ТАҒЙИРОТ ДАР ҚАЛБИ ОДАМОН НИСБАТ БА ЗИНДАГӢ УМЕДИ КАЛОН БЕДОР МЕНАМОЯД

Роҳбари давлатамон ба кадом мавзеи мамлакат ташриф наоварад, дар бораи розӣ кардани мардум, беҳтар гардондани тарзи ҳаёт фикр меронад.

Роҳҳои ҳаллу фасли ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, сабук гардондани корҳои вазнини занон, таъмин намудани аҳолӣ бо хидмати тиббии босифат ва умуман мушкилоти аҳолӣ, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, нишон медиҳад. 
Дар давоми сафари роҳбари давлат ба вилояти Қашқадарё низ масъалаҳои рушду равнақи вилоят, офаридани қулаиҳо барои аҳолӣ эътибори алоҳида дода шуд. Президент ҳангоми сафар ба воҳа дар корхонаҳои кластеру саноат ва хоҷагиҳои фермерӣ шуда, бо корҳои бунёдкорӣ, бо тағйироте, ки дар маҳаллаҳо рух додаанд, шинос шуд. 
Бесабаб нест, ки сафар ба вилояти Қашқадарё аз ноҳияи Кӯкдала оғоз ёфт. Чунки ғояи ташкил намудани чунин маҷмӯи маъмурӣ аз барномаи пешазинтихоботии Шавкат Мирзиёев ҷой гирифта буд. Мувофиқи қарори Сенати Олий Маҷлис аз 17 марти соли ҷорӣ бо мақсади фароҳам овардани қулаиҳо ба аҳолӣ ва шаҳрсозӣ дар як қисми ноҳияи Чироқчӣ ноҳияи Кӯкдала ташкил гардид. 
Ҳоло аз ташкил ёфтани ин ноҳия вақти зиёд нагузаштааст. Аммо дар муддати кӯтоҳ дар мавзеъ корҳои зиёд ба амал татбиқ шуд. Ба Кӯкдала тарзи нави зиндагӣ даромада омад. Ба хусус, дар натиҷаи ба кор даромадани корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чироқчи кластер» наздик ба 500 нафар ҷавонон ва бонувон бо кор таъмин гардиданд.
Ҳудуди ноҳия 171 гектар буда, аз 32 маҳалла иборат аст. Мувофиқи лоиҳа дар шаҳрчаи Еттитом биноҳо барои ҳокимияти ноҳияву идораҳои маҳалла, мавзеи «Ӯзбекистони Нав», боғчаву мактабҳо ва дар назди роҳе, ки дорои аҳамияти байналхалқист, маҷмӯъҳои тиҷоративу хидматрасонӣ бунёд мешаванд.
Солҳои пеш одамон то ба маркази ноҳияи Чироқчӣ дар 2-3 соат рафта мерасиданд. Ташкил гардидани ноҳияи Кӯкдала барои аҳолие, ки дар ин ҷо ба сар мебаранд, ба беҳтар гардондани тарзи зисти онҳо, рушди иқтисодии мавзеъ ва барои ба зинаи нав бардоштани корҳо оиди таъмини шуғли аҳолӣ хидмат мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки наздик ба 2 триллион сӯм маблағе, ки ба мақсади бунёд намудани объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва соҳаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ равона карда шудааст, соли ҷорӣ ба кор сар кардани 18-то лоиҳаи 260 млрд. сӯмина ба аҳолӣ сабукиҳои зиёд меоварад.
Вилояти Қашқадарё дар хоҷагии қишлоқ ва таъмини бехатари хӯроквории мамлакат аҳамияти алоҳида дорад. Роҳбари мамлакатамон дар ноҳияи Косон шуда, нашъу нумӯъ ёфтани ғӯза ва ғаллазорҳои хоҷагии фермерии «Косон»-ро аз назар гузаронд. Хоҷагие, ки 82 гектар майдон дорад, асосан ба чунин намуди кишт ихтисосонида шудааст.
Соли гузашта аз пахта 41, аз ғалла бештар аз 70 сентнер ҳосили фаровон гирифта шуд. Натиҷа низ мисли ҳамин хуб шуд – 357 миллион сӯм даромад ба даст омад. Ба ивази ин барои хоҷагӣ техникаҳои зарурӣ харид гардида, ускунаҳои обсарфакунанда насб карда шуданд. Ба гирду атрофи киштзорҳои пахтаву ғаллаи хоҷагии фермерӣ ангур, тут ва ошкаду кориданд.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки чунин таҷрибаро оммавӣ гардонда, дар ҷойҳои холии гирду атрофи киштзорҳои хоҷагиҳои фермериву кластерӣ парвариши меваву сабзавот ба роҳ монда шавад. Ин бесабаб нест, албатта. Васеъ ба роҳ мондани чунин таҷрибаи корӣ гарави фаровонҳолии мардум шуда хидмат мекунад.
Ба ҷойи хулоса, агар гӯем, ки сафари навбатии роҳбари мамлакат ба воҳа дар рушди иҷтимоиву иқтисодии он боз суръат мебахшад, муболиға намешавад. Модоме чунин аст, мо депутатҳо  дар таъмини иҷрои сифатнок ва баландсавияи вазифаҳое, ки муайян шудаанд, боз ҳам фаъол буданамон лозим.

Дилором ИМОМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲХД Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: