Духтурон дар саросари ҷаҳон шумораи зиёди бемориҳо ва авҷгирии бемориҳои музминро, ки ҳангоми сироят бо коронавирус ба вуҷуд меоянд, қайд мекунанд.
Табибони рус дар бораи баъзе бемориҳои эҳтимолан хатарнок, ки то охири умри ҳаёт боқӣ мемонанд, нақл карданд.
Ба гуфтаи коршиносони рус, ки паёмадҳои сирояти COVID-19-ро омӯхтанд, тақрибан дар ҳар як ҳафтумин бемор рушди диабети навъи 1 ва навъи 2-и қанд мушоҳида шудааст. Инчунин, фибрози шуш ба бемории оммавӣ дар байни онҳое, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, табдил ёфтааст, менависад Infokam.
"COVID-19 вобаста ба штамм пневмонияро ба вуҷуд меорад, ки ба фибрози шуш мегузарад. Дар натиҷа, бофтаи шуш ба афзоиш ва доғдор шудан оғоз мекунад. Дар давраи барқароршавӣ, ҷузъҳои зарардида пурра ҷуброн карда намешаванд ва дар бисёр минтақаҳои шуш доғҳо абадӣ боқӣ мемонанд” -- гуфт мутахассиси бемориҳои сироятӣ Елена Мескина,.
Баъзе беморон метавонанд илтиҳоби мушакҳои дил, сактаи дил ва инсултро инкишоф диҳанд.
"Коронавирус ба дил таъсир мерасонад, ки боиси сактаи дил ва илтиҳоби мушакҳои дил мешавад, ки онро миокардит низ меноманд", -- гуфт табиб.