ТААССУРОТИ САФАРИ ҚАРШӢ ХЕЛЕ ХОТИРМОН АСТ

Чанде қабл иттифоқ афтод, ки дар ҳайати як гурӯҳи аҳли фарҳанг ба вилояти Қашқадарё сафар кунем.

Ин сафар бо ибтикори Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ва ҳокимияти вилояти Қашқадарё сурат гирифт. Эътироф мекунам, ки тӯли 15 соли охир ба ин вилоят сафар накардаам. Барои ҳамин то расидан ба шаҳри Қаршӣ – маркази маъмурии ин вилоят, ки сафарамон тавассути қатораи тезгарди “Афросиёб” сурат мегирифт, ҳар чӣ сари роҳ аст, аз тирезаи он тамошокунон мерафтам.
Дарвоқеъ, мо чанд шаҳраку рустоҳоро мегузаштем. Ҳувайдо буд, ки ин вилоят низ дар давраи  истиқлолияти кишвар хеле рушду ривоҷ кардааст. Аввалин дигаргуние, ки ба чашм мехӯрд, зебову пуртароват шудани шаҳри Қаршӣ буд. Иморатҳои маъмуриву истиқоматии баландошёна ва бошукӯҳ, роҳҳои васеъ ва ҳамвор, бозорҳои аз маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ лабрез, зиндагии фаровон ва амсоли он аз он далолат медоданд, ки дар ин вилоят ислоҳоти доманфароху сарнавиштсоз ва бозсозиҳои муҳим беш аз пеш татбиқ мегарданд.
Вақте ки мошини мо аз болои пули рӯди Қашқадарё мегузашт, роҳбаладамон устоди факултаи технологии Донишгоҳи давлатии Қаршӣ Шаҳриёр Аҳмедов гуфт, ки мо бояд шомгоҳон ба ин ҷо биёем ва бубинем, ки ин пул чӣ гуна ба шаҳр ҷилои аҷиб мебахшад.
– Шояд огоҳ бошед, ки сохтани пули хиштин дар Осиёи Миёна муқаддимаи дуру дароз дорад. Ҳанӯз дар асрҳои миёна чунин тарзи пулсозӣ боз ҳам такомул ёфтааст. Он яке аз пулҳои калонтарини болои ин рӯд мебошад, ки рӯи дувоздаҳ сутуни мустаҳками хиштин истодааст. Дарозии он 122 метрро ташкил мекунад ва арзаш беш аз 8 метр мебошад. Дар баландии наздик панҷуним метр аз сатҳи дарё сохта шудааст. Соли 1944 ба далели васеъ шудани дарё онро дубора бозсозӣ кардаанд, – гуфт Шаҳриёр Аҳмедов.
Вай афзуд, ки сохтмони пули болои рӯдро ба Абдуллохони II мутааллиқ медонанд ва ин ривоят дар байни мардум паҳн шудааст.
Аввалин чорабинии фарҳангӣ, ки аъзои гурӯҳи мо дар он ба ҳайси меҳмон ширкат карданд, аз рӯи панҷ ташаббуси Президент тақдими мукофотҳо ба ғолибони озмуне буд, ки аз рӯи китобхонӣ гузаронда шудааст.
– Дар ин озмун ду ҳазор муассисаи давлативу хусусӣ ширкат карданд. Мусаллам буд, ки муносибати одамон нисбат ба китобу китобхонӣ ва фарҳанги мутолиа хеле тағйир ёфтааст. Ташкилоту муассисаҳо ва сокинони вилоятамон соли равон 350 ҳазор адад китоб харидорӣ намуданд. Ин аз боло рафтани маънавияти мардум шаҳодат медиҳад, – гуфт ҳокими вилоят Зоир Мирзоев.
Вай илова кард, ки ин ҳанӯз поёни кор нест. Чунки китоб ба ҳар як хонадон бояд роҳ ёбад ва аъзои он машғули мутолиаи китоб шаванд. Тибқи таъкиди Зоир Мирзоев наметавон гуфт, ки дар ин як-ду соли охир вилояти Қашқадарё ҷиҳати тарғиби китобу китобхонӣ ба пешрафтҳои зиёд ноил гаштааст.
– Агар меҳри калонсолон ба китоб афзоиш ёбад, ҷавонон низ аз он ибрат мегиранд ва бештар китоб мехонанд, – изҳор кард Зоир Мирзоев.
Баъд маросими мукофотсупорӣ баргузор гардид. Дар ин замина якчанд шуъбаҳои таълими халқи вилоят барои ширкати фаъолонаашон бо мукофотҳои зиёди пулӣ сарфароз гардиданд. Ҷои аз ҳама ифтихорӣ ва калиди мошини русуми “Кобалт” насиби шуъбаи таълими халқи ноҳияи Косон гардид.
Навгонии дигар ба роҳ монда шудани ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии Қаршӣ ва Донишгоҳи давлатии Белгороди Федератсияи Русия буд. Ин ду донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки як маркази муштарак таъсис диҳанд. Ҳоло бо татбиқи як лоиҳа дар шаҳри Қаршӣ маркази муштараки таълим арзи вуҷуд намудааст. Он дорои панҷ хонаи омӯзишӣ ва як хонаи муаллимон мебошад. Дар ин маскани маърифат забонҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
– Бунёди ин маркази муштараки таълим имкон медиҳад, ки мо забони русиро хубу пухта аз устодон ёд гирем. Барои ин дар синфхонаҳои марказ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Китобҳои таълимӣ, луғатҳо, воситаҳои аёнӣ маводи аудиоӣ ва видеоӣ ва амсоли он дар ихтиёри мо қарор доранд, – мегӯяд Шаҳноза Муҳаммадҷоноваи қаршигӣ.
Гуфта мешавад, ки дар маркази муштараки таълим ҳар фард метавонад бо фарҳанг ва адабиёти рус ошно шавад. Дар ин ҷо барои такмили ихтисоси муаллимони забони русӣ курсҳои онлайн ташкил карда шудаанд, ки бидуни равуо кас метавонад забон омӯзад ва аз муаллим сабақ гирад.
Интизор меравад, ки ин ду донишгоҳ ҳамкориҳои худро тавсеа мебахшанд. Ректорони ду донишгоҳ Б.Шоимқулов ва О. Попухин дар бораи вусъат додани ҳамкориҳо вориди гуфтушунид мебошанд. Дар натиҷа як санад ба имзо хоҳад расид, ки таълими томактабӣ ва синфҳои ибтидоиро фаро хоҳад гирифт.
Вилояти Қашқадарё аз вилоятҳое маҳсуб меёбад, ки имконият ва салоҳиятҳои бештарро дорост. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо обод шудани шаҳру деҳот, фаровонии ҳаёт ва фароҳам оварда шудани ҷойҳои нави кор такмил меёбанд, аммо ҳанӯз дар ин росто камбудиҳо ва мушкилоту муаммоҳо бартараф нашудаанд.
– Фарзандони аҳолии баъзе рустоҳо барои дарсхонӣ ба деҳаҳои дигар мераванд. Гузашта аз ин, набудани бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои маишӣ, ҳамвор нашудани роҳҳо аз ҳамин гуна муаммоҳо мебошанд, – мегӯяд сокини солхӯрдаи вилоят Бобо Назаров.
Шояд муштариёни “Овози тоҷик” дар ёд доранд, ки мо бонги изтироби сокинони деҳаи Дуоба ва Мингкӯчари ноҳияи Шаҳрисабзро чоп карда будем. Дар он муаллиф Гулноза Хушназарова навишта буд, ки деҳаҳои Дуоба ва Мингкӯчари ҷамоати шаҳрвандони Ҳисораки ноҳияи Шаҳрисабз аз дусад хоҷагӣ иборат мебошад. Сокинони он асосан, аз мардуми тоҷиктабор иборатанд. Ба ин деҳот аз ҷойҳои дигар чанд нафар арӯси ӯзбектабор фаровардаанд, ки бо гузашти айём забони онҳо низ тоҷикӣ шудааст.
Гулноза Хушназарова дар ноҳияи Яккабоғ зодаву парварда шудааст ва миллаташ ӯзбек мебошад. Ба гуфтаи ӯ сӣ сол муқаддам ба як ҷавони маҳаллаи Дуоба ба шавҳар баромадааст ва то кунун бо аъзои хонаводааш дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад. Вай дар мактубаш, ки 54 нафар сокинони ду маҳалла – Дуоба ва Мингкӯчари ҷамоати Ҳисорак имзо кардаанд, таъкид карда буд, ки сокинони ин ду маҳалла муддати дуру дароз аз набудани роҳ барои ҳаракати нақлиёт азоб мекашанд.
Пас, мақомоти ҳокимияти маҳаллиро лозим аст, ки ба масъалаҳои иҷтимоӣ низ таваҷҷӯҳ кунанд ва дар ҳаллу фасли мушкилоти мардум чораҷӯӣ намояд.
Зимни ҳамон сафар дар баробари масъалаҳои дигар ба масъалаи обунаи “Овози тоҷик” низ хостам мақомоти роҳбарии вилояти Қашқадарё мутаваҷҷеҳ бошанд. Қабл аз оғози чорабиние, ки дар он ширкат мекардем, бо вуҷуди камии вақт бо Зоир Мирзоев перомуни обуна суҳбати кӯтоҳе анҷом додам.
Вай гуфт, ки ин рӯзномаро мардуми вилояти Қашқадарё низ мутолиа мекунанд. 
Ногуфта намонад, ки вилояти Қашқадарё аз вилоятҳои собиқадортарини ҷумҳуриамон мебошад. Дар он 13 ноҳия, 12 шаҳр ва 4 шаҳрак мавҷуд аст. Аҳолии он ҳудуди се миллион нафарро ташкил мекунад. Теъдоди тоҷиктаброни он дар шаҳру ноҳияҳо хеле зиёд аст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Шаҳри ҚАРШӢ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: