Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорӣ дар маҳалҳо, иҷрои лоиҳаҳои бузург, мулоқот бо халқ 20 август ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташриф овард.
Роҳбари давлат ба ноҳияи Мӯйноқ рафта, бо корҳое, ки дар делтаи Амударё ҳавзаҳои хурди об барпо мегардад, шинос гардид. Ин лоиҳаҳо, ки барои солҳои 2019-2022 муқаррар гаштаанд, ба василаи босамар идора намудани ҳавзаҳои об, барои беҳтар намудани ҳолати иҷтимоиву иқтисодии ҳудуд нигаронда шудааст.
Президент ишора намуд, ки бо роҳи ривоҷ додани чорводорӣ ва моҳипарварӣ дар ҳудуд ҷойҳои кор ба вуҷуд овардан ва даромади аҳолиро зиёд намудан мумкин аст.
Бояд таъкид кард, ки дар доираи ташаббуси роҳбари давлат солҳои охир дар бобати ривоҷ додани иқтисодиёти Мӯйноқ, беҳсозии ҳаёти аҳолии ҳудуд, ки аз фоҷиаи Арал азият мекашад, корҳои зиёд анҷом дода шуд. Бинобар вазифаҳое, ки ҳангоми ташриф моҳи ноябри соли гузашта муайян гардидаанд, барномаи ҳукумат доир ба ривоҷи маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мӯйноқ қабул гардид. Бинобар он солҳои 2019-2021 дар маҷмӯъ ба амал татбиқ намудани корҳои сохтмону таъмир ба миқдори 1 триллиону 485 миллиард сӯм дар назар дошта шудааст.
Дар асоси ҳуҷҷати мазкур дар муддати кутоҳ чандин объект ба истифода супурда шуд. Аз он ҷумла дар маркази ноҳия барои 800 нафар амфитеатр, маркази хизмати давлатӣ, мактаби мусиқа ва санъат, толори варзиш, ҳавзи пӯшида сохта шуда, маркази маданият ва варзишгоҳ, дар ҷамоати шаҳрвандони авули «Бозатау» поликлиникаи оилавӣ таъмир карда шуд.
ҶММ «Мӯйноқ порлоқ текс» моҳи июли соли ҷорӣ дар шакли корхонаи дӯзандагӣ ташкил гардида, 350 нафар бо кор таъмин гардид. Дар ин корхона, ки мошинҳои нави дӯзандагии замонавӣ гузошта шудааст, дорои қуввати истеҳсоли соле 1 миллион дона маҳсулоти омодаи дӯзандагӣ ва нассоҷӣ мебошад. Ҳоло рахти хоб, либосҳои махсуси корӣ дӯхта мешаванд. Дар ин ҷо дукони савдо ташкил гаштааст. Дар иморатҳои тозабунёдгардида барои кормандони корхона хонадонҳо ҷудо карда шуд.
Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти ин корхона шинос гардида, бо коргарон суҳбат намуд.
– Тағироти Мӯйноқ, мамнунияти нигоҳҳои шумо касро хушҳол менамояд. Ин натиҷаи корҳои мо дар ҳудудҳои дуродур мебошад. Агар касе ба ислоҳоти мо шубҳа намояд, бигзор Мӯйноқро бубинад! – гуфт Президент.
Роҳбари давлат ба васеъ намудани фаъолияти корхона, навъҳои маҳсулотро зиёд намудан супоришҳо дод.
Як вақтҳо Мӯйноқ бо саноати моҳипарварии худ машҳур буд. Шавкат Мирзиёев соли гузашта ба ин ҷо омада, тавсия дода буд, ки дар ҳавзҳои мавҷудаи об моҳипарварӣ аз нав зинда карда шуда, ривоҷ дода ва ҳамин тариқ даромади барқарори аҳолӣ таъмин карда шавад.
Корхонаи «Мӯйноқ аква саноат» натиҷаи амалии ҳамин ташаббус аст. Қимати лоиҳавии ин корхона 20 миллиард сӯм буда, моҳи оянда ба кор шурӯъ менамояд ва дорои иқтидори соле азнавкоркарди 4 ҳазор тонна моҳӣ мегардад. 200 тонна моҳии дудзада, 780 тонна гӯшти реза, 400 тонна филе, 9 миллион дона консерв истеҳсол менамояд.
Имрӯз бинои корхона сохта шуда, асбобҳои технологӣ насб карда мешаванд.
Президент бо салоҳияти «Мӯйноқ аква саноат», навъҳои маҳсулоти он ва имконоти содироташон шинос гардид. Дар бобати афзоиши консерви моҳӣ ва савдои он, зиёд намудани ҷойҳои кор маслиҳатҳои ногузир дод.
Дар ин ҷо тақдимоти лоиҳаҳои рушди моҳипарварӣ дар Қароқалпоқистон, барпо намудани буттазори сабз дар сатҳи хушкидаи баҳри Арал ва беҳсозии ҳолати экологии минтақа ба вуқӯъ пайваст.
Моҳипарварӣ барои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ки соҳиби ҳавзаҳои зиёди табиии об мебошад, соҳаи сердаромад ба шумор меравад. Барои ривоҷ додани соҳа захираҳои мавҷударо ба инобат гирифта, барилова 17 лоиҳа таҳия гаштааст. Дар натиҷаи онҳо ҳаҷми парвариши моҳӣ ба 15 ҳазор тонна, дараҷаи азнавкоркардро ба 36 фоиз расондан ба нақша гирифта шудааст.
Барои коҳиши оқибатҳои манфии хушкидани баҳри Арал, таъмин намудани барқарории экологии минтақа корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Бинобар фикри мутахассисон, дар зарфи 42 сол ҳамагӣ дар 400 ҳазор гектар майдон саксавул шинонда шуда бошад, дар мавсими зимистону баҳори солҳои 2018-2019 қариб дар 500 ҳазор гектар бешазори муҳофизатӣ барпо гардид.
Таъкид гардид, ки бинобар таҷрибаи ғунгардида, боз дар ду соли дигар 700 ҳазор гектар замин ба ҳудуди сабз табдил хоҳад ёфт. Барои ин аз ҷониби хоҷагиҳои ҷангал 2 ҳазор тонна тухмӣ, аз он ҷумла 1,5 ҳазор тонна тухми саксавул, 300 тонна қандим, 150 тонна қарабуроқ ва 50 тонна растаниҳои озуқавии дашт ғун гардида, омода намудани беш аз 100 миллион дона ниҳоли саксавул, сахт намудани рег дар масофаи 100 километр, аз он ҷумла дар бобати мубориза бар зидди биёбоншавӣ омӯхтани таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо дар солҳои наздик дар ҳавзаи Арал барои барқарорсозии ҳолати экологӣ, беҳсозии вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, афзоиши шуғли аҳолӣ, инкишофи чорводорӣ заминаи зиёд фароҳам оварда мешавад.
Дар ноҳия дар бобати лоиҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз қамиш ва истеҳсоли мебел маълумот дода шуд. Ин лоиҳа, ки аз ҷониби корхонаи «Muynak LDSP» ба амал бароварда мешавад, соле 50 ҳазор метри мукааб кошини тароша, 12 ҳазор метри мукааб мебел истеҳсол менамояд ва имкон медиҳад, ки ба ҳаҷми 2,5 миллион доллар маҳсулот содир намояд.
Шавкат Мирзиёев дар Маркази маданияти ноҳияи Мӯйноқ бо фаъолони Қароқалпоқистон мулоқот намуд.
Роҳбари давлат ҳозиронро бо фарорасии ҷашни Истиқлол табрик намуда, ба аҳли Қароқалпоқистон таманноҳои беҳтарини худро изҳор намуд.
– Дар тамоми соҳаҳо дар Қароқалпоқистон тағйирот ба вуҷуд меояд. Дар замири он меҳнат ва кӯшишоти халқи бузурги он муҷассам аст. Якҷоя бо шумо ба ҳаракати бузург шурӯъ намудем. Бо мақсади омӯзиши дарди ҳар як ҳудуд, ошно гардидан бо қалби ҳар як инсон, мустаҳкам намудани боварӣ ба фардо ислоҳоти чуқурро ба амал татбиқ менамоем. Одамон на фардо, на дар ояндаи дур, имрӯз бояд хуб зиндагӣ кунад, – гуфт Президент.
Таъкид гардид, ки натиҷаи корҳое, ки бо чунин ниятҳои хуб ҷараён дорад, дар тағироти ноҳияи Мӯйноқ хеле равшан намоён мегардад. Ҳудуд дар хели вақти кутоҳ ба майдони бунёдкориҳои бузург ва сохтмон табдил ёфта, қиёфаи худро куллан тағйир дод. Ин аҳолии маҳаллиро хеле мамнун гардонд. Одамон ба суруди машҳур ҳамоҳанг намуда, бо садои баланд мегӯянд: «Бир келиб кетинг, Мӯйноғимизга». Чунки дар бораи беҳсозии ҳаёти аҳолии ҳавзаи Арал аз солҳои 50-уми асри гузашта зиёд ҳарф зада мешавад, лекин ҳанӯз ба ягон кори арзанда даст зада нашуда буд. Дар ду соли охир ба туфайли корҳои анҷомёфта имрӯз, агар таъбир ҷоиз бошад, магарам бо Мӯйноқ аз нав шинос гардем.
Бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев зери шафоати СММ барои минтақаи ҳавзаи Арал дар асоси мушорикати ҷонибҳо Фонди траст таъсис гардид. Дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Маркази байналхалқии инноватсияи ҳавзаи Арал, Хазинаи дастгирии инноватсияи ҳавзаи Арал ташкил гардид. Дар сатҳи хушкидаи баҳр бешазори муҳофиза, дар делтаи Амударё ҳавзаҳои хурди об барпо мегарданд.
Бинобар қарори роҳбари давлат аз 28 феврали соли 2017 дар бобати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мӯйноқ ва таъмин намудани шуғли аҳолӣ корҳои зиёд ба амал татбиқ гардиданд.
Дар зарфи 8 моҳи соли чорӣ 8 кудакистон, 7 мактаб, 4 объекти варзиш, 6 иншооти тиббӣ ва 8 бинои маданият сохта, таъмир гардиданд. Ба ғайр аз ин 20 бинои бисёрошёнаи иқоматӣ барпо мегардад. Ҳамаи ин дар одамон боварӣ ҳосил мекунад, ки қарорҳои қабулгардида воқеӣ буда, ба фардо умед ҳосил менамояд.
Дар ҳамоиш намояндагоне, ки аз шаҳри Нуқус ва тамоми ноҳияҳо омадаанд, таъкид мекунанд, ки ба тағйироти Мӯйноқ бо ҳавас нигоҳ карда, аз камбудиҳои маҳалли зисти худ гап кушода, масъалаҳои муҳимеро ба забон мегиранд, ки ҳаллашон зарур мебошад. Барои ҳалли онҳо ба мутасаддиён супоришот дода шуд.
– Бо иморатҳои боҳашамат, техникаи замонавӣ набояд ифтихор кард. Агар фарзандони боақлу доно ва фидоиро тарбия намоем, онҳо ба Ватан содиқона хизмат намоянд, ин ҳама давлати калон ва бахти бузург мебошад, – гуфт роҳбари давлат.
Президентамон бо лоиҳаи сохтмони маҷмӯи маъдани кӯҳӣ дар пойгоҳи кони Тебинбулоқ шинос шуд.
Дар қарори роҳбари давлатамон аз 12 январи соли 2018 чораҳои татбиқи лоиҳаи сармоягузории мазкур муайян шудааст.
Дар маҷмӯа соле 900 ҳазор тонна арматура, 225 ҳазор тонна сим, 375 ҳазор тонна уголок, швеллер, 22 ҳазор тонна шлаги ваннадий ва материалҳои дигари маъдан истеҳсол карда мешавад. Ба содирот баровардани 35 фоизи маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Захираҳои мавҷуди кон 1,1 миллиард тоннаро ташкил медиҳад.
Барои татбиқи лоиҳа, тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва баҳо додан ба захираи кон ширкатҳои «DMT-Group Consulting»-и Олмон ва «Horst Wiesinger Consulting»-и Австрия ҷалб шудаанд.
Мувофиқи ҳисобу китоби пешакии мутахассисон баъди пурра ба кор дароварда шудани лоиҳа соле истихроҷи 33 миллион тонна руда ва аз он ба даст овардани 1,5 миллион тонна моддаи оҳан ба нақша гирифта шудааст.
Ба Президентамон дар бораи аҳамият ва пешомади лоиҳаи мазкур муфассал маълумот дода шуд. Бинобар фикри мутасаддиёни соҳа ва мутахассисони хориҷӣ лоиҳаи мазкур пурра худашро сафед мекунад. Татбиқи он дар рушди иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсоли маъдани сиёҳ ва вусъат додани миқёси азнавкоркард аҳамияти муҳим касб менамояд.
Шавкат Мирзиёев бо мутахассисони ширкатҳои хориҷӣ суҳбат орост. Таъкид намуд, ки ба сохтмони маҷмӯа бояд аз ҷиҳати илмӣ пухта муносибат зоҳир карда, дар соҳаи истеҳсоли маҳсулот аз маъдан мактаби ба худ хос офарид.
Сарвари давлат бинобар коркарди мукаммали асосҳои техникиву иқтисодии лоиҳа, дар татбиқи он бештар ҷалб намудани ҷавонон супоришот дод.
Ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон идома дорад.
Матназар
ЭЛМУРОДОВ,
Алоуддин
ҒАФФОРОВ.
мухбирони махсуси ӮзА.