Вақте ки дарвозаи оҳанин кушода шуда дохили бино даромадем, лаклакҳое, ки дар ҳаво парвоз мекарданд, диққатамро ҷалб намуданд.
Аз болои устунҳои баланди шафати деворҳои бо печи сим мустаҳкам «орошуда» макон интихоб кардани ин паррандаҳои тимсоли ҳуррият ва озодӣ касро андаке ба тааҷҷуб овард.
Онҳо балки ҳангоми аз ин ҷо парвоз кардан нолаву зории нозуктарин хилқати табиат зан-модарро ҳис намуда, ин ҷойро макон интихоб кардаанд, онҳо дилбандони худро пазмон шуда, бо умеди озодӣ парвоз кардан мехоҳанд. Лаклакҳо гӯё чун рамзи суруди озодии онҳо парвоз мекунанд.
Зеро ин маконест, ки бо номи худ ҷойи маҳдудкунии озодии инсон – маҳбас мебошад.
... Мо дар колонияи занонаи ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд ҳастем. Ба ин ҷо дар гармои тамузи тобистон ҳеҷ гоҳ наомадаам. Аксари вақт дар зимистон, дар арафаи Рӯзи Конститутсия ба муносибати амнистия, афв меомадем...
Ба ғайр аз рӯзе, ки афви Президент эълон карда шудааст, рӯзҳои дигар ҳам заноне, ки аз кирдори худ аз таҳти дил пушаймон шуда, ба роҳи дуруст даромадаанд, ба озодӣ баромада истодаанд.
Ба ин меморандуми ҳамкорие, ки байни Суди олии Ӯзбекистон ва Кумитаи занону духтарон ба имзо расидааст, роҳ мекушояд.
Ба шарофати меморандуми мазкур дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ беш аз сад нафар занону духтарон ба озодӣ баромада, ба оғӯши оилаи худ баргаштанд.
Тадбири навбатӣ дар муассисаи мазкур ба туфайли фикрҳои дар ҷамъомади умумии бистуми Сенати Олий Маҷлис оиди занону духтарон, хусусан, заноне, ки ба ҷиноят даст мезананд, иброздоштаи Президентамон ташкил гардид.
Роҳбари давлат дар баромади таърихии худ дар Сенат дар баробари пурзӯр кардани эътибор ба занону духтарон дар ҷамъият, ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳоеро, ки аз ҷониби онҳо содир мегарданд, зикр кард. Дар ин бобат танқид кард, ки дар вақташ ҳал нагардидани мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодии муҳими онҳо ба ин сабаб мегардад.
«Зане, ки се фарзанд дорад, ба ҷиноят даст зад, ӯро ба ҳабс гирифта, ба чӣ натиҷа мерасем? Оқибати ин, тақдири фарзандон чӣ хоҳад шуд?», гуфта алоҳида қайд карда буд Президенти мо.
Дарҳақиқат, аввало, ҳар гуна ҷиноятро пешгирӣ кардан мумкин аст. Ягон модаре, ки ҷойи корӣ дорад, дар хонааш осудагӣ ҳукмрон мебошад ва рӯзгораш фаровон буда, фарзандонаш сиҳату саломат ба камол мерасанд, ба ҷиноят даст намезанад. Аз ин ҷиҳат корҳоеро, ки ташкилотҳои дахлдор бояд анҷом диҳанд, ҳанӯз зиёданд. Ҳатто дар натиҷаи либералишавии қонунгузории ҷиноят нисбат ба шахсони ҷиноятсодиркарда доираи корбурди намудҳои ҷазое, ки бо аз озодӣ маҳрум кардан вобаста нест, низ васеъ гардидааст.
Ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Кумитаи занону духтарони ҷумҳурӣ Элмира Боситхонова, ки дар чорабинӣ ширкат варзид, алоҳида таъкид намуд, ки бо ташаббуси Президенти мо барои мустаҳкам кардани нақши муҳими занону духтарон дар ҳаёти мо, баланд бардоштани қадру қимати онҳо эътибори доимӣ дода мешавад. Дар ҷамъомаде, ки ба наздикӣ дар Сенат баргузор шуд, бинобар манфиат ва мушкилиҳои занон вазифаҳои муҳим гузошта шуданд. Акнун дар ҷамъият муносибат ба зан куллан тағйир меёбад, бахусус, дар идораҳои давлатӣ мавқеи онҳо баланд мегардад. Умуман, бинобар дастгирии ҳар як зан ҳар коре, ки зарур бошад, иҷро карда мешавад.
Элмира Боситхонова ба толоре, ки занони муддати ҷазоро дар колония гузаронанда ҷамъ омадаанд, нигоҳ карда савол дод: «Оё маърӯзаи Президентамонро шунидед?» Ба ин савол аксарияти онҳо «не», гуфта ҷавоб доданд. Баъд аз он зарурати ба ҳама шунавондани нутқ таъкид гардид.
То ки аз фикрҳое, ки барои дар ҷамъият баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нигаронда шудаанд, на танҳо руҳбаланд гардидани ҳар як зан, балки аз ин барои худ хулосаи зарурӣ бароварда, саъй намудани онҳо барои дар ҳаёт аз даст надодани мавқеи худ муҳим мебошад.
Дар худи ҳамин ҷо таҳти раёсати муовини раиси Суди олӣ Холмуъмин Ёдгоров маҷлиси суд баргузор гардид.
Дар ҷараёни суд кор оид ба шаш нафар заноне, ки аз кардаи худ пушаймон шуда, ба роҳи дуруст даромадаанд ва барои ихтисор кардани муддати ҷазо ба суд муроҷиат кардаанд, дида шуд.
Ҳамаи онҳо ба моддаи 273-юми Кодекси ҷиноӣ, яъне бо мақсади гузарондани моддаҳои гиёҳманд, аналогҳои онҳо ё моддаҳои психотроп, бархилофи қонун вобаста ба тайёркунӣ, гирифтан ва ҳаракатҳои дигар, ҳамчунин гузарондан ба ҷиноят даст задаанд.
Дилором Бобоҷоноваи хоразмӣ, ки модари се нафар фарзанд мебошад, ба сабаби норасоии рӯзгор, яъне барои пул фақат як грамм героинро аз касе гирифта, ҳангоми ба шахси дигар расонда додан ба даст афтодааст. Аммо ҳамин як грамм заҳр ҳамаи ҳаёти ӯро талх кард. Ӯ 11 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Бо як нигоҳ миқдори андаки героин барои дар маҳбас гузаштани умри як нафар зан ноарзанда менамояд. Лекин як қатра заҳр ҳам барои маҳв кардани як инсон, ба гиёҳмандӣ мубтало карда, умри ӯро хазон намудан кифоя аст. Аз ин ҷиҳат бо савдои героин машғул шудан аз ҷиноятҳои вазнин ба ҳисоб меравад.
Дилоромапа, ки ба синни 61 даромадааст, дар паси панҷара 9 солу 8 моҳ нишаст. Дар ин байн фарзандонаш бидуни меҳри модар, бо ҳазор машаққат ба камол расиданд. Ҳаёти мустақилонаро низ шурӯъ карданд. Модар бошад, ба туфайли як хато аз бахти дидани камоли фарзандон, такягоҳ шудан ба онҳо бебаҳра монд.
Бинобар қарори суд ҷазои ба Д. Бобоҷонова таъиншуда тағйир дода шуд, яъне аз ҳисоби ихтисор шудани муддати аввал таъиншуда ӯ ба озодӣ баромад.
Суханони «Акнун шумо озод шудед»-ро шунида, ӯ андаке калавид. Ба ҳаққи дидори оила, фарзандон, набераҳояш хурсандии худро пинҳон карда натавониста, аз чашмонаш ашки шодӣ рехт.
– Хурсандии ҳозираи худро бо сухан ифода карда наметавонам, – мегӯяд Д. Бобоҷонова. – Аз Президентамон, ки ба занон меҳру шафқат нишон доданро пурзӯр мекунад, миннатдорам. Аз кардаи худ пушаймон ҳастам. Барои пеш аз муддат озод гардидан худро қарздор меҳисобам. Ба он ҷавобан боқимондаи ҳаётамро бо ҳалолӣ мегузаронам ва боварии дигаронро сазовор мегардам.
Зани дуюме ҳам, ки рӯбарӯи судяҳо баромада омад, низ хоразмӣ буда, ӯ дар бозори ашёи Ҳазорасп, ки дар байни халқ номи «Бозори ҷаҳон»-ро гирифтааст, бо хариду фурӯш машғул гардидааст. Як дафъа моддаи нашъаоварро ҳам ба ашёҳояш илова карда гузаронда, ба даст меафтад. Ба ин тариқа Нуқулҷон Ҳусанова 14 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.
Ҳангоме ки кор оид ба ин зан дида мешуд, ҳолати духтаре, ки чашмҳояш зағерак мезад, эътибори моро ҷалб кард.
Ойдиной духтари ҳамин зан аст, ӯ ҳангоми ҳабс шудани модари худ ҳамагӣ панҷсола будааст. Тасаввур кунед, домани модари худро аз даст надода, на танҳо дар тӯй, балки дар мусибат ҳам ҳамроҳ мерафтааст. Он вақт ба меҳри модар муштоқ будааст ӯ. Аз модар якбора ҷудо шудани ӯро тасаввур кардан хеле дардовар аст.
Ойдиной, ки имрӯз ба синни 17 мерасад, ниҳоят озод гардидани модарашро ҳам шунид. Чашмҳояш пури ашк шуданд. Ин на фақат ашки шодӣ, балки ашки дидорҳои гумшуда, ашки армону афсӯс низ мебошад. Шукр, ки акнун модар ақаллан ҳангоме ки духтараш ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳад, дар бари ӯ хоҳад буд.
Зане, ки имрӯз ба сӯйи ҳаёти озод қадам ниҳод, гуфт, ки хонаву бачагонашро пазмон шудааст. Дарҳақиқат, ҷойи модар аслан дар хона, дар ҳалқаи оила аст. Ягон зан аз ин бахт маҳрум нагардад.
Чунонки мегӯянд, ҳар кас мувофиқи амалаш мукофот мегирад. Касоне, ки қатъи назар аз кӣ будан дониста ё надониста ба ҷиноят даст мезананд, ҷазо гирифтанашон муқаррар аст. Мақсад аз ба ҳаёти чунин занон истода гузаштан ин аст, ки дигар занҳо хонда, дарк кунанд, оқибати кори ношоистаро фаҳманд. Инчунин, пеш аз ба ягон коре даст задан модар дар навбати аввал бояд оила, бачагонашро пеши назар орад.
Дар кишвари мо анъанаҳои нек мисли ба шахсони ҷинояткор низ имкон додан, онҳоро бахшидан, барои ба роҳи дуруст даромадан кӯмак расондан низ мавҷуд аст.
Чунонки роҳбари давлати мо қайд мекунад, корҳоеро, ки дар бобати вақтҳои охир бахшидани роҳгумзадагон, ба ҳаёти солим баргардондани онҳо, мустаҳкам кардани муҳити тинҷу осоишта дар оила, маҳалла ва ҷамъият шурӯъ карда будем, бояд мунтазам идома диҳем.
Дар ҳақиқат, ин гуна анъанаҳои нек давом доранд. Мехостем, ки бо некӣ ба некӣ ҷавоб гардонда шавад. Дар асл чӣ қадар номуносиб будани назди суд сар хам кардани занон, дар паси панҷара изтироб кашидани онҳоро ҳар як зану духтар амиқ дарк карда, дар ҳаёт фақат роҳи дурустро интихоб кунад, нур болои нур хоҳад шуд.
Норгул АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.