СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА БЕЛАРУС

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 август бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ дошт.

Дар оғози суҳбат роҳбари давлат ба Александр Лукашенко ва тамоми халқи бародари Белорус барои пазироии гарм ва самимӣ, ки зимни аввалин ташрифи расмии бомуваффақият анҷомёфтаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Беларус зоҳир гардид, миннатдории самимӣ изҳор кард. 
Роҳбарони ду мамлакат бо қаноатмандии том таъкид карданд, ки анҷумани Ӯзбекистону Беларус муносибати бисёрҷанбаи дуҷонибаро ба дараҷаи сифатан нав бардошта, онро бо муҳтавои дақиқи амалӣ пурра сохт. 
Аз он ҷумла, натиҷаи босамари Анҷумани минтақаҳо ва Намоишгоҳи миллии саноатии Ӯзбекистон дар Минск, ки дар поёни он қарордодҳои содиротиву воридотӣ дар бораи муоҳидаҳои ҳамкории корхонаҳои пешқадам ба ҳаҷми умумии қариб 300 миллион доллар ба имзо расиданд, олӣ арзёбӣ гардиданд. 
Президентҳо аҳамияти идома додани табодули фаъолро дар соҳаҳои илм, таълим, маданият ва санъат таъкид карданд.
Зикр шуд, ки Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон дар Беларус дар доираи ташриф ва гузошта шудани пайкараи шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ дар пойтахти Беларус ба мустаҳкам гардидани муносибати дӯстӣ ва амиқсозии ҳамдигарфаҳмии байни халқҳоямон мусоидат намуд. 
Зимни суҳбати телефонӣ чорабиниҳои аввалдараҷа муҳокима гардиданд, ки ба татбиқи амалии шартномаҳои бадастомада ва ҳуҷҷатҳои дар асоси «харитаи роҳ» қабулгардида нигаронда шудаанд. 
Ба афзудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва инноватсионӣ эътибори алоҳида нигаронида шуд. Аз он ҷумла сухан дар бораи пеш бурдани лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои кооператсия дар ҷанбаҳои гуногуни иқтисодиёт дар асоси технология ва дониши  пешқадами корхонаҳои Беларус рафт. 
Дар поёни суҳбат Президент Шавкат Мирзиёев Президент Александр Лукашенкоро даъват намуд, ки аз мамлакатамон дар фурсати барояш муносиб бо ташрифи расмӣ боздид ба амал оварад.
Роҳбарони давлатҳо қатъӣ будани саъю кӯшишашонро бобати рушди минбаъдаи ҳамкории фарогир ва мустаҳкамсозии муносибати дӯстона байни Ӯзбекистон ва Беларус собит намуданд.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: