СҲИР РЕЙТИНГИ ӮЗБЕКИСТОНРО БИНОБАР ТАСНИФИ ДАРАҶАИ ХАВФИ ҚАРЗИ МАМЛАКАТҲО БЕҲТАР ГАРДОНД

1 феврали соли равон дар Париж натиҷаҳои ҷамъомади гурӯҳи корбастҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) бинобар баҳодиҳӣ ба хавфи қарзи мамлакатҳо эълон карда шуданд.

Бинобар ҷамъбасти ҷамъомад Ӯзбекистон мавқеашро беҳтар гардонда, бинобар таснифи дараҷаи хавфи қарзи мамлакатҳо аз гурӯҳи шашум ба панҷум гузашт. 
Мувофиқи қоидаҳои СҲИР, гурӯҳе, ки ба таркибашон агентиҳои содиротиву вомӣ ва дигари мамлакатҳои аъзои Созмон дохил мешаванд, дар як сол якчанд маротиба барои баҳодиҳӣ ба тағйиротҳои асосӣ ва ислоҳоте, ки дар мамлакатҳои ҷаҳон татбиқ мегарданд, ҷамъ меоянд.
Рӯйихати таснифи хавфҳои мамлакатҳо дар веб-сомонаи СҲИР баъди ҳар як вохӯрӣ эълон карда мешавад. Аммо вохӯриҳо қатъӣ махфӣ ба ҳисоб мераванд. Баҳои СҲИР, ки бинобар Созишнома дар бораи вомҳои содиротии расман тарафдоршаванда дар соли 1997 аз ҷониби иштирокдорон қабул шудааст, аз рӯи ҷадвали ҳафтбала гузошта мешавад.
Дар гурӯҳи 5-ум баробари Ӯзбекистон, инчунин Озарбойҷон, Қазоқистон, Ветнам, Бразилия, Сербия, Туркия пешниҳод шудаанд.
Беҳтар гардидани мавқеи мамлакатамон дар таснифи ҷаҳонии хавфҳои СҲИР имконияти хеле коҳиш додани миқдори ӯҳдадориҳои суғуртаро бинобар вомҳое, ки Ӯзбекистон таҳти кафолати агентиҳои содиротиву вомӣ мегирад, фароҳам меорад.

ОИ «Дунё», 
ПАРИЖ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: