СУҲБАТИ РӮЙИ САНГ

(Ба устод Нормат Норқулзода бахшида мешавад)

Мӯйсафед, ки синнаш аз навад гузаштааст, ҳар рӯз чандин маротиба, ҳавлиро давр мезанад. Ин ҳол гӯё одати ҳаррӯзаи ӯ гаштааст. Вай дарахтони туту гелос, зардолуву бодом, шоҳтути бо дастони хеш коридаро бо дастони ларзон палмосида ба чӣ андешаҳо меравад. Ҳарчанд чашмонаш рӯшан намебинанд, медонад, ки дар куҷо кадом дарахтро корида буд. Сипас, бе асову бе муттако аз дарвоза баромада, рӯйи санги паҳне мешинад. Раҳгузарон «салом, муаллим», «салом, домулло» гӯён аз наздаш гузашта мераванд. Азбаски гӯшаш ҳам вазнин аст, саломи онҳоро намешунавад. Агар яке аз рӯйи эҳтиром наздаш ояд, кӣ буданашро мепурсаду баъзан ӯро ба нишастан даъват мекунад. Бо мӯйсафед суҳбат кардан хеле мушкил, зеро бояд бо тамоми овоз сухан гуфт.  
– Ассалому алайкӯм, домулло.
– Шумо кӣ, нашинохтам? Баландтар гап занед, нағз намешунавам. Вақтатон бошад, як дам шинед, аз ин тараф - он тарафи дунё гап занед. Зиқ мешавам, дилам аз танҳоӣ гӯё мекафад. Газетаву журнал хонда наметавонам, телевизор ҳам намебинам, – чашмонам нағз намебинанд, овози радиоро намешунавам, гӯшҳо ҳам хуб не. Ҳамсолонам ҳама гузаштанд, танҳо усто Исмоил мондааст. Пиронсолӣ осон набудааст, – қариб ҳар рӯз ин суханонро такрор мекунад мӯйсафед. 
– Хуб ҳастед? Саломатӣ нағз?  – мепурсам овозамро сар дода. 
– Шумо Ҳоҷӣ домулло-мӣ? – вай мани аз зиёрати хонаи Худо баргаштаро бо эҳтиром чунин меномад. 
– Баландтар гап занед. 
Ман кӯчаро ба сар бардошта, бо овози баланд ҳарчи медонам, ба ӯ мегӯям. 
Баъд устод суханро ба самти адабиёт мебарад. 
Болои як байти Ҳофиз бисёр андеша мекунам. Он байтро бояд шумо ҳам донед: 
Киштинишастагонем, 
эй боди шурта бархез,
Бошад, ки боз бинем,
 дидори ошноро.
Ба фикри шумо, шоир «киштинишаста» гуфта бошад ё «киштишикаста»? Ба ақидаи ман, Ҳофиз « киштинишаста » гуфтааст. 
Ва мӯйсафед андешаҳои хешро дар ин мавзуъ иброз медорад. Муболиға нест агар гӯям, ки  шеърдониву шеърфаҳмии ӯ касро ба ҳайрат мегузорад.
Нормат Норқулов аз нахустин омӯзгоронест, ки соли 1957, пас аз хатми факултаи математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Тарас Шевченкои Тоҷикистон ба зодгоҳ баргашта, дар мактабҳои 3, 5, 1, 2 ва 33-юми ноҳияи Бойсун ба шогирдон аз ин фан дарс гуфтааст. Вай устоди ман низ ҳаст. Муаллими сахтгиру донишманд буд. Бештар бо бачаҳои аълохон сарукор дошт. Рафту мисолу масъалаҳои устод супоридаро дар хона кор карда натавонем, ҳатман сиёҳнависи онро талаб мекард. «Бинем, дар куҷо хато кардаӣ?» – мегуфт. Вай бо ин роҳ ростқавлии шогирдонашро низ имтиҳон мекард. Агар нишон дода тавонед, хуб, вагарна ҷазо мегирифтед. Ин буд, ки ҳама дар дарси риёзӣ ором нишаста кӯшиш мекарданд аз муаллим чизе омӯзанд. Гоҳо мо бачагони мактабхон аз баъзе гуфтаҳои вай дар тааҷҷуб мемондем. Ӯ рӯ ба тахтаи синф: «Сафар, ман туро бо чашмони пушти сарам мебинам, ки ба дарс эътибор намедиҳӣ», – мегуфт. Мо – хонандагони хурдсол, бовар доштем, ки устод дар пушти сараш ҳам чашм дорад. 
Ҳангоми дар синфи ҳафтум хондан воқеаи аҷибе рух дод, ки ҳамсинфон то ҳол онро ба ёд оварда, механданд. Муаллим Норқулов кори контролӣ мегирифт. Мо бояд чор мисолу як масъаларо ҳал мекардем. Ман аълохон ва сардори синф будам. Пас аз ҳалли мисолҳо ба иҷрои супориши панҷум шурӯъ кардам. Мутаассифона, ба иштибоҳ роҳ додам. Дарҳол онро ба қавсайн гирифта, дар поварақ ислоҳ намудам. Муаллим ҳангоми давр зада муоина кардан  лаҳзае дар дафтарам нигоҳ дӯхт. Сипас, оромона  маро бо ду даст бардошта аз ҷоям хезонд ва назди понздаҳ партае, ки дар синф гузошта шуда буд, бурда: «Инро бин, инашро ҳам бин, мана ба ин ҳам нигоҳ кун» – гуфта итоб кард. Мани аз асли ҳол бехабар худро таҳқиршуда ҳисобида инони гиряро сар додам ва: «Муаллим, ман чӣ гуноҳ кардам?» – гуфтам.
– Боз чӣ гуноҳ кардам мегӯяд! О ту агар сода набошӣ, ба инҳо намегӯӣ, ки ҳама мисли ман кори хаторо дар қавсайн нагиред. Яктоат дар чоркунҷа гир, дигарат хат зан, сеюмӣ кӯр кун ва ҳоказо. Айбат ҳамин, ки ту хато кардиву дигарон хатои туро рӯбардор кардаанд, акнун фаҳмидӣ гуноҳатро?! – бо қатъият посух дод муаллим. Ман, ҳарчанд дар ин кор худро бегуноҳ меҳисобидам, аз тарс «Дигар такрор намешавад, муаллим» – гуфта халос хӯрдам. Вақти танаффус гурӯҳе аз духтарон бо таассуф ба ман менигаристанд, бачагони ҳангоматалаб бошанд, ба ҳолам  базавқ механдиданд. 
Гарчи аз устод ҷазо гирифтам, вале ғуруре маро тасаллӣ медод; ба ҳар ҳол ман  хонандаи пешқадам ҳастам. 
Баъдтар худ низ омӯзгор ва бо тақозои тақдир бо устод ҳамкор шудам. Тӯли чанд соли кори якҷоя ба иродаву матонат, масъулитшиносиву қатъияти муаллим қоил мегаштам. Боре ҳам нашудааст, ки ӯ дарсашро монда, ҷое рафта бошад. Бисёр мешуд, ки на танҳо дастонаш, балки шиму костюмаш ҳам аз бӯр сафед мешуданд, вале ба ин эътиборе ҳам намедод. 
Замони шӯравӣ мисолу масъалаҳои имтиҳонҳои давлатӣ аз фанни математика дар лифофаи  алоҳидаи муҳрдор ду-се рӯз пеш аз имтиҳон ба мактабҳо тақсим карда мешуданд. Муаллимон бо супориши директор онро кушода бо мисолу масъалаҳо ошно мегаштанд. Боре дар чунин лифофа мисолу масъалаҳое буданд, ки кулли мутахассисони ин соҳа дар ҳалли онҳо оҷиз монданд. Ва аммо бо кумаки устод ин мушкилот ҳалли худро ёфт. Ба заковату дониш вай аксар қоил буданд ва бо як овоз ӯро устоди худ медонистанд.
– Муаллим, медонам, ки чандин боғ сабзонда ба фарзандон бахшидаед. Анвои дарахтоне, ки боғҳои шуморо зеб медиҳанд, дар дигарон нестанд. Сир дар чист? – мепурсам аз ӯ бо овози баланд.
– Падарамро шумо шояд намедонед, аммо боғи Норқулбойро шунидаед ё дидаед.
– Онро нағз медонам, дар домани деҳаи Ширинободи гузари Сафедхокӣ, наздикии Деворбарс буд. Солҳои бачагӣ мо аз он ҷо алаф мекашондем, аз меваҳояш баҳраманд гашта, баъзан аз ангури кишмишу ҳусайниаш «дуздӣ» ҳам мекардем, – гуфтам хандида.
– Ҳа-а, дар хотир доштаед. Ана ҳамон боғ аз як гектар зиёд. Тамоми току дарахтони онро падарам худаш сабзонда буд. Ҳар гоҳе об бастанӣ шавад, ҷӯраҳоро ҷеғ зада, бузғолаеро кушта зиёфат медодааст ва баъд ҳамаашонро барои обронӣ то деҳаи Авлод қаровул мегузоштааст. Дар Бойсун масъалаи об аз қадим сахту ҷанҷолӣ буд. Ана ҳамин тавр, бо меҳнати ҳалол боғро сарсабз карда буд, он дар даври шӯроҳо  мулки колхоз гашт. Падарам беле дошт, ки дастааш аз заранг буд. Онро ба ҳеч кас намедод, барояш азиз буд. Пеш аз вафот васият карда будааст: «Касе қабрамро бо ҳамин бел канад, он ҳаққи ҳалоли ӯст». Ва ҳамин тавр ҳам шуд, бел ба ҳамдеҳаамон Хурсандбой насиб гашт. 
Ман он солҳо кӯдак будам, вале ба корҳои деҳқонии падарам эътибор медодам. Чӣ тавр пайванд кардан, токбурӣ, ҷӯякашӣ, побелкуниро аз ӯ омӯхтаам. Ростӣ, агар гӯям, ки падарам бо ниҳолу дарахтон суҳбат карда метавонист, муболиға намешавад.  
Устод баъди шарҳи ин мавзӯъ суҳбатро боз ба адабиёт мепайвандад:
– Ман солҳои донишҷӯӣ аз суҳбатҳои Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар барин шоирону адибони машҳур баҳравар шудаам. Аз нисф зиёди достони «Ҷони ширин»-и  Турсунзодаро ёд медонистам. Бачаҳои ин замон чаро шеър намедонанд?  Дар дасташон доимо телефон. Ин амали хуб нест. Нағз мебуд, ки китоб хонанду адабиётро дӯст доранд. Он дар қалби инсон тухми одамият, эҳтиром ба инсон ва маърифатро мекорад, – мегӯяд ӯ.
Ман бо ин марде, ки қариб садсола асту бемуболиға панҷоҳ дарсади омӯзгорони риёзии ноҳияи Бойсун дастпарварони ӯянд, ноилоҷ хайрухуш кардам ва хостам кумакаш кунам, то ба кулбааш беосеб бирасад. Аммо рад кард. 
– Лозим нест, оҳиста-оҳиста худам меравам, лекин шумо пагоҳ ҳам биёед, гапҳои гуфтанӣ бисёр, – гуфта бо қомати камон  дастонашро ба чашмон соябон сохта, як-як қадамзанон сӯйи кулбаи хеш равона шуд. 
Худо насиб карда бошад, мо, албатта, боз суҳбати рӯйи сангро давом хоҳем дод...

Раҳматуллоҳи ШОҲИМАРДОН, омӯзгори собиқадор аз 
ноҳияи Бойсун, 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: