ТАҒОИ ҶАНГОВАРАМ

Рӯзи якшанбе бо бачаҳо ба Боғи ғалаба рафтем.

Боғ серодам буд. Навиштаҷоту плакат, сурат ва манзараҳои давраи ҷанг, техника ва аслиҳаи ҳарбиро дида, ба заҳмат ва азобу уқубатҳои мардуми меҳнаткаши мо дар солҳои ҷанг ва паси он гувоҳ мешавем. Ва ба осмони мусаффо, рӯзҳои осудаву ором, зиндагии фаровони имрӯзаамон шукрона мегӯем. 
Дар экспонатҳо лавҳаҳо аз филми бадеии “Илҳақ”, ки ба қарибӣ тамошо карда будем, ҷой дошта, симои Зулфия Шокирова ҳамчун рамзи зани садоқатноки Ватан намудор буд. Ба хотираи ҷанговарон боғ ниҳоят ободу зебо гардида буд. Гулҳои рангоранг, дарахту ниҳолҳои мухталифро дида, кас аз ин манзараи фараҳбахш ҳаловат мебурд. 
Дар қатори қаҳрамонҳо зикр ёфтани номи тағоям – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Шодӣ Шоимов боиси ифтихори мо буд. Ҳар доим дар назди мармари сафед, ки ҷанговари ҷавон дар як даст автомат ва дар дигараш граната дошт, каме таваққуф намуда, ба фикр фурӯ меравам. Ин ҷанги хонумонсӯз чӣ қадар ҷавононро, ки ҳатто номи ҷангро нашунидаанду аслиҳаи ҷангиро надидаанд, ба комаш фурӯ бурдааст. Навиштаҷотро такрор-такрор мехонам: “Шодӣ Шоимов – қаҳрамони шаҳрисабзӣ”...
Ба гуфтаи момокалони раҳматиам тағоям дар 17-солагӣ ба ҷанг рафта будааст. “Шодиҷонам ниҳоят якрав, нотарс ва ботануманд буд. Ӯро рафиқонаш “Газанда” меномиданд. Чодари арӯсиро ҳам надид-а, бачаякам”, мегуфт момоям ба чашмонаш об гирифта.
Тағоям бо хоҳари чорсолааш Тиловат аз падару модар хеле барвақт ятим мондаанд. Ӯ мисли калонҳо баҳри ҷунбондани рӯзгор худро ба ҳар кӯю дар задааст. Барои як бурда нон ҳаммолӣ кардааст, ба яке ҳезум тайёр карда, замини дигареро каланд зада, алафи боғи сеюмиро даравида рӯз гузаронда будааст. “Рӯзе тилловориамро гирифта ба як тӯрба гандум иваз карда омадам. Шодӣ тӯрбаро дар китф бардошта то хона овард. Бача бошад ҳам, шароити сангини рӯзгор китфу бозувонашро пухта карда буд. Рӯзе “ман ҳам ба ҷанг меравам” гуфта якравӣ кард. Ба военкомат рафта худро нависонд. Дере нагузашта коғази даъватӣ омад. Чун дигарон “зуд бармегардам” гуфту ба ҷанг рафт”, бо як ҳасрату алам мегуфт момоям.
Шодӣ Шоимов соли 1925 дар деҳаи Арабони ноҳияи Шаҳрисабз чашм ба дунё кушода, дар мактаби ба номи Телмани ҳамин деҳа савод баровардааст. 
Вақте бо модари раҳматиам аз ҳамин кӯча мегузаштем, мактабро нишон дода “Ана, мактаби ман. Тағоят ҳам дар ин ҷо хонда буд” мегуфт. 
Дар мактуби аввалинаш тағоям навишта буд: “Дар Фрунзе ном ҷой милтиқпаррониро омӯхта истодаам”. Дар мактубҳои баъдӣ низ оиди машқҳои ҳарбӣ навишта буд. Дертар журналисти шаҳрисабзӣ Шарофҷон Орифӣ хотираҳояшро дар бораи тағоям дар китобаш бо номи “Як қатра хун” батафсил ҳикоя кардааст. 
Ҳамин тариқ, Шодӣ Шоимов аз тайёрии ҳарбӣ гузашта, дар дивизияи тирпарронии 385-уми полки 1266-ум ба сифати автоматчӣ ҷанг мекунад. Дар муҳорибаҳои Белоруссия набард менамояд. 
27 июни соли 1944. Дар ноҳияи Могилёви Белоруссия ҷанги сахт рӯй медиҳад. Деҳаи Дашковкаи ҳамин ноҳияро то омадани қуваҳои кӯмакрасон аз фашистони немис ҳифз бояд мекарданд. Ӯ бо рафиқони ҷанговари худ аз ӯҳдаи ин кор баромад. Аммо дар ҷанги тан ба тан зарбаи сахт хӯрда, 28 июн вафот мекунад. Аҳли деҳа ӯро бо иззату эҳтиром дар ҳамин ҷо дафн намудаанд...
Баъд аз вафоташ ӯ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ — медали “Ситораи тиллоӣ” ва ордени Ленин тақдиронида шуд. 
Момоям аз наберааш дилаш пур буд, охир баъди вафоти духтарашу домодаш барои калон кардани ӯ чӣ қадар заҳмат кашид. Ҳамдеҳагон ӯро таскин дода мегуфтанд: “Набераат ба осиё даромада бутун мебарояд”. Бо ҳамин умед момо набераашро интизор буд. Вале аз Шодиаш хати сиёҳ омад...
Айвон пури одам, онҳо аз қаҳрамонӣ, мардиву шуҷоъатнокии наберааш ҳарф зананд ҳам, ба гӯши момо намедаромад. Момо низ бистарӣ шуд...
Баъд аз ин арабониҳо Турсуноймоморо “Момои қаҳрамон” меномидагӣ шуданд...

Инобат ОЙДИН,
ш.ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: