Ҷӯйи калоне, ки аз баландиҳо фуромада, ҷониби рост тоб хӯрдааст, Ҷарариқ ном дошта, як қатор майдон ва мавзеъҳои воқеъ дар ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошкандро шодоб, хурраму сабз гардонидааст.
Ҷӯйи калоне, ки аз баландиҳо фуромада, ҷониби рост тоб хӯрдааст, Ҷарариқ ном дошта, як қатор майдон ва мавзеъҳои воқеъ дар ноҳияи Шайхонтаҳури шаҳри Тошкандро шодоб, хурраму сабз гардонидааст. Маънояш канал – ҷӯи калоне, ки дар ҷарӣ ҳосил шудааст. Вале аз ҷариҳое, ки як вақтҳо буд, ҳоло ном мондаасту халос. Дасти гули одамӣ ба ҳамворшавии ҷойҳои нообод ва пасту баланд, ободу назаррабогардии қад-қади канале, ки номбар кардем, сабаб гардидааст.
Яке аз калонтарин маҳаллаҳо дар ноҳияи Шайхонтаҳур, айни замон, Ҷарариқ ном гирифтааст. Буриши кӯчаҳои Роҳи хурди ҳалқавӣ ва торкӯчаи чаҳоруми Тинчлик, кӯчаҳои Ҷалолиддини Румӣ, Кончиён, Маннон Уйғур, Қӯрғонча, торкӯчаи дуюми Оқсой, ки вақтҳои охир симои замонавӣ гирифтаанд, дар қаламрави маҳаллаи Ҷарариқ воқеъ шудаанд. Бинобар васеъии ҳудуд маҳалларо Ҷарариқи калон низ меноманд. Ободгариҳо дар маҳаллаи «Қаратош» низ, ки аз буриши кӯчаҳои Қаратош ва Самарқанддарвоза сар карда, то Бешёғоч доман густурдааст, бо суръат давом мекунанд. Дар маҳаллаи зикршуда 7 километр роҳҳои дохилӣ куллан таъмир ёфтанд, 5 км роҳ асфалтпӯш гашт. Умуман, дар маҳаллаҳои Қаратош ва Ҷарариқ фасади 31 манзили бисёрошёна дигаргун гашт. 5 майдончаи варзишӣ барпо гардид. Хиёбон ва гулгаштҳои нав ба қалби сокинони ин маҳаллаҳо ва меҳмонон хуррамӣ мебахшанд. Қаратош ва Ҷарариқи мо боғҳои истироҳатиро ба хотир меоранд, – мамнунии худ пинҳон намекунад аҳолии маҳаллӣ, ки дигаргуниҳоро самараи ислоҳоти кулл меҳисобад.
Дигар аз маҳаллаҳое, ки дар соҳили канали Ҷарариқ воқеъ аст, «Ҷарариқи куҳна» буда, бинобар ободонӣ ва хуррамсозиҳои вақтҳои охир мисле ба «Ҷарариқи нав» табдил ёфтааст. Кӯчаҳои Ипакчӣ ва Сойгузар шоҳкӯчаҳои замонавиро ба хотир меоранд. Чи манзилҳое, ки бо тартиби якка бунёд шудаанд манзилҳои бисёрошёна ва объектҳои иҷтимоӣ аз торафт зебою дилорошавии яке аз қисматҳои «шаҳри куҳна»-и пойтахт гувоҳӣ медиҳанд.
Аз хати буриши Роҳи ҳалқагарди автомобилӣ ва кӯчаи Зангиато то кӯчаи Кӯксарой маҳаллаи «Ибни Сино» ҷойгир шудааст. Лифтҳо дар 21 манзили бисёрошёнаи маҳалла аз таъмир бароварда шуданд. 2 километр роҳи дохилӣ мумфарш гардид. Дар қад-қади кӯча ва гузарҳои маҳалла бештар аз 1000 бех ниҳолҳои меванок ва манзаравӣ шинонда шуданд.
Маҳаллаи «Гулобод», ки аз хати буриши кӯчаҳои Лайлитӯғон ва Берунӣ то кӯчаи Гулобод ва мавзеи Гулободро фаро гирифтааст, аз файзи баҳори имсола гӯё таровати нав пайдо кард. Дар саҳн ва ҳавлиҳои манзили бисёрошёнаи рақами 84-ум, муассисаи таълимии рақами 343, беморхонаи клиникии бачагонаи рақами 4-ум гулзорҳои нав худнамоӣ менамоянд. Гузари наве ба истифода супурда шуд ва нонвойхона, сартарошхона ва дигар объектҳои иҷтимоӣ дари худ боз намуданд. Китобхонаи нав низ дӯстдорони илм ва адабиётро ба худ мекашад. Дар қад-қади кӯчаи Генерал Узоқов тақрибан 1,5 ҳазор бех ниҳолҳое, ки имсол шинонда шудаанд, нашъунамо доранд. Умуман дар «Белтепа», «Камолондарвоза», «Ӯзбекистон», «Сузукота», «Ӯрда», «Бӯстон», «Оқлон», «Кӯкчадарвоза», «Зангиота», «Лабзак», «Маннон Уйғур», «Боғкӯча» барин маҳаллаҳои ноҳияи Шайхонтаҳур 28 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш, пешорӯи 117 манзили бисёрошёна таъмир ва ҷамъ 66 майдончаи нави варзишӣ сохта шуданд. Ободониҳо дар ноҳия бо суръат давом мекунанд.
Дар гузаштаи начандон дур ноҳияи Сергелӣ мисле ба ҳоли худаш гузошта шуда буд. Роҳҳо абгор буданд. Чароғи электрикӣ зуд-зуд хомӯш мегашт. Таҳхонаи манзилҳои бисёрошёна бинобар бенигоҳубин мондан заҳ мекашиданд. Майдончаҳо барои кӯдакон ҳоли табоҳ доштанд. Вақтҳои охир сартосари ноҳияи зикршуда, ки дар канораи пойтахт воқест, ба майдони бузурги сохтмон табдил ёфт, маҳаллаҳои дурдаст, ки аз эътибор дур буданд, ба нуқтаҳои коммуникатсионӣ пайваст карда шуданд. Дар як худи маҳаллаи «Соҳибқирон», ки мавзеи 8-уми Сергелиро фаро гирифтааст, ду майдончаи нави бачагона сохта шуд, фасади 12 бинои бисёрошёна ранги замонавӣ касб кард, 2,5 км. роҳҳои дохилӣ таъмир гардид. Роҳравҳои нав барои пиёдагардҳо 1700 метрро ташкил менамояд.
Яке аз кӯчаҳои қадимаи Тошкандшаҳр Чоштепа ном гирифта, дар маҳаллаи «Ҷӯнариқ» воқест. Аз ин маҳаллаи ба вилояти Тошканд ҳамҳудуд канали «Солор» мегузарад. Пештар соҳилҳои канал ба партовгоҳ табдил ёфта ва аз пасмондаҳои маишӣ бӯи бад ба атроф паҳн мешуд. Инфрасохтори замонавие, ки рӯи кор омад, ҳудудро куллан дигаргун сохт.
Маҳаллаҳои дигари Сергелӣ, аз қабили «Қӯмариқ», «Софдил», «Саховат», «Шукрона», «Дарёбӯйи», «Йӯл-дош», «Хонобод», «Ёрқин ҳаёт», «Қипчоқ», «Олчазор», айни замон, ба ободгариҳо рӯй меоранд.
Дар ноҳияи Сергелӣ кӯчаҳое низ мавҷуд, ки ба номи бузургмардони олами адаби тоҷик гузошта шудаанд. Масалан, кӯчаи Саъдӣ дар маҳаллаи «Нӯғайқӯрғон», кӯчаи Мирзо Турсунзода дар маҳаллаи «Мададкор». Ин кӯчаҳо низ аз файзи корҳои васеи бунёдгарона ва хуррамгардониҳо баҳраёб.
Баробари ободонӣ ба беҳбуди рӯзгори мардум, хусусан, ба дараҷаи баланд бардоштани вазъи моддии аҳолии камтаъмин дар маҳаллаҳо эътибор рӯз то рӯз пурзӯр мегардад. Роҳбари давлат низ ба маҳаллаҳо баромада, аз тарзи зисти аҳолӣ воқиф мегардад, розу ниёзи эҳтиёҷмандонро мешунавад, барои ҳалли мушкилот ба масъулон тавсияҳо медиҳад, аз болои корҳои дар ин самт иҷрошуда шахсан назорат мебарад. Вай аснои дидан кардан аз маҳаллаи «Парвоз»-и ноҳияи Яшнобод, аз ҷумла, гуфт: «Чаро дар шароити имрӯз мо низоми «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон», «Дафтари ҷавонон»-ро ҷорӣ намудаем? Агар давлат ба қишрҳои қашшоқи аҳолӣ, занон ва ҷавонон эътибор диҳад, ҳокимият кори худро бинобар он ташкил намояд, дар одамон боварӣ ҳосил мегардад. Кай ба давлат боварӣ ҳосил мегардад? Агар дар маҳалла тағйирот бошад».
Ризоияти аҳолӣ аз давлат низ бинобар ободии маҳаллаҳо ва ободии рӯзгор ҳосил хоҳад гашт. Тағйирот дар 524 маҳаллаи воқеъ дар пойтахт, зимнан, ба беҳбуди зиндагии сокинон то андозае мусоидат менамояд.
М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».