Сӯҳроб – соҳиби Гран-прӣ

Скрипканавози гурӯҳи чоргонаи скрипканавозони бахши бухорогии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон Сӯҳроб Шарофов дар Фестивали онлайни байналхалқии Украина бо муваффақият иштирок намуда, соҳиби Гран-прӣ гардид.

Скрипканавози гурӯҳи чоргонаи скрипканавозони бахши бухорогии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон Сӯҳроб Шарофов дар Фестивали онлайни байналхалқии Украина бо муваффақият иштирок намуда, соҳиби Гран-прӣ гардид. 
Сӯҳроб соли 1982 дар шаҳри Бухоро ба дунё омад. Дар таълимгоҳи мусиқии рақами 5-ум тарбия гирифт. Ӯ ба ҳунарҳои зебо, хусусан, мусиқӣ дил бохт. Скрипкаю пианинонавозиро аз устодонаш Э. Гулкоров ва Г. Киселёв омӯхт. Ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳи санъати ба номи М. Ашрафии Бухоро аз устодаш Ҷамшед Ҳамидов ва дигарон асрори ҳунар омӯхт. Чор сол дар Консерваторияи давлатии Тошканд таълим гирифт. Дар озмунҳои ҳунарии зиёд иштирок намуд. 
Соли 2014 ӯро ба шуъбаи вилоятии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ба кор таклиф карданд. Вай аз ҳамон вақт ин ҷониб дар шабнишинию ҷамъомадҳо, иду маросимҳои гуногуни сатҳи шаҳрию вилоятӣ иштирок намуда, бо ҳунарнамоиҳои пурҷозибааш меҳмонону мизбонони шаҳрро пайваста шод мегардонад. Тавре ки таъкид шуд, ба қарибӣ дар ҳаёти вай воқеаи фаромӯшнашаванда рух дод. Сӯҳроб бо асари Бежани Муртазавӣ «Тӯфон» дар Фестивали онлайни байналхалқии Украина иштирок карда, соҳиби Гран-прӣ гардид.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: