Солҳои охир дар соҳаи тандурустӣ як қатор дигаргуниҳо ба амал омаданд, ки натиҷаи ислоҳоти доманадори ҳукумат ба шумор мераванд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои комилан тағйир додани низоми кор дар муассисаҳои тандурусӣ ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти онҳо дар роҳи ба мардуми эҳтиёҷманд расонидани ёрии сифатан баланди тиббӣ, дар ин замина беҳбуд бахшидани тандурустии халқ як қатор чораву тадбирҳои муассире андешидааст. Ба ҷуз аз таъмири куллии беморхонаҳо, сохтани дармонгоҳҳои нав, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин сохтани онҳо, ки аз ҳисоби буҷаи давлат маблағи зиёд сарф мешаванд, як идда лоиҳаҳои хуберо рӯи даст дорад, ки метавонанд тибби кишвари моро дар қаламрав ангуштнамо созанд. Агар солҳои пеш ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи тандурустии кишвар хеле маҳдуд бошад, ҳоло дар ин росто дарҳо васеъ кушода аст ва ҳукумат худ хушбин аст, ки сармоядорони хориҷӣ вориди ин бозори гарм гарданд ва соҳаи тандурустии мамлакати моро ба талаботи тибби ҷаҳонӣ мувофиқ созанд.
Аз ҷумла ба соҳибкорони маҳаллӣ роҳи васеъе боз гардидааст. Онҳо низ имконоти худро сарфи пешрафти соҳаи тандурустӣ менамоянд. Дар кишвари мо ба кушодани клиникаҳои хусусӣ низ иҷозат дода шуд. Ҳоло дар ин самт пешравиҳо назаррас буда, дар ҳар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ клиникаҳои хусусии табобативу ташхисотӣ дари худро ба рӯйи мизоҷон кушодаанд ва боз шудани онҳо рақобати озодро дар байни муассисаҳои тандурустӣ хеле ривоҷ додааст. Рақобатро мутахассисон аз омилҳои пешрафти кор медонанд, зеро маҳз ба туфайли он имкони интихоб бештар мешавад. Мардум ҳоло барои табобат ба он коргоҳҳои тиббӣ хоҳанд рафт, ки соҳиби мутахассисони баландпоя ҳастанд ва сифати корашон ба меъёрҳои байналхалқӣ мусоидат мекунанд. Бояд таъкид кард, ки иҷозат ёфтани низоми хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ ба сифати кор беҳбудӣ бахшида, ҳаҷми хидматрасониҳои босифатро боло бурдааст. Раҳбари давлати мо аз рӯзҳои нахустини кор соҳибкоронро муттакои боварибахши худ хонда буд ва барои онҳо тамоми шароитро муҳайё сохт, то коргоҳҳои худро фаъол созанд, худ даромаде ба даст оваранду буҷаи ҳукуматро низ ғанӣ гардонанд, ҷойҳои нави кории доимӣ офаридаву қишри бекори аҳолиро бо кор таъмин намоянд.
Ҳошимҷон Шукуров ҳам аз зумраи он кормандони тиб аст, ки даъватҳои Президенти кишварро дар робита ба ривоҷ додани соҳибкорӣ гарм истиқбол гирифт ва дар пайи татбиқ намудани ғояҳои худ азм намуд. Ҳошимҷон аз деҳаи кӯҳистонии Хуфари ноҳияи Сариосиё ба Самарқанд барои идомаи таҳсил омада, ба орзуяш расид. Вай ҳоло як мутахассиси варзидаи соҳаи тандурустӣ, соҳибкори муваффақе мебошад, ки илми дар ҷараёни таҳсилоти тӯлонӣ фарогирифтаашро бо амал тавъам сохтааст. Ҳошимҷон Шукуров соли 2018 ба клиникаи бисёрсоҳаи тиббии хусусӣ асос гузошт ва 15 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд. Инак шаш сол аст, ки клиникаи ӯ мунтазам амал мекунад. Айни ҳол моҳе 800 мизоҷ аз хидмати килиникаи ӯ истифода мебаранд ва ба дардҳои худ шифо меёбанд.
– Ба ҷуз аз аҳолии шаҳру навоҳии вилояти Самарқанд аз вилоятҳои дурдасти Сурхондарё, Қашқадарё, Ҷиззах ва Навоӣ низ корафтодагон ба клиникаи мо меоянд. Як қисми чашмгири мизоҷони моро аҳолии навоҳии наздимарзии вилояти Суғд ташкил мекунанд. Хоса, аз диёри Рӯдакии бузург – Панҷакенти бостонӣ корафтодагон бештар аз хидмати мутахассисони мо истифода мекунанд, – мегӯяд Ҳошимҷон Шукуров.
Аз сӯҳбат бо сартабиби клиникаи хусусӣ дарёфтам, ки минбаъд нақшаҳои хуберо дар амал татбиқ карданӣ аст. Пойгоҳи моддиву техникии коргоҳро ривоҷ дода, сифати корро боз ҳам баланд хоҳанд бардошт. Барои ин боз дастгоҳҳои зарурии замонавӣ харидан лозим аст.
– Агар то ин дам корҳоро бо маблағи оилавӣ ба роҳ монда бошем, ҳоло барои харидани таҷҳизоти ҳозиразамон аз бонкҳо қарзҳои дарозмуддати камфоиз дастрас карданием, – таъкид кард Ҳошимҷон Шукуров. – Коргоҳи мо бори як муассисаи калони тиббиро мекашад!
Дар ин ҷо шуъбаҳои офталмология, лор, терапия, урология, нейрохирургия, косметология, аллергология, лаборатория ва ҷарроҳӣ амал мекунанд. Дар он табибони соҳибтаҷриба Аҳрор Шодиев, Сабоҳат Маллаева, Суннат Бойбеков, Саидафзал Бобоев, Фазлиддин Қаландаров ва Фаридун Абдураҳмонов ифои вазифа доранд ва ҳар кадом дар пешбурди кор саҳми арзандае мегузоранд. Бояд таъкид кард, ки клиникаи бисёрсоҳаи хусусӣ дорои 20 ҷои табобатии статсионарӣ ҳам ҳаст. Аксари беморон табобати худро дар худи клиника хоб рафта ва зери назорати табибон идома медиҳанд.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик».