«ТААССУРОТИ АВВАЛИН АЗ БОЗДИДИ ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ХУШОЯНДАНД»

Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Мирзоулуғбек Абдусаломов бо аъзои гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таҳти раёсати Екатерина Голоулина дидору гуфтугӯ кард.

Вай пеш аз ҳама ҳузури нозирони ин ниҳоди бонуфузро дар интихоботи 22 декабр фоли нек арзёбӣ кард.
– Интихоботи қарибулвуқӯъ таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – интихоботи нав” баргузор хоҳанд шуд. Мо талоши зиёд ба харҷ медиҳем, ки донишу маърифати назариявии аъзоёни комиссияҳои ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ дар саросари кишвар ҷавобгӯи қонунгузорҳои интихобот бошад. Якмоҳаи тарғиби қонунгузориҳои интихоботро низ пиёда кардем ва бештар ҷавононро ба ин чорабиниҳо гирди ҳам овардем, ки бештар фаъол бошанд. Ҳамчунин барои баланд бардоштани нақши занону духтарон ва фаъолнокии онҳо дар интихобот низ  корҳои зиёд ба анҷом расонидем. Ҳадафи асосӣ таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони кишварамон мебошад, – гуфт М.Абдусаломов.
Дар идомаи мулоқот раиси Комиссияи марказии интихобот роҷеъ ба таъсиси қитъаву ҳавзаҳои интихоботӣ ба аъзои гурӯҳи нозирони байналмилалӣ маълумоти муфассал дод. Оиди шароитҳое низ таваққуф намуд, ки барои дар савияи баланд баргузор намудани интихобот мусоидат хоҳанд кард. 
– Мунозираву саволу ҷавобҳо нисбат ба интихоботҳои қаблӣ аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунанд. Ҳарфу суханҳо, интиқодоти якдигар ва тавсияву пешниҳодҳо ончунон ошкоро ва дар фазои демократӣ баён карда мешаванд, ки мислашро мардуми мо надидаанд. Ҳоло аз 50 кишвари дунё ҳудуди 700 нафар нозир ба Ӯзбекистон хоҳанд омад ва интихоботро дар ҷойҳои дилхоҳи худ таҳти назорат қарор хоҳанд дод, – изҳор кард М. Абдусаломов. 
– Мо аз Ассамблеяи байнипурлумонии ИДМ намояндагӣ мекунем, ки дафтари он дар шаҳри Санкт-Петербург мебошад. Натиҷаи боздидҳои мо аз чанд қитъаву ҳавзаи интихоботӣ баёнгари онанд, ки тайёрӣ ба интихобот дар Ӯзбекистон дар пояи баланд ташкил шудааст. Ба ин мо эътимод ҳосил намудем. Воқеъан, ҳамаи ин ҳавзаҳо бо компутерҳо муҷаҳҳаз шудаанд. Бо аъзои комиссияҳои ҳавзаҳо суҳбатҳо доир намудем. Таассуроти мо хеле хушоянданд, – гуфт Екатерина Голоулина.
Вай таъкид намуд, ки сатҳи дониши аъзоёни комиссияи интихоботӣ ҷавобгӯи талаботи имрӯз мебошад. Бешак, ин ҳама аз унсурҳои  мусбати омодагириҳо ба интихобот шаҳодат медиҳанд. Аъзои гурӯҳ бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ низ мулоқотҳо баргузор намуданд. Дар қадами аввал ин мулоқот дар ситоди ҳизби Либерал-демократии Ӯзбекистон бо роҳбари он ба вуқӯъ пайваст.
– Гурӯҳи шумо дар шакли пурра 17 декабр вориди Ӯзбекистон хоҳад шуд. Роҷеъ ба таркиби гурӯҳи нозирон чиҳо метавон гуфт? – гӯён суол кардем аз Екатерина Голоулина.
– Мо тибқи анъана роҷеъ ба баргузориҳои интихобот мониторинг мегузаронем, ки дар ду марҳала сурат мегиранд. Дар марҳалаи аввали дарозмуддат баъди сабти ном шудани номзадҳо ва оғози тарғиботи барномаҳои пешазинтихоботӣ бо ҷараёни омодагириҳо ва раванди тарғибот ошно мешавем. Аъзои гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии иборат аз намояндагони ҳашт кишвари узви ин ассамблея 17-18 декабр ба Ӯзбекистон меоянд ва ба мониторинги марҳалаи дуюм машғул мешаванд. Ин марҳала аз оғози раъйдиҳӣ то ҳисобу китоби варақаҳо давом хоҳад кард, – посух дод Е. Голоулина.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: