СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БА АМАЛ ОМАД

20 март мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев баргузор шуд.

Дар оғози суҳбат Президенти кишвари мо Касим-Жомарт Токаевро бо ибтидои кораш дар вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон самимона муборакбод намуда, ба ӯ дар ин мансаби баланди давлатӣ комёбиҳои минбаъда орзу кард. 
Ин бори дигар эътимоди бузурги фарзанди бузурги Қазоқистон, Нахустин Президент Нурсултон Абишевич Назарбоев ва тамоми халқи Қазоқистонро ба Президенти нави мамлакат  равшан нишон медиҳад.
Таҳкими мустақими риштаҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни ду кишвар ва халқи бародар, амиқсозии муносибатҳои шарикии стратегӣ дар давраи нав, ҳамчунин вусъатёбии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи амалии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид. 
Соли гузашта – дар Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон нишондиҳандаҳои рекордии табодули мол ба даст омаданд, лоиҳаҳои нави кооператсионӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт татбиқ шуданд, робитаҳо дар сатҳи тиҷорат ва минтақаҳои ду мамлакат, аз ҷумла алоқаҳои маданиву инсонпарварӣ фаъолтар гардиданд.
Дар доираи Соли Қазоқистон, ки соли равон дар Ӯзбекистон гузаронида мешавад, нақшаи муштарак бо барномаҳои зиёди чорабинӣ қабул гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат муҳимияти татбиқсозии комили шартномаҳои дараҷаи олиро таъкид намуданд.
Ҳамчунин бинобар масъалаҳои рӯзмарраи сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев ба роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев барои дархостҳои самимиаш миннатдории амиқ изҳор намуда, зикр сохт, ки ба идома додани мулоқоти фаъол дар сатҳи олӣ омода мебошад.
Дар анҷоми суҳбат сарони давлатҳо ба муносибати ҷашни баҳории Наврӯз якдигарро самимона муборакбод карданд ва қатъияти дуҷонибаро барои мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ҳамчунин беҳтар намудани ҳамкориҳои васъмиқёсро ба манфиати ду кишвар ва халқи бародар, сулҳу салоҳ ва пешрафти тамоми минтақа таъкид карданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: