Нусрат Раҳмат 3-юми июли соли 1941 дар деҳаи Қӯшмасҷид таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаб шомили Донишкадаи давлатии кишоварзии Самарқанд мегардад.
Нусрат Раҳмат 3-юми июли соли 1941 дар деҳаи Қӯшмасҷид таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаб шомили Донишкадаи давлатии кишоварзии Самарқанд мегардад.
Пас аз хатми боргоҳи таълимӣ муҳаббат ба журналистика ӯро ба идораи рӯзномаи «Ленин йӯли» (ҳоло «Зарафшон») овард. Сипас дар рӯзномаҳои «Қишлоқ ҳақиқати», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати», нашриёти «Меҳнат» дар вазифаҳои гуногун кор кард.
Нахустин китобчаи ӯ «Агар табиатро дӯст дорӣ» соли 1975 нашр шуд. Сипас, қариб бист номгӯй асар навишт ва дар байни мухлисон маҳбубият пайдо кард. Воқеан, «Насиҳат ба фарзанд» ном китоби вай ҳашт маротиба рӯйи чопро дидааст. Чанде пеш «Ҷадид» ном романи нависанда чоп шуд, ки ба маърифатпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бахшида шудааст. Аҷибаш дар он, ки китоб дар жанри ғайриқолибӣ ва услуби нав эҷод шуда, муаллиф онро «Ҳикояҳо аз рӯзгори Беҳбудӣ» номидааст. «Қаҳрамони ман Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳамагӣ 44 сол умр дид», – навиштааст дар пешгуфтори китоб муаллиф. – Аммо ӯ тавонист дар ин муддати кӯтоҳ бо озодандешӣ ва даъват ба илму маърифат ҳамчун шахси таърихӣ ба худ ҳайкал гузорад.
Ин маърифатпарвар соли 1919 ҳангоми азми сафар ба Маккаву Мадина дар шаҳри Қаршӣ ваҳшиёна кушта шуд. Ғайр аз ин, солҳои тӯлонӣ ба ӯ тамғаи «душмани халқ»-ро зада буданд.
Дар омади гап таъкид кардан бамаврид аст, ки Нусрат Раҳмат барои абадӣ гардондани номи ин маърифатпарвари бебоку дурандеш хидмати шоён кардааст. Бо талош ва давутози зиёди ӯ Маркази минтақавии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони таълими халқи вилоят номи Беҳбудиро гирифт ва муҷассамаи ӯ, ки мебоист дар майдони Регистон ҷой бигирад, дар ҳавлии донишкада, бо хайрхоҳии собиқ директори он Азиз Аминов (равонаш шод бод!), гузошта шуд.
– Аз сарвари давлатамон сипосгузорам, ки дар Муроҷиатномаи худ таъкид кард, ки 145-солагии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ тантанавор ҷашн гирифта шавад, – суҳбатро идома дод муаллифи роман. – Умед аст, ки барои абадӣ гардондани номи ин марди шариф корҳои ибратбахш ба фарҷом мерасанд.
– Устод, ба чӣ хотир асар номи «Ҷадид»-ро гирифт? – пурсидем аз ӯ.
– Маънои калимаи «ҷадид» «нав» аст. Вале ин ибораро миссионерон ва мутаассибон ба мақсади таҳқир истифода бурдаанд. Ба назарам, бо гузашти айём, ин калима ба маънои аслии худ баргашт.
– Ҳангоми мутолиаи китоб шоҳиди истифодаи калимаву ибораҳои тоҷикӣ гардидем.
– Дуруст гуфтед. Қаҳрамони ман Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар гузари тоҷикнишини Бахштеппа чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Агар шумо асарҳои ӯро варақ занед, ҷумлаҳояш бо туркии қадимӣ ва форсӣ омехтаанд. Камина низ ҳарчанд бо забони тоҷикӣ озод ҳарф мезанам, аммо аз навиштани чизе бо ин забон меҳаросам. Ба забон беэътиноӣ кардан гуноҳи азим. Асари «Пирӯзнома»-и аллома Ибн Синоро аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума кардаам. Аз асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон баҳра мебардорам.
– Чӣ сабаб шуд, ки шумо аз маърифатпарварони самарқандӣ маҳз Маҳмудхоҷа Беҳбудиро интихоб намудед?
– Солҳои донишҷӯӣ яке аз китобҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ба дастам афтода буд. Онро бо шавқ мутолиа намудам. Дертар бо ҳаёт ва фаъолияти серпаҳлӯ ва фоҷиаангези ӯ шинос шуда, ҳурматам ба вай афзуд. Шояд аз ҳамин сабаб ба омӯхтани зиндагиномаи ин марди шариф, яке аз аввалин журналистони маҳаллӣ, драманавис, забондон, мутарҷим, муаллим, муҳаррир, яъне ҷадиди пешқадам пардохтам. Ҳатто ба ин хотир ба Туркия, Боку, Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон, ки ин марди бедорфикр рафтааст, сафар кардам.
Кӯрдилони аз маърифат дур ӯро «кофир», «бехудо» гуфта асир гирифтанд ва бо фармони амир Олимхон ҳамроҳи ду нафар дӯсташ – Ҳамроҳқул ва Мардонқул Ҷомӣ куштаанд.
Эҳтимол шумо хабар доред, ки дигар маърифатпарварони самарқандӣ, аз ҷумла Шакурӣ дар маҳбаси Тошканд ҷон ба Офаридгор супурд. Ҳоло то имрӯз ҳеҷ кас намедонад, ки қабри вай дар куҷост. Ҳоҷӣ Муин дар бешазори Русия нобуд шуд. Саидризо Ализода дар маҳбаси шаҳри Николаев соли 1945 аз беморӣ вафот кард.
– Дар эҷодхонаи шумо қариб 200 намуди қошуқ ба гурӯҳҳо, бо назардошти қитъаҳои дунё, тақсим карда гузошта шудаанд.
– Бинед, ҳар як кишвар ва халқи ҷаҳон чумчаҳои аҷибу нотакрори худро доранд. Афсӯс, мо, ба ҷойи қошуқҳои чӯбин қошуқҳои алюмин ё пластмассагинро истифода мебарем. Гузаштагони мо аз дарахти тут ё чормағз қошуқ тарошидаанд, ки суди зиёд дошт.
Боре, вақте дар шаҳри Тифлис будам, чумчаеро харидам, – гуфт ӯ ва чумчаеро нишон дод, ки як тарафаш чумча, тарафи дигараш чангак буд. Шояд ҳозир чунин нусха дар Гурҷистон набошад. Чумчаи ҳазорсоларо аз Исроил овардаам. Соҳибхона бо ифтихор боз як қошуқро ба даст гирифта, гуфт, ки туҳфа аз адиби машҳур Чингиз Айтматов аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.