ТАБИАТ БА МО ШИФО МЕБАХШАД

Табиати афсункор, рӯду дарёҳои равону хурӯшон, кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш, манзараҳои сабзу дилангез, боғу токзорҳои серҳосил, гулу гиёҳҳои шифобахши Ӯзбекистони маҳбуб ҳар касеро, ки ба ин сарзамин меояд, шефтаю мафтун месозад.

Ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон дар ин силсила, бо манзараҳои зебо ва чашмаҳои шифобахшу мавзеъҳои таърихиаш аз ҳама бештар мавқеъ касб кардааст. Дар ин қаламрав ёдгориҳои табиӣ ва таърихию фарҳангие маҳфузанд, ки ҳар кадом аз таърихи бою рангини ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд.

Имрӯзҳо рушди сайёҳии дохилӣ дар кишвари мо дар маркази таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, барои беҳтар намудани вазъи инфрасохтори сайёҳӣ ва санаторию курортӣ як қатор қонуну қарорҳо қабул шудааст. Аз ин рӯ, дар минтақаҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Косонсой низ ҷиҳати таъмини иҷрои ин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ чорабиниҳои судманд амалӣ мешаванд.

Дар осоишгоҳи «Косонсой»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, ки дар қаторкӯҳҳои Чотқол воқеъ аст, ҳар сол ҳазорон ҳамватанону меҳмонони хориҷӣ саломатии худро мустаҳкам мекунанд. Ҳавои салқину мӯътадил, обҳои аз маъданҳои шифобахш бой, манзараҳои дилфиреби осоишгоҳ табъи касро болида месозад.

Дар ин ҷо барои табобату истироҳати пурмазмун шароитҳо фароҳаманд. Табибони пуртаҷрибаи осоишгоҳ ва кормандони миёнаи тиббӣ истироҳаткунандагонро аз рӯйи бемориҳои дилу рагҳои хунгард, системаи асаб, роҳҳои нафас, мушакҳо, бемориҳои гурда, ҷигар ва меъдаю рӯда дар хонаҳои муолиҷавии муосир табобат мекунанд.

– Омилҳои асосии табобат иқлими кӯҳии ҳавояш мусаффо (зичии оксиген дар ҳаво 26 фоиз) ва оби маъдани табиӣ мебошад, ки барои табобати беморон тавассути нӯшидан ва қа-були ваннаҳои минералӣ истифода мешавад, – таъкид мекунад духтури осоишгоҳ Гулбара Қурбонова.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати хидматрасонии тиббӣ хонаҳои муолиҷавӣ бо дастгоҳҳои замонавии физиотерапӣ, ЭКГ-и компутерӣ, анализаторҳои биохимиявӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

– Дар осоишгоҳ беморон бо лойи шифобахш, парафин, масҳ, физиотерапия, тарбияи ҷисмонӣ, фитотерапия ва ғизои парҳезӣ табобат мегиранд, – мегӯяд духтури муолиҷакунанда Маъсуда Мамаҷонова. – Азбаски чор тарафи осоишгоҳро  кӯҳҳо иҳота кардаанд, баҳору зимистон ҳаво мӯътадил мешавад.

Минтақаи сабзазору хуррами сиҳатгоҳ 19,8 гектарро фаро гирифта, тарҳи зебо, иншоотҳои гуногун, пайроҳаҳои пургул, шипангу суриҳои бароҳат, ҳавзҳои кушод ва фаввораҳо ҳар як ташрифоварандаро ҳузуру ҳаловат мебахшад.

 «Чашмаи шифо» ё худ «Чашмаи чак-чак», дар шифобахшӣ ҳамто надорад. Оби маъдание, ки аз 500 метр чуқурии зери замин мебарояд, ба бисёр бемориҳо шифо аст. Чашма макони сайёҳии табиӣ ба шумор рафта, таърихи худро дорад.

– Мо аз табиати фусункор, ҳавои тоза ва оби «Чашмаи шифо» дар ҳайрат мондем, – мегӯянд бонувони рӯзномаи «Овози тоҷик».

– Косонсой аз нигоҳи иқлим, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс ва чашмаҳои нотакрори худ макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад, – илова кард хабарнигори рӯзнома Гулҷаҳон Кабирова.

Дар ошхонаи сиҳатгоҳ  таомҳои болаззати парҳезӣ ва «мизи витаминҳо»-ро омода мекунанд. Инчунин, майдони махсуси пиёдагардӣ ташкил гардида, дар он ҷараёни машқ асосан пойлуч гузаронида мешавад. Бино ба таъкиди мутахассисони осоишгоҳ ҳаракати ҷисмонӣ, махсусан пиёдагардӣ ба системаи ҳозима таъсири хуб расонда, гардиши хунро дар бадан беҳтар мекунад.

– Аз ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро барои табобат омадам, – мегӯяд Шаҳло Ҳотамова. – Дар осоишгоҳ барои табобату фароғат шароитҳо муҳайёст. Хусусан, чойҳои шифобахши гиёҳӣ ба мо қуввату кайфият мебахшад.

Қайд кардан лозим аст, ки ин ҳама шароитҳои мусоид натиҷаи ёрии бевоситаи иттифоқҳои касаба мебошад.

Бо мақсади таъмини истироҳати маънавии меҳмонон дар осоишгоҳ хонаи маънавият ва китобхонаи мӯъҷаз ташкил шуда, китобхонҳо дар онҳо метавонанд наздик ба 1135 адабиёти гуногунро мутолиа кунанд.

Дар ин маскан инчунин фаъолияти осорхона ба роҳ монда шуда, дар он  экспонатҳои гуногун, суратҳо аз таърихи осоишгоҳ ҷой гирифтаанд. Барои истироҳаткунандагон ба зиёратгоҳҳои водии Фарғона мунтазам саёҳатҳо ташкил мешавад.

Аз ҳама муҳимаш, дар осоишгоҳи  зебоманзари «Косонсой» дар чор фасли сол истироҳат кардан мумкин аст. Чуноне падари илми тиб Гипократ таъкид кардааст: «Духтур бемориро табобат мекунад, аммо табиат шифо мебахшад».

М. МАМАҶОНОВА, хабарнигори

«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: