ТАБИБИ ЧАШМ

Чашм аз беҳтарин неъматҳост, ки Худованд ба инсон арзонӣ доштааст.

Ҳамин дидагон ҳастанд, ки одам тавассути онҳо тамоми зебоиҳои зиндагиро мебинад, рангҳоро фарқ мекунад, шоҳиди ҳаводиси рӯзгор мегардад. Вале на ҳама ба қадри чашмони бино мерасанд. Хоса дар замони мо куфрони ин неъмат бештар мушоҳида мешавад. 
Мо ҳоло дар бораи шахсе мехоҳем сухан бигӯем, ки хатоҳои одамони нисбати сиҳҳатии худ бепарво ва фориғболро ба ислоҳ меорад. Фазлиддин Қаландаров аз табибони номвари шаҳри Самарқанд аст. Дониши фароху таҷрибаи тӯли солҳо андӯхтааш вайро дар байни мардум соҳибэҳтиром кардаанд. Вай пизишки бемориҳои чашм мебошад. Имрӯз ҷомеаи мо ба духтурони чашм ниёзи бештаре дорад. Чунки бо ривоҷ ёфтани илм ва технологияи нав, ба монанди телевизор, компутер ва васоити алоқаи мобилӣ фаъолияти узви босираи одамон халал пайдо кардааст. Ин иллат тақозо дорад, ки бахши офталмологияи тибб ривоҷ ёбад ва мутахассисони соҳа барои бартараф сохтани мушкилоти пешомада чораҳои муассир биандешанд. 
– Паст шудани неруи босира бештар дар байни кӯдакон ва наврасон ба мушоҳида мерасад, – мегӯяд Ф. Қаландаров. – Ин мушкилот барои кишварҳои ҷаҳон падидаи нав нест, онҳо барои ҳалли мушкили пешомада кайҳо корҳои хуберо ба сомон расонидаанд. 
Духтури чашм дар он назар аст, ки кӯдакон набояд ба дарозо ҷаҳоннамо тамошо кунанд. Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки модарон ба дасти кӯдакони худ чун бозича телефонҳои мобилиро медиҳанд. Он ба чашмони кӯдакони маъсум зиён карда, бемории миопия – наздикбиниро ривоҷ медиҳад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло аксари мардуми мо дар ҳаёти рӯзмарраи худ аз хидмати айнак истифода мекунанд ва солҳои охир бозори фурӯши он гарм шудааст. Ин аз он далолат мекунад, ки мардум дар неруи босираи худ иллат доранд ва замони кӯдакиву наврасӣ бинобар муносибати нохуш ба таҷҳизоти электронӣ ба фаъолияти чашмони хеш зарари ҷиддӣ расонидаанд. 20-30 соли пеш аз ин дар кишвари мо чунин мушкилот вуҷуд надошт, аммо аз ҷониби мутахассисони бахши офталмологияи тибб мунтазам ҳушдор дода мешуд, ки технологияи пешқадам боиси бемориҳои мухталифи чашм хоҳанд гашт. 
Имрӯз Фазлиддин Қаландаров ва мисли ӯ садҳо духтурони чашм барои табобат ва пешгирии бемориҳои узви босира часпу талош доранд. 
Фазлиддин Қаландаров зодаи деҳаи Хуфари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё мебошад, соли 1972 дар оилаи омӯзгор Саидумар Қаландаров ба дунё омадааст. Оила аз 6 нафар писару духтар иборат аст ва Фазлиддин фарзанди сеюмини хонадон маҳсуб меёбад. Вақте азизтарин инсон – модари мушфиқи онҳо Маҳтарам Маҳмудова дар 42-солагӣ бар асари саратони мағзи сар аз дунё гузашт, андешаи духтур шудану ба инсоният кумак расонидан дар сари Фазлиддини донишомӯзи дабистон маҳкам ҷой гирифт. Ин аст, ки бо маслиҳати устодон ба илмҳои кимиё, биология ва забону адабиёти рус бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Хеле мехост, ки мисли тағояш Хӯҷаназар Маҳмудов духтури ҳозиқе шавад ва ба мардум аз сидқ хидмат кунад. Ва ҳоло ӯ мегӯяд: – Кош модар зинда мебуду рӯзҳои неки фарзандонро медид, наберагони бешуморашро ба оғӯш мегирифту шоҳиди рӯзҳои некашон мешуд...  
Фазлиддин Қаландаров баъди хатми мактаби миёнаи рақами 8-уми Сариосиё ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд дохил мешавад ва ин даргоҳи илмро соли 1996 бо ихтисоси педиатр (шифокори кӯдакон) хатм мекунад. Солҳои зиёд дар шуъбаи клиникаи бемориҳои чашми Донишкадаи тиббии Самарқанд, дар поликлиникаи бачагонаи ноҳияи Сариосиё чун духтури чашм (окулист) кор мекунад. Аммо орзуи омӯхтани бештари илми тиб ӯро дубора ба Самарқанд раҳнамун сохт. Вай ду соли дигар дар орденатураи клиникии кафедраи маризиҳои чашми Донишгоҳи тиббии Самарқанд хонд. Пас, ду соли фаъолияти кории худро дар бахши тиббиёти шуъбаи корҳои дохилии вилояти Самарқанд гузаронид. Ҳоло дар поликлиникаи рақами 4 ва клиникаи хусусӣ кор мекунад.
Фазлиддин айёми мактабхонии худро ба ёд оварда, нақл мекунад, ки аввалин устоди ӯ Равшан Шоҳниёзов буд. Инчунин вай устодони худ Қурбонмурод Назаров, Ҳамроқул Муҳаммадов, Саидалӣ Муҳаммадқулов ва Суннатуллоҳ Соҳибовро ба некӣ ном мебарад. Фазлиддини духтур аз он меболад, ки аз устодон таълими дуруст гирифтааст. Ҳоло ӯ ба мизоҷони бешумораш ба забони дилхоҳи онҳо – тоҷикиву ӯзбекиву русӣ бе душворӣ суҳбат мекунад. 
«Ҳар кас ба забони худ 
сухандон гардад,
Донистани сад забонаш осон 
гардад»,
 – мегӯяд ӯ дар тақвияти фикри худ ва аз бефарқии баъзе тоҷикон нисбати забони модарӣ хафа мешавад. Фазлиддин ба ёд меорад, ки вақти имтиҳоноти қабул ба Донишгоҳи тиббии Самарқанд дар мавзӯи озод – «Касби аз ҳама даркорӣ» иншо навишта, пешаи кишоварзиро тавсиф ва деҳқониро саромади ҳама хушбахтиҳо тасвир карда буд. Ва ин байти Носири Хусрав меҳвари он иншои озоди ӯ буда: 
Ҷаҳонро хуррамӣ аз 
деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.
Фазлиддин Қаландаров ҳоло аз мутахассисони варзидаи соҳаи тибби бемориҳои узви босира мебошад. Ҳар рӯз даҳҳо беморро пазируфтаву ба дардашон шифо меҷӯяд ва маслиҳатҳои муфид медиҳад. Вай аз мизоҷони худ хоҳиш мекунад, ки дар паси монитори компутер дар як рӯз аз чаҳор соат бештар нашинанд, баъд аз 1,5-2 соат корро қатъ кардаву ба чашмони худ истироҳат диҳанд, ба дуриҳо нигаранд, ки ин амал барои чашмҳо хеле нафъовар аст. Ҳангоми истифода аз телефонҳои мобилӣ, кор бо компутер ва тамошои телевизион бояд аз айнакҳои махсус истифода кард. Дар акси ҳол неруи чашмон зудуда мешавад ва минбаъд аз эҳтимол дур нест, ки одам нобино гардад. Дар фасли тобистон истифодаи айнакҳои сиёҳ ҳатмист. Хоса дар муҳити Ӯзбекистон, ки тобистонаш хеле гарм мебошад. Ҳоло иқлими кишвари мо тағйир ёфта, ворид гардидани нурҳои инфробунафшу инфросурх бештар шудааст. Айнакҳои муҳофизатӣ шарти асосии барқарор мондани неруи босира мебошанд, – мегӯяд табиби чашм Фазлиддин Қаландаров. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: