳда гирифтанд, фақат бо он машғул шуданд. Болои ҳар як мисраъ не, балки ҳар як калима ҳафтаҳо, моҳҳо кор карданд. Он гоҳ мо бо оҳангсози ин суруд Мутаваккил Бурҳонов дар як маҳалла зиндагӣ мекардем. М. Бурҳонов  низ аз болои оҳанги гимн ҷиддан кор карданд. Агар як калима ба оҳанг мутобиқ наояд, онҳо боз ба ҷустуҷӯи он медаромаданд. Падарам бо ифтихор мегуфтанд, ки ҳоло ҳамаамон гувоҳи воқеаи таърихӣ ҳастем. Ин суруд ба фахри ӯзбекистониён табдил меёбад ва асрҳои аср садо медиҳад.

Н. НОДИРОВА,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: