СУҲБАТҲОИ САМИМӢ МАРДУМИ НОҲИЯРО РӮҲБАЛАНД НАМУД

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратулло Рафиқов, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии оила ва занон Озода Парпибоева ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ба ноҳияи Сӯх ташриф оварданд.

Онҳо бо иншооти нави иҷтимоӣ дар ноҳия ошно шуданд ва бо аҳолӣ суҳбат карданд. 
Меҳмонон нахуст бо сохтмони истироҳатгоҳи замонавии бачагон шинос шуданд, ки ба маблағи 29 миллиард сӯм дар маҳаллаи Истиқлоли ноҳия сохта шуда истодааст ва масоҳати он 4,9 гектарро ташкил мекунад. 
Мувофиқи тавсияи раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба истироҳатгоҳи мазкур бояд то 1 июни соли ҷорӣ ба истифода дода шавад ва тамоми сол ба макони доимии машғулиятҳо табдил ёбад, инчунин дар фароғату солимгардонии кӯдакону наврасон ҳамеша бояд мусоидат намояд. Қ.Рафиқов бо як гурӯҳ собиқадорони меҳнат низ суҳбат кард. Дар ин суҳбат зикр гардид, ки сохтмони осоишгоҳи нурониён босуръат идома дошта, соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Қ.Рафиқов рафти сохтмони гармхонаҳо дар мавзеи “Ҷавпая”-и ноҳияро аз назар гузаронид. Вай бо шахсоне, ки аз ин мавзеъ барои сохтмони гармхонаҳо замин ҷудо карда додаанд ва бо ёварони минтақавии ҳокими ноҳия суҳбат орост. Маълум шуд, ки аллакай дар майдони 10-сотихӣ сохтмони гармхонаҳо анҷом пазируфта, ниҳолҳои лимӯ ва кӯчатҳои помидору бодиринг, қаламфур ва карам нашъунамо меёбанд.
Дар толори Кохи фарҳанг бо иштироки раисони 27 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия, ёварони ҳоким, сарпарастони ҷавонон, занону духтарони фаъол ва аҳли ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ, ки дар шакли як муколамаи самимӣ сурат гирифт, ба 27 нафар занони фаъол, ки дар асоси озмунҳои кушод ба кор гирифта шудаанд, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ноутбукҳо тақдим карда шуд.
Қудратулло Рафиқов изҳор намуд, ки аз ибтидои  соли гузашта ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба дар байни намояндагони соҳаҳои мухталиф озмун роҳандозӣ шудааст. Аммо барои ноҳияи Сӯх номинатсияи алоҳида ҷорӣ мегардад. 
Маълум шуд, ки миёни раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо, ёварони ҳокими ноҳия, сарпарастони ҷавонон ва занони фаъол барои беҳтарин нишондоди сол се нафар ғолиб муайян карда шуда, онҳо бо мошини сабукрав сарфароз карда мешаванд. Ҷойи аввал соҳиби мошини русуми Lacetti, ҷойи дуюм соҳиби мошини  русуми Cobalt ва ҷойи севвум соҳиби мошини  русуми Спарк хоҳад шуд. Бо пешниҳоди Хайрулло Бозоров намояндагони маҳаллаҳои Чӯнғараи ноҳияи Риштон, маҳаллаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона низ дар ин номинатсияҳо метавонанд ширкат кунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: