Сзян ЯН:ИСЛОҲОТИ ӮЗБЕКИСТОН БА РУШДИ МАМЛАКАТ МУСОИДАТ НАМУДА, БА КУЛЛИ МИНТАҚА НАФЪ МЕОРАД

Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Сзян Ян дар мусоҳиба бо хабарнигори АА «Дунё» фикру ақидаҳояшро бинобар рушди замонавии Ӯзбекистон, инчунин пешомади муносибатҳои Ӯзбекистону Чин баҳам дид.

– Пеш аз ҳама, халқи бисёрмиллати Ӯзбекистонро бо фарорасии 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии мамлакат самимона муборакбод менамоям. Ба туфайли роҳбарии оқилонаи сарвари давлат ва меҳнати боғайрати халқ Ӯзбекистон бо суръат ривоҷ меёбад ва ҳам дар бунёди давлатӣ ва ҳам дар баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ комёбиҳои бузург ба даст меорад. Боварӣ дорам, ки Ӯзбекистони дӯст ҳатман ба мақсадҳои гузоштааш мерасад.
Роҳбарияти Ӯзбекистон, хусусан бинобар беҳтар гардондани иқлими сармоягузорӣ чораҳои зиёди самарабахш меандешад. Дар мамлакат Шӯрои  сармоягузорони хориҷӣ созмон дода шуда, барои ҷалб намудани сармоя асоси ҳуқуқӣ такмил дода мешавад. Ба фикрам, ҳамаи ин ба баланд бардоштани ҷозибадории сармоягузории Ӯзбекистон хидмат мекунад.
Дар вақтҳои охир дар соҳаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, таълим, маданиву инсонпарварӣ ва ғайраи мамлакат бо муваффақият ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мегардад. Ҷолиби диққат аст, ки дар раванди ислоҳот манфиати халқ ҳамеша дар маркази эътибори ҳукумат қарор мегирад. 
Шароити таълим, манзил ва коммуналӣ беҳтар мегардад. Иқтисодиёт торафт кушод ва шаффоф мегардад. Рушди баробари саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва соҳаҳои дигар нигоҳ дошта мешавад. Ислоҳот дар Ӯзбекистон ба пешрафти мамлакат мусоидат намуда, ба кулли минтақа нафъ меорад.
Вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи байни ҶМЧ ва Ӯзбекистон, таъкид кардан муҳим аст, ки таҳти роҳбарии стратегии Раис Си Сзинпин ва Президент Шавкат Мирзиёев  шарикии ҳамаҷонибаи стратегии муносибатҳои Чину Ӯзбекистон бо суръат ривоҷ меёбад.
Равобиту мулоқоти қарин дар дараҷаи баланд дастгирӣ карда мешаванд. Сарони ду мамлакат дар майдони форумҳои дараҷаи олӣ оид ба ҳамкории байналхалқии «Як макон, як роҳ», ҳамоишҳои СҲШ ва чорабиниҳои дигари муҳим вохӯрда, бинобар рӯзномаи дуҷониба ва байналхалқӣ ҳаматарафа мубодилаи афкор намуда, оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба вазифаҳои навро муайян карданд. 
Ҷониби Чин ба рафти татбиқи созишномаҳои дар дараҷаи олӣ бадастомада баҳои баланд медиҳад. Мувофиқи омори соли 2018 Чин барои Ӯзбекистон ҷойи шарики бузурги савдоро нигоҳ дошт. Дар соҳаҳои нафту газ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ як қатор объектҳо ба истифода супурда шуданд. Имрӯз маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ аз Ӯзбекистон ба Чин содир карда мешавад.
Дар Тошканд бинобар таълими томактабӣ аввалин форуми Чину Ӯзбекистон ба амал омад. Ҳамкории дуҷониба дар чунин соҳаҳо, мисли археология, илм ва сайёҳӣ таҳким меёбад. Чунин мисолҳо зиёданд. Таъкид кардан мехостам, ки иқтидори ҳамкории сернақшаи Чину Ӯзбекистон то ба охир истифода нашудааст, пешомади он хеле васеъ мебошад. Мо омодаем якҷоя бо ҳамкорони ӯзбекистонӣ бинобар минбаъд вусъат додан ва амиқ гардондани ҳамкории ба ҳамдигар муфид, то ки онҳо ба халқҳоямон нафъи бештари воқеӣ оваранд, тамоми саъю кӯшишамонро ба харҷ диҳем.
Пешомади рушди муносибатҳо байни халқҳоямон хеле васеъ мебошад. Рушди созгори онҳо аз омилҳои зерин маншаъ мегиранд: дӯстии мустаҳкам ва равобити қарини амалӣ байни пешвоёни ду мамлакат, эътимоди тарафайни мустаҳками сиёсӣ, дараҷаи баланди якҷоя пурра кардани иқтисодиёт, тинати шарқонаи ба ҳам монанд ва қаринии маънавии ду халқ.
Аз фурсат истифода бурда, халқи Ӯзбекистонро бо фарорасии Рӯзи истиқлолият бори дигар муборакбод менамоям. Ба халқи меҳнаткаши Ӯзбекистон бахту саодат, Ӯзбекистони дӯст таҳти сарварии роҳбари доно Президент Ш. М. Мирзиёев пешрафт ва фаровонӣ металабам!

АА «Дунё».      
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: