Дар оянда, дар натиҷаи тағирёбии иқлим Африқои Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубӣ метавонанд ба минтақаҳои хатарнок барои ҳаёти инсон табдил ёбанд, менависад CNN бо истинод ба таҳқиқоти Донишгоҳи Пурдю.
Олимон инро ба зичии зиёди аҳолӣ дар ин минтақаҳо ва аксаран маҳдуд будани дастрасии кондитсионерҳо марбут медонанд, хабар медиҳад tass.ru.
Тибқи маълумоти Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола тақрибан 489 000 нафар аз гармӣ мефавтанд. Бо вуҷуди ин, CNN гуфт, ки шумораи фавтидадагон метавонад бештар бошад, зеро қайдкунии марги вобаста ба гармӣ ба таври маълум душвор аст.