Вақте бо донандаи касби худ, шифокори дӯстдоштаи бачаҳо Адолат Солиевна ҳамсуҳбат мешавед, дар шахсияти ӯ як зани бомаданият, дӯстдори касби худ ва масъулиятпеша пеши назар меояд.
... Адолат Назарова соли 1963 мактаби миёнаи рақами 3-юми шаҳри Каттақӯрғонро бо медали тилло хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултаи педиатрияи Донишкадаи давлатии тиббии Тошканд дохил шуд. Донишкадаро бомуваффақият ба итмом расонда, дар шифохонаи бачагонаи зодгоҳаш фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуд.
– Агар табиб ҳолати равонӣ ва дарди ҳар як бемори ба ҳузураш омадаро қалбан ҳис намояд, табобати ӯ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Меҳри табибе, ки беморро ба по хезонда, ба сиҳативу дарозумрии ӯ ҳисса мегузорад, дар дили мардум ҷой мегирад ва ба иззату эҳтиром сазовор мегардад. Шифокор ба ғайр аз доруву дармон бо забони ширин ва маданияти волои худ ба дарди бемор марҳам шуда метавонад. Ин гуна фазилатҳоро ман аз устодам Шифокори хидматнишондодаи Ӯзбекистон Нормурод Ҷабриев ва мураббии аввалинам Афифа Ҷалилова омӯхтам. Хидматҳои онҳоро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам, – мегӯяд мусоҳиби мо Адолат Назарова.
Ташкилотчигӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҷоннисориҳои А. Назароваро ба назар гирифта, роҳбарият ӯро ба муассисаи таълими тиббии шаҳр роҳбар таъин намуд. Адолат дар ин вазифа ҳашт сол кор кард. Соли 1978 ӯ дар шуъбаи бачагонаи шифохонаи шаҳр ба сифати ординатор, соли 1985 бошад, дар вазифаи мудираи ҳамин шуъба фаъолият бурд.
Хидматҳои беназири волидайни марҳумаш буд, ки ӯ дар муддати кӯтоҳ дар маҳаллаю коргоҳаш обрӯю эътибор пайдо кард.
Адолат қисми зиёди умри худро ба саломатии насли наврас бахшидааст ва алҳол ба синни нафақа расида бошад ҳам, кӯмаку маслиҳати худро аз беморон дареғ намедорад. Ӯ кадбону, модари меҳрубони фарзандону набераҳояш мебошад. Ҳамсараш Амон Назаров устои дасташ гул буд, фарзанди калонии онҳо Баҳромҷон низ касби падарро интихоб намуд. Донишкадаи сохтмону меъмории Самарқандро хатм карда, ҳоло дар соҳаи худ меҳнат мекунад. Шаҳодат муаллимаи таърих мебошад.
Ҳукумати ҷумҳурӣ хидмати пурмашаққат, вале бошарафи Адолатро муносиб арзёбӣ намуд, ӯ бо нишони сарисинагии Аълочии тиб, табиби тоифаи олӣ ва даҳҳо ифтихорномаҳо тақдир шудааст.
Баъд аз вафоти ногаҳонии шавҳараш, Адолат саъй мекард бори ӯро низ бар дӯш гирад, ҷойи холигии ӯро пурра намояд.
Оре, табиби ҳозиқ вақте дар чашмони беморони худ шуълаи умед ба ҳаётро мебинад, аз он меболад, ки дар роҳи сиҳатии мардум, хусусан кӯдакон, саҳм гузоштааст.
Ғ. ШУКУРОВ,
журналисти собиқадор.