Суҳбати телефонии Президентони Ӯзбекистон ва Туркманистон

8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

8-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Сарони ду давлат дар рафти суҳбат рӯзномаи вазифаҳои муҳими дуҷонибаро дақиқ муҳокима карданд, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Қайд гардид, идома додани муколамаи фаъоле, ки ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстию бародарии чандинасраи халқҳои ӯзбеку туркман, муносибати некҳамсоягӣ ва ҳамкории стратегӣ нигаронида шудаанд, басе муҳим аст.
Ба зарурати пеш бурдани лоиҳаҳои ҳамкории амалӣ, қабл аз ҳама, дар соҳаи савдо, кооператсияи саноатӣ, энергетика, транзит, хоҷагии деҳот ва дигар соҳаҳои калидӣ, ба мақсади пурсамар муқовимат нишон додан ба оқибатҳои паҳншавии бемории коронавирус, рӯйи эътибор гардонда шуд.
Дар ин қарина натиҷаи пурсамари машваратҳои сиёсие, ки моҳи гузашта сарони идораҳои сиёсии ду давлат баргузор намуданд, баланд арзёбӣ гардид.
Дар рафти суҳбат Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон рафти иҷрои қарору шартномаҳоеро, ки дар натиҷаи Вохӯрии машваратии навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи ноябри соли сипаригардида дар Тошканд ба тасвиб расида буданд, муҳокима намуданд.
Бо мамнуният қайд гардид, ки муколамаи пурсамар дар доираи ин формати муҳим, ба ҳукми анъана медарояд.
Ба сифати самтҳои устувори ҳамкории бисёрҷанбаи минтақа соҳаҳои бехатарӣ, иқтисодиёт, инноватсияҳо, нақлиёт, илм, таълим, сайёҳӣ ба забон гирифта шуданд.
Сарони давлат ба ривоҷи воқеаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд. Қайд гардид, ки вазъияти ин мамлакат бояд тибқи Конститутсияи Қирғизистон зуд барқарор карда шавад.
Нақшаи чорабиниҳои дар сатҳи олии оянда таҷдиди назар шуданд.
Суҳбат чун ҳамеша самимӣ, конструктивӣ ва дӯстона сурат гирифт.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: