ТАҒЙИРОТ БА КОНСТИТУТСИЯ ҲУҚУҚИ МАРДУМ, КАФОЛАТҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ОЗОДИИ ИҚТИСОДИРО БА ТАВРИ НАЗАРРАС ТАҲКИМ БАХШИДАНД

Равандҳое, ки дар Ӯзбекистон ба амал меоянд – дар маркази таваҷҷуҳи матбуоти хориҷӣ

Нашрҳои электронӣ ва чопии хориҷӣ равандҳои сиёсиро, ки  дар Ӯзбекистон ҷараён доранд, зуд инъикос намуда, аз ҷумла дар бораи интихоботи пеш аз муҳлати президентии ба 9 июл таъиншуда ва суханронии Президент Шавкат Мирзиёев 8 май дар мулоқот бо аъзои палатаҳои Олий Маҷлис, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва аҳли ҷомеа менигоранд.
Дар маҷаллаи амрикоии «Defense & Foreign Affairs» мақолаи «Маркази эҳёи Авруосиё»-и сармуҳаррири маҷалла ва президенти Ассостсиатсияи байналмилалии тадқиқотҳои стратегӣ (ISSA) Грегорӣ Коплӣ, ки 30 апрел дар раъйпурсӣ ба сифати нозири байналмилалӣ иштирок кардааст, чоп шудааст. Муаллиф таъкид менамояд, ки пас аз ба кишвар раҳбарӣ намудани Шавкат Мирзиёев иқтисод ва сиёсати мамлакат боз ҳам кушод ва устувортар шуд, ҳамкориҳои фаъол бо давлатҳои ҳамсоя оиди кушодани марзҳо ва гуфтушунидҳо оид ба ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ оғоз ёфт. 
Муаллиф доир ба мазмуни Конститутсияи навтаъсисшуда қайд мекунад, ки раъйпурсии конститутсионии Ӯзбекистон бо диққат омода шуда, ислоҳҳо ба Конститутсия ҳуқуқҳои мардум, кафолатҳои иҷтимоӣ ва озодии иқтисодиётро ба таври назаррас таҳким бахшиданд. 
Муаллиф хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон бо иштироки 84,54 фоиз ба тарафдории ин тағйироту иловаҳо овоз доданд. 
«Ассотсиатсияи байналмилалии тадқиқотҳои стратегӣ, ки намояндагонаш дар Ӯзбекистон овоздиҳиро мушоҳида карданд, изҳор дошт, ки ин яке аз шаффофтарин раъйҳо дар тӯли беш аз 50 соли нозирони интихобот аст», – менависад Грегорӣ Копли.
Ба гуфтаи ӯ натиҷаи муҳими стратегии раъйпурсӣ он гардид ва он нишон дод, ки «мардуми Ӯзбекистон ҳарчи бештар назоратро бар ҳувияти миллӣ барқарор менамояд ва ба қарори асили иҷтимоӣ ноил мегардад». 
Маҷаллаи «Defense & Foreign Affairs» инчунин изҳороти миссияи мушоҳидони ISSA-ро нашр кардааст. Дар он таъкид мешавад, ки раъйпурсии конститутсионии Ӯзбекистон одилона сурат гирифта, иродаи интихобкунандагонро қонунӣ инъикос кард. Раванди овоздиҳӣ бо шаффофияти ҳадди аксар ва таваҷҷуҳ ба пешгирии қаллобӣ сурат гирифт. Овоздиҳӣ оромона ва бидуни ягон қонуншикании ҷиддии мурофиавӣ сурат гирифт. 
«Дар ҳар як қитъаи интихоботӣ, ки мо дидан кардем, пайравии қатъии таъмини муҳити одилонаи овоздиҳиро мушоҳида намудем, ки он ба интихобкунандагон имкони бидуни ягон таъсир озодона ва бемамоният овоз доданро фароҳам овард. Гузашта аз ин мо шоҳиди идомаи шавқу рағбати интихобкунандагон ба иштирок дар раъйпурсӣ будем, ки дар асоси давраи тӯлонии муҳокимаи оммавии лоиҳаи Конститутсияи кишвар идома дорад», – омадааст дар изҳорот. 
Дар онлайн-нашри маъруфи итолиёвии «Eurasiaticanews» мақолаи «Президенти Ӯзбекистон интихоботи президентӣ таъин кард» чоп шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки баъди раъйпурсии рӯзи 30 апрел Президенти Ӯзбекистон бо роҳбарони палатаҳои Олий Маҷлис, ҳизбҳо, мақомоти ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин фаъолони ҷамъиятӣ мулоқот анҷом дод. «Мутобиқи моддаи 128-уми Конститутсияи навшуда сарвари Ӯзбекистон ба фармон оиди таъин кардани интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ имзо гузошт, – гуфта мешавад дар мақола. – Мувофиқи он интихоботи президентӣ дар Ӯзбекситон пеш аз муҳлат дар тӯли ду моҳ гузаронда мешавад», – хулоса мекунад «Eurasiaticanews». 
Дар сомонаи шабакаи маъруфи хабарии телевизиони Полша «SIEWIE.TV» низ дар бораи рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар Ӯзбекистон мақола нашр шудааст. Телевизион хабар медиҳад, ки дар ҷамъомади рӯзи 8 май натиҷаҳои раъйпурсии 30 апрел оид ба Қонуни асосии Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Қайд карда мешавад, ки барои иҷрои бомуваффақияти чунин вазифаи васеъмиқёс мувофиқи мақсад аст, ки дар низоми навшудаи ҳокимияти давлатӣ халқ бояд ба роҳбаре, ки ба он боварӣ дорад мандад диҳад. Дар баробари ин дар рафти мулоқот қайд гардид, ки гузарондани интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ба таъмини фаъолияти ҳокимияти давлатӣ мувофиқи талаботи конститутсияи навшуда, татбиқи пурраи тамоюли ҳокимияти халқ хидмат хоҳад кард. 
Агентии хабарии «United News of India» (UNI) низ аз баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентии Ӯзбекистон дар 9 июл хабар дод. Хабарнигори агентӣ менигорад, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба фармон имзо кард, ки мувофиқи он 9 июл дар кишвар интихоботӣ пеш аз муҳлати сарвари давлат баргузор мегардад. 
UNI инчунин хабар медиҳад, ки Конститутсияи кишвар ба сарвари давлат имкон медиҳад, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентиро дар давоми  ду моҳи баъди эълони он гузаронад. 
«Мувофиқи моддаҳои 110 ва 128-и Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва моддаҳои 66-и Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 9 июли соли 2023 таъин карда шавад», – гуфта мешавад дар фаромоне, ки дар канали расмии телеграми Президенти Ӯзбекистон нашр шудааст», – таъкид меёбад дар хабари UNI.
Як қатор нашрияҳои оммавии Ҳиндустон дар саҳифаҳои худ пайёми UNI-ро чоп карданд, ки дар он гуфта мешавад, ки интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Ӯзбекистон моҳи июл баргузор мешавад. 
Воситаҳои ахбори оммавии туркман низ равандҳои сиёсиро, ки дар кишвари мо ҷараён дорад, фаъолона инъикос мекунад, аз ҷумла агентии хабаргузории «News Central Asia» ва портали хабарии маъруфи «ORIENT» дар бораи интихоботи пеш аз муҳлати президентии Ӯзбекистон гузориш медиҳад. ВАО менависанд, ки овоздиҳӣ рӯзи 9 июл баргузор мешавад ва фармони дахлдор аллакай ба имзо расидааст. «Ҳуқуқи Президент бобати таъин намудани интихоботи пеш аз муҳлат дар таҳрири  нави Конститутсияи Ӯзбекистон мустаҳкам шудааст, ки он дар натиҷаи раъйпурсии 30 апрел қабул шуда, 1 май эътибор пайдо кардааст, – хабар медиҳад нашр. – Тағйироте, ки аз Конститутсияи навшуда бармеоянд, ба қонунгузории амалкунандаи интихобот ворид карда шудаанд». Гуфта мешавад, ки қаблан сарвари Ӯзбекистон ба Қонуни конститутсионӣ имзо кард, ки тибқи он ба Кодекси интихоботии кишвар меъёр дар бораи баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар сурати аз ҷониби Президент эълон шудани он пурра карда шуд. 
Маҷаллаи бонуфузи англисизабони Куриёи Ҷанубӣ «The Korea Post» менависад, ки сарвари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки дар Конститусияи  навшуда манфиатҳои тамоми табақаҳои аҳолӣ, иштироки фаъолонаи мардум дар таҳия ва қабули он ба тариқи раъйпурсӣ ба инобат гирифта шудааст. Ин далили он мебошад, ки ҳуҷҷат Конститутсияи ҳақиқатан халқӣ мебошад. 
Хабар дода мешавад, ки дар мулоқот таъкид гардид, ки оид ба татбиқи Конститутсияи навшуда дар ҳаёт ва таъмини иҷрои он вазифаҳо гузошта шуданд. 
«Ҳамин таъриқ Президенти Ӯзбекистон фармони дахлдорро имзо кард. Иштирокдорони вохӯрӣ эътироф карданд, ки ташаббус намунаи эҳтиром ва садоқатмандии бепоёни Президенти кишвар ба халқи ӯзбек ва тамоюлҳои демкоратӣ мебошад», – менависад маҷаллаи «The Korea Post».

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: