СУТ: нишондиҳандаи марг аз вабо дар ҷаҳон 71 дарсад афзудааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гузориши наверо дар бораи эпидемияи вабо нашр кард.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2023 нишондиҳандаи ҳолатҳои вафот аз ин сирояти хатарнок дар саросари ҷаҳон нисбат ба соли 2022 дар умум 71 дарсад ва теъдоди гирифторон 13 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар дод.

"Соли гузашта 4000 нафар аз бемории вабо фавтиданд, - гуфт директори генералии СУТ Тедрос Гебрейсус. - Тағйирёбии иқлим, нарасидани оби ошомиданӣ дар баъзе минтақаҳо, камбизоатӣ, набудани шароити санитарӣ, ҷангу низоъҳои низомӣ боиси афзоиши ин беморӣ шудааст.

Тибқи гузориш, вазъи эпидемиологӣ имсол ҳам мураккаб аст. Бахусус, аз аввали соли 2024 дар беш аз 342 ҳазор нафар сирояти беморӣ аниқ гардидааст ва аз онҳо 2400 нафарашон фавтидаанд. Хуруҷи ин беморӣ дар 22 кишвари ҷаҳон мушоҳида шудааст.

Аз ҷумла, аз моҳи июл то август дар Судон тақрибан 2700 нафар ба бемории вабо ташхис карда шуданд. Аз ин миқдор 120 нафар вафот карданд.

Ба гуфтаи мудири фаннии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар мубориза бо вабо Филипп Барбоза, теъдоди қурбониёни ин беморӣ аз омори расмӣ ба маротиб бештар аст. Дар асл, ҳамасола тақрибан 2 миллион нафар ба он мубтало шуда, қариб 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Мақомот ба хулосае омаданд, ки мавҷи нави эпидемияро метавон ҷилавгирӣ кард. Барои ин истеҳсоли ваксинаҳои зидди касалиро зиёд кардан лозим аст. Зеро соли гузашта қариб 36 миллион воксин истеҳсол карда шуд, ки ин ҳамагӣ 50 фоизи талаботи имрӯзаро қонеъ месозад.

Ғайр аз он, таъмини оби тозаи ошомиданӣ, амал ба қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ ягона роҳи ҳалли дарозмуддати эпидемияи вабо боқӣ мемонад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: