ТААССУРОТИ СӮХИ ШУКУФОН

Ҳанӯз қабл аз он ки бо роҳхати Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ба вилояти Фарғона сафар намоям, дар дилам нияти ба Сӯх рафтан тавлид ёфт.

Наздик бист сол аст ба ин воҳа, ки яке аз гӯшаҳои хушманзари водӣ байни кӯҳҳост, нарафтаам. Истиқлол ба Сӯх чӣ дода ва он чӣ қиёфа ба худ касб намудааст?
Роҳбари шуъбаи вилоятии ташкилоти адибон Энахон Сиддиқова субҳидам Абдуҳаёт ном дӯсти ҳамқаламамро ба ман ҳамроҳ намуд ва ҳарду ба яке аз автомобилҳое, ки ба ҳаракат ҷониби Сӯх омода буд, нишастем. Роҳ на он қадар дурудароз, вале гузаштан аз посгоҳҳои гуногун дар марзи давлатии Ӯзбекистону Қирғизистон кори осон нест. Интизорӣ, навбатпоӣ, тафтиши ҳуҷҷатҳо. Аз чанд ин гуна «монеа»-ҳо гузашта, дар вазъе, ки ҷисму рӯҳи мо хастагӣ ҳис мекард, ба маркази ноҳия расидем. «Азоби роҳ – азоби гӯр»-аш ҳамин бошад?
Ҳокими ноҳия бо чеҳраи кушод истиқбол кард. Барои огоҳ сохтан аз навигариҳо бинобар татбиқи ислоҳот дар соҳаҳои гуногун роҳбари телевизиони Сӯх Ф.Миршарипов ва мухбири студия А.Ҷӯраевро назди мо хонд. Ҳарду оиди корҳои васеъмиқёсе, ки дар ноҳия ба амал бароварда мешаванд, батафсил нақл намуданд.
– Ободонӣ дар қаламрави ноҳия васеъ доман паҳн мекунад. Тағйироти азими солҳои охирро сари ҳар қадам мушоҳида кардан мумкин. Аз ҷумла, беморхонаи марказии ноҳия аз нав таъмир шуда, назди корпуси асосӣ биноҳои иловагӣ сохта мешаванд. Рафтем, шиносоӣ ба ҳаёти ноҳияро аз он ҷо сар мекунем, – гӯён Ф.Миршарипов моро сӯи мошин ҳидоят сохт.
Ҳақиқатан назди беморхонаи марказӣ бунёдкориҳо ба амал омада, биноҳои нав дар арафаи баистифодасупорӣ будаанд. – Пагоҳ-фардо ҳар як шуъба бо дастгоҳҳои замонавии ташхисӣ ҷиҳозонида мешавад. Дар мо шифокорони таҷрибанок хеле бисёр, – гуфт сардухтури беморхона.
Ҳамроҳонамон гуфтанд, дар чанд соли охир Сӯх тамоман дигаргун гашт. Дар баробари қад афрохтани биноҳои нави замонавӣ иншооти пештара ба таъмиру тармим фаро гирифта шуданд. Биное, ки мебинед, корхонаи бофандагии бо ташаббуси Президентамон барпошуда мебошад. Гулу буттаҳо, дарахтони меваноку манзаравии атроф ва саҳни корхона баҳри дили одамро мекушоянд. Дар ин ҷо 200 нафар аҳолии маҳаллӣ меҳнат мекардаанд, ки қисми асосиашонро занону духтарон ташкил менамоянд.
Назар ба таъкиди А.Ҷӯраев, чанд сол пеш аксарияти томи аҳолӣ кор наёфта, хусусан ҷавонон, барои пулёбӣ ба хориҷ мерафтанд. Хатмкардагони коллеҷҳо бинобар набудани кор дар кӯчаҳо умри ҷавонӣ беҳуда мегузаронданд. Ҳоло хоҷагиҳои фермерӣ, корхонаҳои хурд, устохонаҳои ҳунармандӣ дар таъмини аҳолӣ бо шуғл нақши муҳим доранд. Масъалаи шуғл бо ривоҷи соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати хурд, хонакорӣ, тиҷорати оилавӣ, истифодаи самаранок аз қитъаи наздиҳавлӣ, дар шароити хона парвариш сохтани чорвои калони шохдор ва амсоли инҳо ҳаллу фасл меёбад.
А.Ҷӯраев моро сӯи корхонаи нави бофандагии «Намунаи Сӯх» роҳбалад шуд. Дар корхонаи барҳавою замонавӣ сари дастгоҳҳои дӯзандагӣ 120 нафар занону духтарони маҳаллиро машғули кор дидем. Қариб ҳамаи дӯзандагонро ҷавонон ташкил менамоянд.
– Корхонаамон моҳи марти соли равон ба фаъолият шурӯъ намуд. Асосан ҷавондухтарони маҳаллаҳои гирду атрофро ҷалб сохтем. Созгорӣ дар он ки онҳо барои омаду рафт роҳкиро сарф намекунанд. Таоми чошт дар худи корхона мешавад. Ин имкон медиҳад коргарон аз вақт самаранок истифода кунанд. Дар корхонаамон асосан либосҳои махсус, формаи мактабӣ, либосҳои занона дӯхта ва ба савдо бароварда мешаванд. Аз рӯи фармоиши аҳолӣ низ либосдӯзӣ ба роҳ гузошта мешавад. Талабот ба маҳсулоти корхона торафт меафзояд, – мегӯяд роҳбари корхона Каримҷон Ғоибназаров.
Мошине, ки савор ҳастем, дар роҳҳои тахту ҳамвор беозор ҳаракат мекунад. Иморатҳои хушсохти ду тарафи кӯча таваҷҷӯҳи моро ба худ мекашад. Манзилҳои замонавӣ, назар ба таъкиди роҳбаладони мо, ба ҳар гуна қулаиҳо молик. Ин ҳама, албатта, нишонаи пешравӣ. Дар деҳаҳои дурдаст низ баръало бачашмрасии ободонӣ ва бунёдкориҳои замонавӣ.
Дар ноҳияи Сӯх 26 дабистони таълими умумӣ, 3-то литсейи академӣ, 24-то муассисаҳои таълими томактабӣ мавҷуд будааст. Таълим ва тарбияи авлоди ҷавон дар онҳо мувофиқ ба стандартҳои давлатӣ пеш бурда мешавад.
Вориди боғчаи бачагонаи рақами 6-ум шудем, ки бинои барҳавои он баҳори соли равон сохта ва ба истифода супурда шудааст. Дар ин ҷо 150 нафар хурдтаракон дар шароити замонавӣ тарбия мегиранд, ба алифбои таълим шинос мешаванд. Дар боғча бозичаҳои гуногун, анҷомҳои варзишӣ ва ҳама гуна чизҳое, ки таълим ва тарбияи замонавӣ тақозо дорад, мавҷуд мебошад. Мудираи боғча Дилором Одилова моро ба ошёнаҳои якуму дуюм роҳбаладӣ кард. Дари хонаҳои озода – кушода. Вақти истироҳати кӯдакон будааст. Онҳоро дар хоби бофароғат дида, осудагӣ дар қалб ҳис намудем.
Дабистони таълими умумии рақами 11-уми ноҳия воқеъ дар деҳаи Чашма низ бо намуд, тозагӣ, ободии гирду атроф ба қалби мо сафою равшанӣ бахшид. Боғи мактаб – ғарқи мева. Себаки сурху сероб, ширин асту хӯрданбоб, гӯён назди мо себ гузоштанд. Чӣ қадар хуштаъм ва хушбӯй. Директори мактаб Ҳ.Ҷӯраев гуфт, аз боғ соле дар атрофи 20 миллион сӯм даромад мегирем ва онро барои эҳтиёҷи дабистон сарф менамоем. Ташкил сохтани хоҷагиҳои ёрирасон, мустаҳкамсозии базаи моддии мактаб, бешубҳа, аломати кордонӣ ва нишонаи соҳибкорӣ.
– Имсол аз ҷониби давлат 2 миллиарду 210 миллион сӯм маблағ ҷудо гашт, – гуфт мамнунона директор, – он барои барпои бинои иловагии таълимӣ барои 210 нафар сарф шуда, ҳамзамон бинои кӯҳна аз таъмир бароварда мешавад.
Ба наздикӣ дар деҳаи Чашма 20 манзили намунавӣ қад афрохта ва алъон дар онҳо оилаҳои нав ҳаёт мегузаронанд. Айни замон кӯчбандӣ ба манзилҳои намунавии маҳаллаҳои дигар, тарҳи зиндагии хуби мардум дар хонаҳои обод ба мушоҳида мерасад.
Дар зиёратгоҳи Ҳазрати Алӣ воқеъ дар деҳаи Сариканда суҳбати мо ба мардуми меҳмоннавози Сӯх сари як пиёла чой давом намуд. Варақҳои рангини  табиати дилкушо илҳоми моро ҷӯш занонд. Таассуроти банда дар сурати шеър бо унвони «Дарёи Сӯх» ба коғаз рехт. Умуман, сафари Сӯх ба мо як олам таассуроти нек гузошт.

Турсун АЛӢ,
узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: