ТАҒЙИРОТ БА КОНСТИТУТСИЯ ИРОДАИ ХАЛҚРО ИНЪИКОС МЕКУНАД

Коршиносони хориҷӣ ба рафти ислоҳоти конститутсионӣ дар Ӯзбекистон шарҳ медиҳанд.

Директори ширкати бритонии «Goliath Advisory» Илья Пайк:
– Ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон оғоз ёфтанд, мавқеи кишварро дар рейтингҳои байналмилалӣ ба таври назаррас беҳтар намуда, онро барои сармоягузорон ва тиҷорати байналмилалӣ ҷолиб гардонд. 
Лоиҳаи Конститутсия, ки 30 апрел ба овоздиҳии умумихалқӣ пешниҳод гардид, бешубҳа идомаи мантиқии ислоҳот мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи некуҳолии аҳолӣ, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва дастгирии корхонаҳои содиркунанда нигаронда шудааст.
Боиси хушнудист, ки дар тағйиротҳои воридшаванда кафолатҳои давлат оид ба таъмини дахлнопазирии моликияти хусусӣ мустаҳкам карда шудаанд. Ин ҷолибияти сармоягузории кишварро мустаҳкам намуда, асоси зинавии ободи шаҳарвандон мегардад. Инчунин гардиши озоди мол, хидмат, захираҳои меҳнатӣ ва молиявӣ ваколат дода мешавад. 
Бешубҳа, навгониҳое, ки ба овоздиҳии умумихалқӣ дар Конститутсияи навшаванда пешниҳод шудаанд, барои рушди устувори иқтисодӣ ва соҳибкории озод кафолати боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам меорад. 
Муовини якуми Бонки миллии Полша Марта Китлей:
– Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ӯзбекистон натанҳо дар ҳаёти сиёсӣ, балки дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар воқеаи муҳим аст. Махсусан тамоюлҳои низоми молиявӣ, пулию бонкӣ, ки бо боби алоҳидаи Қонуни асосӣ муайян шудаанд, такягоҳи муҳими давлати оянда мебошад. 
Қобили зикр аст, ки дар фасли алоҳидаи Конститутсияи Полша, инчунин дар Қонуни асосии навшудаи Ӯзбекистон зикр шудааст, ки кишвар низоми молиявию пулӣ ва бонкии худро дорад. Дар моддаи 227-уми Конститутсияи Полша гуфта мешавад, ки Бонки марказии давлат Бонки миллии Полша мебошад, ки ҳуқуқи истисноии муомилоти пулӣ, инчунин таъсис ва гузарондани сиёсати пулию қарзиро дорад. Раиси Бонки миллии Полшаро Сейм таъин мекунад, он наметавонад узви ҳизби сиёсӣ, иттифоқи касаба бошад, ё бо фаъолияти ҷамъиятие, ки ба шаъну шарафи мансабаш номувофиқ аст, машғул шавад.
Аз ин нуқтаи назар он чиз аҳамияти хоса дорад, ки дар моддаи 151-уми лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамоюли мустақилияти Бонки марказии кишвар дар иҷрои вазифаҳои худ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва кори  муътадили системаҳои бонк ва пардохт пешбинӣ шудааст. 
Ба ғайр аз ин, дар моддаи 149-ум муқаррар шудааст, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон низоми ягонаи андоз амал мекунад ва ҳуқуқи пеш бурдани андозҳо ба парлумони мамлакат тааллуқ дорад. 
Хушҳолем, ки дар ҷамъомади 32-юми Шӯрои директорони Бонки аврупоӣ таҷдид ва рушд, ки 16-18 майи соли ҷорӣ дар Самарқанд бо мақсади шиносоӣ бо ислоҳот дар соҳаи молиявии пулию бонкӣ баргузор мегардад, иштирок мекунам.
Профессори Донишгоҳи Жюнтендо, доктори илмҳои тиб, пажӯҳишгари минтақаи Арал Момоко Чиба (Ҷопон):
– Дар солҳои охир Ӯзбекистон ба таъмини суботи экологӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳити мусоиди табиӣ барои аҳолӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, пешгирии мушкилоти ба миён омадаистодаи экологӣ ва рафъи  оқибатҳои онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. 
Дар ин замина ҷиҳати баланд бардоштани маданияти экологии аҳолӣ ва пурзӯр гардондани фаъолияти он дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар маҳалҳо, рушди низоми назорати ҷамъиятии экологӣ, ҳали мушкилоти ба партовҳо алоқаманд, як қатор корҳои самарабахш анҷом дода мешаванд. 
Дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ӯзбекистон меъёрҳои махсус,бахшида ба таъмини ҳуқуқҳои экологии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқи ҳар як кас барои муҳити зисти бароҳат, маълумоти боэътимод дар бораи ҳолати он, ободонӣ, барқарорсозӣ ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби давлатҳое, ки мувозинати экологиро нигоҳ медоранд, ҳифзи минтақаи баҳри Арал пешбинӣ шудаанд. 
Ин меъёрҳо дар давраи замонавӣ, ки захираҳои табиӣ тамом мешаванд, тағйироти ҷаҳонии иқлим ба ояндаи инсоният бо мушкилоти экологӣ таҳдид мекунад, муҳим аст. 
Инчунин бобати вазъи мураккаби экологии минтақаи Арал, ҳифзи генофонди аҳолӣ, беҳбуди саломатии он ва таъмини рушди устувори минтақа лоиҳаҳои калонҳаҷм амалӣ карда мешаванд. 
Дар баробари ин муайян карда шуд, ки давлат барои ҳифз ва барқарор намудани низоми экологии Арал, рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа тадбирҳо меандешад. 
Боварӣ дорам, ки дар таҳрири нави Конститутсия мустаҳкам карда шудани ин меъёрҳо фароҳам овардани шароити зиндагии мусоид, баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоятро таъмин мекунад. 
Директори Донишкадаи тамаддуни исломии Малайзия Фариза ШАМ:
– Конститутсия – Қонуни асосии давлат, мағзи тамоми низоми ҳуқуқии ин ё он кишвар буда, маъно ва мазмуни дигар қонунҳоро муайян менамояд. 
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон ҷустуҷӯйи пуршиддати моделҳои рушди Конститутсионӣ идома дорад. Бешубҳа, дар пасманзари дигаргунсозиҳо ва ислоҳоти васеъмиқёси демократӣ дар Ӯзбекистон ба Конститутсия ворид намудани тағйироти дахлдор ҳолати табиӣ аст, ки ин пеш аз ҳама ба боз ҳам васеъ намудани ҳуқуқҳои Конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ хидмат мекунад.
Дар ин замина, инчунин, мехостам сатҳи хеле баланди дастгирии мардуми Ӯзбекистонро аз ғояи ислоҳоти Конститутсия қайд намоям, ки ворид шудани беш аз 220 ҳазор пешниҳод аз он шаҳодат медиҳад. 
Ба сифати намояндаи доираҳои академии Малайзия бо қаноатмандӣ қайд менамоям, ки Қонуни асосии навшудаи Ӯзбекистон масъалаҳои ҳуқуқ ва дастрасӣ ба таълим, инчунин ба омӯзгорон додани мақоми Конститутсиониро фаро мегарад.
Меъёрҳои додани озодии академӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дастгирии ташкилотҳои таълимии ғайридавлатӣ ба насли наврас имкон фароҳам меоранд, ки зиндагии худро беҳтар гардонанд, орзуҳои худро амалӣ созанд, бо азхудкунии ихтисосҳои замонавӣ мавқеи худро дар ҳаёт пайдо кунанд ва шахсияти худро ба камол расонанд. 
Бар замми ин, ташкили таълиму тарбияи фарогири кӯдакони эҳтиёҷманд дар муассисаҳои таълимӣ, ба таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар фиристодани онҳо дар Ӯзбекистони Нав таҷассуми амалии тамоюли шаъну шарафи инсон мебошад. 
Меъёре наве, ки дар бораи ҳифзи шаъну шарафи омӯзгорон, ғамхорӣ бобати некуаҳолии иҷтимоию моддии онҳо, баланд бардоштани ихтисоси онҳо ҷорӣ карда шудааст, бешубҳа, ба боз ҳам баланд шудани мавқеи иҷтимоӣ ва обрӯйи педагог дар ҷамъият, ки дар пешрафти кори таълиму тарбия нақши асосӣ мебозад, хидмат мекунад. 
Умуман, итминон дорам, ки раъйпурсии дарпешистода ва тасдиқи лоиҳаи Конститутсияи Ӯзбекистони Нав ба татбиқи вазифаҳои боз ҳам баланд бардоштани  некуаҳолии аҳолӣ ва шукуфоии иқтисодии кишвар, таҳкими иқтидори илмӣ ва рақобатпазирии он дар соҳаи маориф хидмат хоҳад кард. 
Раиси ширкати гурӯҳи чинии «Jack Technology Co., Ltd» Чжао СИНСЗИН:
– Вақтҳои охир дар Ӯзбекистон муҳокимаи умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат сурат гирифт. 
Қабули илова ва тағйирот ба Конститутсия воқеаи хеле муҳим дар ҳаёти сиёсии ҳар як мамлакат, аз ҷумла Ӯзбекистон мебошад. Ин тадбире муҳимест, ки барои татбиқи барномаи навсозии ҳамаҷонибаи идоракунии давлат ва рушди иҷтимоӣ дар асоси қонуни ва ботаваҷҷӯҳи хоса ба арзишҳои инсон мебошад. Ин кафолати он аст, ки Ӯзбекистон бо роҳи бунёди ояндаи шукуфони худ устуворона қадам мениҳад. 
Аз тарфи давлат риоя намудани тамоми меъёру нуқтаҳои Конститутсия маънои таъмини амалӣ гардидани манфиатҳои асосии халқро дорад.
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ӯзбекистон пешниҳодшуда ба он нигаронда шудааст, ки Қонуни асосии кишвар риояи ҳуқуқҳои мардуми сермиллати кишварро беҳтар таъмин менамояд. 
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ин дафъа иродаи муштараки мардум ва тамоми миллатҳои Ӯзбекистонро пурра инъикос мекунад ва барои таҳкими заминаи ноилшудан ба ояндаи беҳтар аҳамияти бузурги амалӣ ва фарогири таърихӣ дорад. 
Солҳои охир «Jack Technology Co., Ltd» шоҳиди ислоҳот ва дастовардҳои назарраси Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Боварӣ дорам, ки таҳти роҳбарии сарвари давлат саноати бофандагии Ӯзбекистон муваффақиятҳои боз ҳам калон ба даст меорад. 

АИ «Дунё».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: