ТАБАССУМИ СОЛИНАВӢ

– Хафа менамоӣ, чӣ шуд?

– Шавҳари зани аввалаам маро дашном дод.
– Барои чӣ?
– Зани аввалаам ҳанӯз таом пухтанро намедонистааст.
***
Ҷавон аз қадрдони деринааш пурсид:
– Дар армия хизмат кардаӣ?
– Не, нагирифтанд.
– Барои чӣ нагирифтанд?
– Маро кофта наёфта нагирифтанд.
***
Арӯс ба домод суол кард:
– Маро тавре ки Ромео Ҷулеттаро дӯст медошт, дӯст медоред?
– Намедонам, нахондаам.
– Тавре Отелло Дездемонаро рашк мекард, рашк мекунед?
– Намедонам, нахондаам.
– Вой, шумо чиро хондаед?
– «Муму»-ро хондаам. Ҳа гуфта ҳур-ҳур кардан гирӣ, ба об ғарқ мекунам.
***
Зан аз шавҳар пурсид:
– Дар яке аз қабилаҳои африқоӣ шавҳар зани худро ба пули калон мефурӯхтааст. Агар дар ин гуна қабила зиндагӣ кунем, шумо ҳам маро мефурӯхтед?
– Не, бепул дода мефиристодам.
***
– Дар қабристон чӣ менависӣ? Диссертатсия? Қабристон ба ту ҳамин қадар маъқул?
– Ҳа. Дар ин ҷо ҳар рӯз «Ҳимоя кай?» гуфта безор намекунанд.
***
Марде ба дӯсташ ҳасрат намуд:
– Тамоми пуламро кашида гирифта, бевафо, маро партофта рафт.
– Зани ман ҳам ҳама бойигариамро аз они худ кард. Вале ҳанӯз дафъ нашудааст, номард!
***
– Рафиқ сардор, модаркалонам аз олам гузашт, таътили кӯтоҳмуддат медодед.
– О, соли гузашта ҳам модаркалонатон вафот карда буд. Худаш чанд бибӣ доред?
– Бобом чаҳор зан гирифта бошанд, айб дар ман?
***
Модаршӯ аз келин пурсид:
– Ба хар хӯрокӣ додед?
– Не, модарҷон, писаратон ҳанӯз аз хоб нахестааст.

Тарҷума ва таҳияи ГУЛРУХСОР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: