СУҲБАТИ ХОТИРМОН

Чанде пеш дар хонаи омӯзгорони мактаби рақами 30-юми деҳаи Сойихурди ноҳияи Нурато 15-20 нафар омӯзгор саргарми корҳои таълим будем.

Соат аз сеи рӯз гузашта буд. Ҳамин дам яке аз омӯзгорон хабар расонд, ки ходимаи рӯзномаи «Овози тоҷик» Саодат Бекназарова омад. Ҳама дастҷамъона қаламу қоғази худро ғун карда, мунтазири суҳбати муаллима шудем.
Баъди чанде муаллима ба коргоҳи омӯзгорон ворид шуд. Мутаассифона, дертар шуда буд, вагарна бо иштироки талабагон суҳбати умумии мактабиёнро ташкил менамудем. Чунки мо – омӯзгорон чанд рӯз пештар сари обунаи рӯзнома маслиҳат карда будем. Маълум буд, ки якчанд муаллим ба «Овози тоҷик» обуна шуданӣ ҳастанд.
Муаллима чанд сухан дар бораи кори рӯзнома иброз дошта, гуфт, ки рӯзнома оинаи миллат аст ва табақаи зиёии ҷомеа, бахусус омӯзгорони мактабиро ба тарғибу ташвиқи маъракаи обуна ҳоҷат нест. Бояд худи онҳо дар ин маъракаи дору гир бевосита фаъол иштирок намоянд. Ҳамчунин аз ваъдаҳои мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Алишер Шокиров моро огоҳ намуд.
Ба саволҳои омӯзгорон доир ба бурду бохти рӯзнома ҷавобҳои мушаххас гардонид. Аз ҷумла, аз ҳамаи омӯзгорон хоҳиш намуд, ки андешаҳояшонро бо мақсади гуногунмавзуъгии маводи рӯзнома ба суроғаи он ирсол намоянд. Ҳамчунин вуҷуд доштани сайт ва почтаи электронии рӯзномаро хотиррасон намуд.
Хуллас, суҳбати мо бо апаи Саодат хеле тӯл кашид. Аз ҳар хусус гуфтугӯ ба миён омаданд. Аз рафти суҳбат аён буд, ки омӯзгорон чандин вақт чунин як суҳбати хотирмонро бо ходимони рӯзнома орзу доштанд. Дар хотима аксари муаллимон ваъда доданд, ки дар соли ҷорӣ дар маъракаи тарғибу ташвиқ ва номнависи рӯзнома беш аз солҳои пеш иштирок менамоянд.

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато.

Вилояти НАВОӢ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: