СУРУДИ ДИЛ

Одамон бо сабабҳои мухталиф, тақозои шароит касбу кореро ихтиёр мекунанд.

Одамон бо сабабҳои мухталиф, тақозои шароит касбу кореро ихтиёр мекунанд. Касбу кори дӯстдошта бошад, пайваста ба дил сурур ато мекунад. Хушбахт касест, ки ҷои худро дар зиндагӣ дарёфтааст. Гулноз Азимова, ки омӯзгори забон ва адабиёти руси мактаби таълими ҳамагонии рақами 21-уми ноҳияи Тайлоқ мебошад, аз чунин шахсони некбахт мебошад.
Гӯянд, ки тақдирро тақдирҷунбон мебояд. Муаллимаи забон ва адабиёти рус С. Зарутская дар рӯзгори Гулноз маҳз аз ҳамин гуна фардон мебошад. Ҳангоме, ки вай дар аснои дарс афсона мехонд ё мегуфт, Гулнози мактабхон сару по ҳуш мегардид. Дар зимни афсонагӯии муаллима дар мадди назари вай мусаввараҳо, манзараҳои хушу дилпазир падидор мегардиданд. Г. Бобоқуловна зимни суҳбат гуфт:
– Аз ҳамон айёми мактабхонӣ ба забон ва адабиёти рус дилбастагӣ доштам. Дертар, асарҳои классикони адабиёти рус, ба монанди Толстой, Достоевский, Тургенев, Чехов ва дигаронро гирифта, мутолиа кардаам. Ҳақиқатнигории адибони рус, нерӯи сухани онҳо маро моту мабҳут карданд. Дарҳақиқат, чунонки Тургенев дар шеъри мансураш гуфтааст, забони русӣ тавоно ва бузург аст. Пас аз хатми мактаб Гулноз бидуни дудилагӣ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ супурд. Дар факулта дар бобати омӯзиши забон ва адабиёти рус дониши амиқ андӯхт.
Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти омӯзгории худро аз мактаби рақами 10 оғоз кард. Сонитар аз забон ва адабиёти рус дар коллеҷи хидмати маишӣ дарс гуфт, пас аз он корро дар мактаби рақами 21-уми ноҳияи Тайлоқ идома дод.
Маълум ва ҷои баҳс нест, ки дар шароити деҳот дарсгузаронӣ аз забон ва адабиёти рус мушкилтар аст, аммо Гулноз Азимова ба ҳайси омӯзгори навовар бо истифодаи услубҳои мухталиф калиди дили мактабиёнро дарёфт. Ҳангоме, ки сабақомӯзии муаллимаро мушоҳида мекунед, мебинед, ки вай чӣ гунна дарсҳоро моҳирона ва муташаккилона бо ҷавобгӯӣ ба ҳамаи талаботи меъёрҳо (стандартҳо)-и давлат мегузаронад.
Г. Бобоқуловна пайваста мақолаҳо аз навгониҳои кор, таҷрибаи андӯхтааш иншо мекунад.  Дар маҷаллаҳои мухталиф мақолаҳояш ба дасти чоп расидаанд. Масалан, бо мақолаҳои худ «Интеграсияи илмии нақши бозӣ дар ҳаёти кӯдак», «Оғози Ӯзбекистони нав дар остонаи мактаб дар сохтори таълим», «Истифода аз фаъолияти бозӣ дар дарсҳои забони русӣ» ва ғайра дар миёни ҳамкасбон соҳиби обрӯ гардидааст. Ба қарибӣ боз як китоби нави вай «Вазифаҳои ТИСА» нашр шуд. Дар ин хусус муаллима гуфт:
— Китоб воситаи баҳодиҳӣ ба мутолиаи босаводонаи мактабиён аст.
Гулноз Бобоқуловна  дар мақолаҳо, китобҳояш нуктаеро таъкид кардааст, ки дар замони мо масъалаи баланд бардоштани сифати таълим аз забон ва адабиёти рус фаро расидааст.
Мутаассифона, дар замони мо кам шудани шавқу ҳаваси хонандаҳо ба донистану омӯхтани забон ва адабиёти рус мушоҳида мешавад. Гулноз Бобоқуловна барои бедор кардани шавқу ҳаваси шогирдон аз ҷузъиёти дарсҳои якҷояшуда истифода мекунад ва натиҷахои хубро ба даст меорад. Вай мегӯяд:
– Кори берун аз синфӣ шавқу ҳаваси шогирдонро ба дарс бедор мекунад, фонди луғавии онҳоро меафзояд, нутқи шифоҳии онҳоро рушду нумӯъ мебахшад. Муносибатҳои дӯстонаи онҳоро мустаҳкам карда, маҳорати тадқиқгарӣ, тафаккури креативии хонандаро баланд мебардорад.
– Дар даврони мо забони русӣ эътибори баландро дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, дар соҳаи таълим соҳиб мебошад. Ба қарибӣ олимпиадаҳои байналхалқӣ баргузор шуданд. Бидуни донистани забони русӣ мактабиён дар олимпиадаҳои байналхалқӣ иштирок карда наметавонанд.
Гулноз Бобоқуловна баробари шогирдон фарзандони шоиста дорад. Писараш Комилҷон дар магистратураи яке аз мактабҳои олии Япония таҳсил мекунад. Духтараш Дилноза факултаи филологияи русро хатм кардааст, Меҳрубон дар мактаби рақами 21-уми ноҳияи Тайлоқ аз фанни таърих дарс мегӯяд.

Муродқул ИСТАМҚУЛОВ, 
академики академияи Турон.
Ӯктам ИБРОҲИМ, 
хабарнигори ҷамоатии 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: