ТААССУРОТИ ФАРОМӮШНОПАЗИР АЗ КОНСЕРТИ ДӮСТӢ

Амфитеатри «Мӯъҷиза»-и шаҳр беш аз ҳарвақта шукӯҳи идона дошт.

Шодиву хурсандии одамон беҳадду канор буд. Дар арафаи Иди Қурбон ва 27-умин солгарди истиқлолияти кишвар бо иштироки сарояндаҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ баргузор шудани консерти дӯстӣ ба хурсандии мардум хурсандӣ зам намуд.
Дар консерт сарояндаҳои ду кишвари ҳаммарз, аз ҷумла, Афзалшоҳ Шодиев, Мардон Мавлонов, Нигина Амонқулова, Бобурмирзо, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Мадинаи Ҳақназар, Сироҷиддин Фозилов ва Озода Аҳмедова дар васфи Ватан, истиқлол, дӯстиву бародарӣ сурудҳо хонда, ба ҳозирон кайфияти идона бахшиданд.  
– Ман солҳо орзу мекардам, ки дӯстии халқҳоямон барқарор гардад, – гуфт Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев. – Ҳазорон шукр, ки Худованд моро ба ин рӯзҳо расонд. Сабабгори асосии ин сарварони кишварҳоямон мебошанд. 
Самарқанд шаҳри дӯстиву бародарист, шаҳри сайёҳист. Аз тамоми дунё барои тамошои ин шаҳри зебову нотакрор меҳмонон меоянд. Мо аз ташриф ба ин шаҳри бостонӣ хеле шодем. Дӯстиву бародарии халқҳоямон поянда бод.
– Ман бори нахуст ба Самарқанд омадам, – гуфт Сироҷиддин Фозилов. – Шаҳри шумо, воқеан хеле зебо ва мардумаш меҳмоннавоз аст. Рост мегӯянд, ки халқ заршинос аст ва танҳо ӯ санъати баланд, ҳофизи хушовоз ва мусиқии дилчаспро меписандад. Шояд аз ҳамин сабаб мо, санъаткорони Тоҷикистонро бо кафкӯбиҳо  истиқбол карданд.
– Барои ман бахти бузург аст, ки дар Самарқанд ҳунарнамоӣ кардам, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Зикриоллоҳ Ҳакимов. – Дар ин ҷо ҳаводорони сершумори савту сурудҳои марғубу дилнавоз будаанд, ки аз ҳурмату эҳтиромашон сарамон ба осмон расид.
Ҳангоме ки баранда номи Нигина Амонқуловаро эълон намуд, мухлисонаш ӯро аз ҷой хеста, бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд. Зеро, овози форами ӯ мисли оҳанрабо буда, сурудҳояш бениҳоят марғубу дилнавозанд.
Мо пас аз баромади Нигина Амонқулова илоҷе ёфта, бо ӯ суҳбат оростем.
– Шумо хатмкунандаи коллеҷи тиббӣ ҳастед. Чӣ гуна ба саҳнаи санъат роҳ ёфтед?
– Сабаби ин додарам Хусрав аст, ки дар дили ман нисбат ба санъат муҳаббат афканд. Вай ба ман гуфт, ки ҷоям дар эстрада аст. Воқеан, ҳангоми таҳсил дар коллеҷ дар нишасту анҷуманҳо бо сурудҳои халқӣ баромад мекардам. Мухлисонам бо кафкӯбӣ хоҳиш менамуданд, ки ман боз суруде хонам. Ҳамон вақт ман дарк намудам, ки санъат боргоҳи ман аст. Сипас, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода такмили ихтисос намудам. Аз рӯйи ихтисос ман бояд режиссёр-коргардон мешудам, вале ин мақсади ман набуд. Як умр аз модаркалонам сипосгузорам, ки маро дастгирӣ кард ва ба падари бузургворам фаҳмонд, ки хоҳиши ман дигар аст. 
– Ҳоло шумо бо кадом шоирону оҳангсозон ҳамкорӣ доред?
– Сароянда ва оҳангсоз Сироҷиддин Фозилов ба бисёр сурудҳои ман оҳанг бастааст. Инчунин, камина бо Саидқул Билолов, Шариф Бедаков ва дигарон риштаҳои ҳамкориву дӯстӣ дорам. Эҷодиёти шоира Меҳринисоро меписандам.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: