ТАБОБАТ – САНЪАТИ ОЛИҶАНОБ

Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд дар кишвар ва Осиёи Миёна нуфузу шуҳрати хосса дорад.

Зеро хатмкунандагони он дар бисёр мамлакатҳо посбони саломатии мардум буда, бо корҳои илмӣ машғуланд.
Дар арафаи Соли нав хабарнигори мо бо ректори он, доктори илм, профессор Азамат Шамсиев ҳамсуҳбат шуд.
Бинои зебо, мӯҳташам ва замонавӣ дар маркази шаҳр, дар шафати мармарбозор ҷойгир аст. Ҳар шахсе, ки ба донишкада қадам ранҷа мекунад, шиносоии ӯ бо он аз осорхона оғоз меёбад. Мудир ва асосгузори вай Фазлиддин Аслиддинови 95-солаи зиндадил, ки худ қомуси донишкада асту ҳофизаи мустаҳкам дорад, зоиронро бо экспонатҳои дар се хона бо ҳавсала ҷамъкардааш шинос мекунад. Вай ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ озод ва фаҳмо ҳарф мезанад. Ӯ иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқ мудири кафедра аст. Номзади илм, профессор мебошад. 
Мо пас аз бо таърихи донишкада аз наздик шинос шудан  бо ректор суҳбат кардем. 
– Дар арафаи Соли нав як гурӯҳ ҳамкасбон аз Тоҷикистони бародарӣ ташриф оварда, бо фаъолияти донишкадаи мо шинос шуданд, – гуфт бо ҳисси шодмонӣ Азамат Муҳиддинович. – Ба меҳмонон таърих ва кори имрӯзаи донишкада таассуроти калон гузошт. Воқеан, собиқ хатмкардагони мо дар Тоҷикистон низ хидмати шоиста карда, соҳиби эҳтиром ҳастанд. Яке аз симоҳои шинохта академик Ҳамид Мансуров мебошад, ки соли 1947 бо диплом ва роҳхати донишкада то охири умр дар Душанбешаҳр фаъолияти пурарзиш дошт. 
– Муҳтарам Азамат Муҳиддинович, биёед, суҳбатро аз илми табобат оғоз кунем.
– Пайғамбари илми табобат, аллома Абӯалии Сино дар асари пурмуҳтавои худ «Ал-қонун», ки беш аз 300 сол дар Аврупо китобу дастури рӯйимизии шифокорон буд, чунин менависад: «Тиб илмест оид ба омӯхтани тани инсон...» Боз як донишманди дигар Исмоили Ҷурҷонӣ дар асари «Захираи хоразмшоҳӣ» табобатро санъат медонад. Пири комили илми тиб Гипократ гуфта буд, ки табобат дар байни санъатҳо санъати олиҷаноб аст. 
Тиббиёт аз илму ҳирфаҳои қадимтарини инсонӣ буда, он дар ибтидо амалиёти оддӣ ва содда буд. Дар ривоҷи санъати табобат олимони Мисри қадим, Ҳиндустон, Юнони қадим, Рим ва Осиёи Миёна, аз он ҷумла гузаштагони мо, саҳми муносиб гузоштаанд. Шояд шумо донед, ки ибораи «медитсина» аз ибораи «мадади Сино» ташаккул ёфтааст. Ман ин ҳақиқатро дар анҷуманҳои бонуфузи воқеъ дар қитъаҳои Амрико, Аврупо, Австралия, Африқо борҳо бо ифтихор такрор кардаам.
— Дар бораи донишкадаи худ, ки ин ҷо таҳсил гирифтед ва беш аз 15 сол роҳбар ҳастед, чиҳо метавонед бигӯед?
– Донишкадаи мо бо қарори Шӯрои комиссариати халқии Ӯзбекистон аз 7 майи соли 1930 таъсис ёфт. Нахустин директор Лев Саломонович Немсов буд. Дар ҳамон вақт 160 талаба ба хондан қабул шуд. Ба онҳо 19 нафар омӯзгор таълим медоданд, ки 3 нафарашон унвони профессорӣ доштанд. Бо гузашти айём донишкада ҳаматарафа ривоҷ ёфт. Дар байни собиқ фориғуттаҳсилини донишкада чанд нафар академик шуданд, ки И.Мӯсоев, У.Арипов, И.Зокиров, Р.Ҳаитов, Ҳ.Мансуров ва дигарон аз ин ҷумла ҳастанд. Собиқ вазирони тандурустии Ӯзбекистон Ю.Отабеков, Ҳ.Зоҳидов, С.Арипов шогирдони мактаби олии тиббии Самарқанд мебошанд. Садҳо нафар унвони доктори илм, профессор ва номзади илм доранд.
Имрӯзҳо дар донишкада 4 ҳазору 47 нафар талаба асрори табобатро меомӯзанд. Ба онҳо 710 нафар профессору муаллимони ихтисосашон гуногун таълиму тарбия медиҳанд. Барои дониши пурра ва дар андозаи байналхалқӣ сабақ гирифтани шогирдон ду миллиард сӯмина маблағ харҷ гардид. Беш аз ду ҳазор  компутер, 57 адад ноутбук, 48  телевизор дар ихтиёри толибилмон мебошанд. Инчунин китобхона, маркази захираи ахбор, толори варзиш, лаборатория, қасри маданият, хобгоҳ дорем, ки донишҷӯён аз онҳо пурсамар истифода мебаранд. 
– Риштаҳои ҳамкорӣ бо ҳамкасбони хориҷӣ чӣ хел аст?
– Ҳоло донишкадаи мо бо беш аз 50 маркази илмиву тадқиқотӣ ва мактабҳои олии хориҷӣ алоқа дорад. Ҷуғрофияи мо фарох ва серҷабҳа мебошад. Риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Полша, Куриёи Ҷанубӣ, Португалия, Туркия, Русия, Тоҷикистон, Фаронса, Ҷопон, Ҳиндустон ва ғайра мустаҳкаму самарабахшанд. Танҳо соли гузашта 60 нафар профессору омӯзгорони мо дар Аврупо ва мамлакатҳои Иттиҳод сафар намуда, такмили ихтисос карданд. Дар шифохонаҳои Самарқанд хориҷиён низ таҷриба меомӯзанд.
– Албатта хабар доред сарвари давлат дар маърӯзаи бахшида ба 26-умини солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис ба  тиб соҳаи тиб ва табобат низ эътибор дод.
– Боиси таҳсин аст, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба масъалаҳои куллан беҳтар намудани хидмати тиббӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Зеро мақсади ислоҳоте, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ ва алалхусус ба вуҷуд овардани шароити муносиби табобат ва ҳифзи саломатии мардуми Ӯзбекистон аст. Дар мамлакатамон барномаҳои муҳим қабул мегарданд, ки ба мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ равона гардидаанд. Бо Фармони Президенти кишвар Консепсияи рушди низоми тандурустӣ дар солҳои 2019-2025 қабул гардид, ки бино бар он барои инкишофи муассисаҳои хусусии тиббӣ низ корҳои зиёд амалӣ мешаванд. 
– Бо нақшаҳои ояндаи ин даргоҳи олӣ шинос мекардед?
– Алҳол дар пояи лоиҳаи пурарзиш бинои сеошёнаи донишкада бунёд мегардад, ки мислаш дар Осиёи Миёна нест. Он ба тамоми талаби замон ҷавобгӯ хоҳад буд. Ният дорем, ки дар соли хониши нави 2019 меҳмонону мизбононро ба ифтитоҳи бинои нав даъват намоем. Ғайр аз он риштаҳои дӯстӣ бо донишкадаҳои ҷаҳон густариш хоҳад ёфт. Боз як навид он аст, ки мехоҳам хотироти худро доир ба донишкада ва таърихи он рӯйи коғаз оварда, онро ба ҳукми мухлисону дӯстон ҳавола намоям. Охир қариб 50 сол боз бо табобат сарукор дорам. Дар бораи шифокорону илми тиб садҳо асарҳоро мутолиа намуда, ба хулоса омадам, ки акнун навбат ба қалам аст.
– Азамат Муҳиддинович, ниҳоят таманнои шумо дар Соли нав?
– Дар арафаи Соли нав Самарқанди бостонӣ либоси сафед пӯшид. Аз барфи лаклакӣ пиру барно хурсанд. Бориш шавад, нони гандум зиёд, дасторхони мардум пурфайз мешавад. Аз имконият истифода бурда, тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» тамоми мардуми Ӯзбекистони офтобрӯяро бо Соли нави 2019 табрику таҳният намуда, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Барои шифокорон фармудаи адиби бузурги рус Чеховро такрор мекунам: «Табобат ҷасорат аст, ин пеша фидокорӣ ва тозагии қалбу фикрро тақозо дорад».
Бигузор, шогирдону ҳамкасбонамон ба савганди худ содиқ монда, табобатро ҳамчун санъати олиҷаноб эъзоз намоянд.

Суҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: