ТАБОБАТИ ХАЛҚӢ ВА ЗАМОНАВӢ – ДУ ШОХАИ ДАРАХТИ ОФИЯТ

10 апрели соли 2020 қарори Президенти мамлакатамон “Дар бораи чораҳои иловагии рушди табобати мардумӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба имзо расид.

10 апрели соли 2020 қарори Президенти мамлакатамон “Дар бораи чораҳои иловагии рушди табобати мардумӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба имзо расид. Бо шарофати он, гуфтан мумкин, табобати халқ, ки яке аз муҳимтарин шаклҳои саломатии аҳолӣ буда, аз сарчашмаҳои таърихи куҳан об хӯрдааст, дар кишвари мо ривоҷи тоза ёфт. Назари мардум нисбати он дигар гардид. Зиддият ва якдигарнофаҳмиҳо миёни сохторҳои саломатии назди Вазорати тандурустӣ ва табобати мардумӣ як дараҷа барҳам хӯрданд. Ба ҷои якдигарро танқид кардан ва пастзаниҳо тӯли як-якуним соли охир бо маслиҳат коркунӣ, ҳамдигарро дастгирисозии намояндагони тибби замонавию аҷдодӣ  ба назар мерасад, ки ин басо хушоянд.
Тавре дар қарор қайд гардида, ҷиҳати ба амал татбиқнамоии консепсияи рушди сохтори нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ ва профилактикаи аҳолӣ аз бемориҳое, ки гузаранда нестанд, таъмини самаранокии  кӯмаки тиббӣ дар доираи консепсияи  дастгирии тарзи солими зиндагӣ ва баланд бардоштани дараҷаи фаъолнокии ҷисмонии аҳолӣ, ҷорӣ сохтани комёбиҳои фанни замонавӣ ва технологияҳои асрӣ дар тиббиёт корҳои васеъмиқёс ба амал бароварда шуданд.
Дар таъмини саломатии аҳолӣ, расонидани кӯмаки тиббӣ-санитарӣ, профилактика ва муолиҷаи бемориҳои давомнок табобати мардумӣ низ саҳми арзанда дорад. Вале наҳамеша хидматҳое, ки тибби мардумӣ дар ин самт кардааст, сазовор қадр ёфта ва беҳтарин таҷрибаҳое, ки тӯли солҳои зиёд  андӯхта шудаанд, оммавӣ гардонида мешаванд. Боз ҳам такмил бахшидани механизмҳои баҳогузорӣ ба тибби мардумӣ – тақозои давр. Муттасил интегратсиясозии табобати мардумӣ ба сохтори тандурустӣ, айни замон, аз масъалаҳои муҳим.
Алъон дар як қатор кишварҳои дунё, минҷумла Чин, Ҷопон, Ветнам, Куриё, Малайзия ва ҳоказо ба табобати мардумӣ мақоми давлатӣ дода шудааст.
Созмони ҳифзи тандурустии ҷаҳон дар ҳузури СММ аз охирҳои садаи сипаришуда то рӯзҳои мо оиди амиқ омӯхтани табобати мардумӣ ва пеш бурдани тадқиқотҳои илмӣ дар ин самт якчанд  қарор қабул намудааст. Зимнан, табобати мардумӣ беш аз панҷ ҳазор сол инҷониб дар роҳи беҳсозии солимии мардум хидмат менамояд. Ин тавр, ки ҳаст, мо аз усулҳои самараноки он бояд оқилона истифода намоем. 
Мо, дар навбати аввал, ба комёбиҳои тибби замонавӣ такя мекунем, бемор, ки шудем, ба духтурҳо муроҷиат мекунем. Ин як ҳолати табиист. Ҷарроҳиҳои мураккаби чашм, қалб, системаи асаб ва ҳоказо маҳз дар беморхонаҳо гузаронда шуда дасти сабуки духтурон муъҷизавӣ ба назар метобад. Маҳз бо истифода аз комёбиҳои тибби замонавӣ, маҳорати баланди касбии шифокорон дар шуъбаҳои эҳё (реаниматсия) беморон дубора ба ҳаёт бармегарданд. Ҳабдору ва сӯзандору, усулҳои зиёди муолиҷа дар беморхонаҳо ба шифоёбӣ – аз дард фориғшавии беморон сабаб мегарданд, ки ин ба ҳама маълум.
Вале ҳабдоруҳои кимёвӣ, ки баъзеашон чун санг сахтанд, аз зарар низ холӣ не. Қабули зиёди онҳо организмро аз ҳол меравонад.
Мутафаккире фармуда: “Маҳз медитсинаи анъанаҳои табобати мардумиро дар худ муҷассамнамуда, яъне интегратсияшуда – медитсинаи истиқболнок”.
Имрӯзҳо 50-80 фоизи аҳолии дунё баробари тиббиёти замонавӣ  аз беҳтарин усулҳои табобати мардумӣ истифода менамояд.
Вақтҳои охир дар ҳаёти халқҳои бисёрмиллати Ӯзбекистон низ тибби халқӣ ё худ табобати мардумӣ, муолиҷа бо усулҳои табиӣ (натуралӣ) торафт мавқеи хосса пайдо менамояд. Фитотерапия (табобат бо рустаниҳо) дар амалиётҳои тиббӣ-илмӣ  мақоми устувореро соҳиб мегардад.
Табиист, ки истифодаи “Дорухонаи табиат” дар рӯзгори кунуниамон эътибори тоза пайдо мекунад, аз ин рӯ зарурияти омӯхтану донистани табиат ва асрори олами рустаниҳо ба миён меояд ва бояд ҳамин тавр ҳам шавад, таъкид сохтааст рустанишинос Собитҷон Асқаров дар китоби худ “Рустаниҳои шифобахши Сӯх”. Вай, айни замон, гӯшрас месозад, табибию табобат, тавре, ки баъзеҳо гумон мекунанд, кори саҳл нест. Зеро ҳангоми даст задан ба коре, ки ба ҳаёти инсон вобастагӣ дошта бошад, ниҳоят эҳтиёткор ва самимӣ буданро тақозо менамояд. Рустаниҳои шифобахш, зимнан, мувофиқи қонуни тибби қадим мизоҷи худро доранд. Бояд ба бемор ҳамон гиёҳи шифобахшеро тавсия кард, ки ба мизоҷи бемор мувофиқ бошад. Дигар, рустаниҳое, ки шифобахш мепиндорем, айни замон, заҳрдор буданашон мумкин. Аз ин рӯ табобати мардумӣ куллан бехавф гӯем, хато мекунем.  
Пеш аз истифодаи рустаниҳои шифобахш гирифтани маслиҳати духтурон ва мутахассисон аз аҳамият холӣ нест. Ба табобати худсаронаю кӯр-кӯрона роҳ додан нашояд.
Баъзе касон ба табибҳо умуман бовар намекунанд, ҳатто аз болои касҳое, ки ба табибон муроҷиат кардаанд, механданд. “Ба духтур равед!” – маслиҳат медиҳанд онҳо. Тоифаи дигар, баръакс, ба табибон ва тибби мардумӣ ихлос доранд. 
Дар масъалаи муолиҷа ҳар кас метавонад ба кас ё ҷои дилхоҳаш муроҷиат намояд. Дар Конститутсия асоситарин ҳуқуқҳои шаҳрвандони мо муайян карда шудаанд, аз ҷумла, дар моддаи 40-уми он “Ҳуқуқи ҳар як инсон дар истифодаи хидматҳои малаканоки тиббӣ” кафолатнок гардонда шудааст.
Ҳар як хидмате, ки ба аҳолӣ расонда мешавад,  аз ҳама муҳимаш, бояд малаканок бошад. Ҳатмияти хушсифатии хидматҳо, тавре мебинем, дар ҳуҷҷатҳои қонунгузории амалкунанда алоҳида зикр ёфтааст.
Хуб мешуд ҳар гуна фаъолияте, ки ба муҳофизат ва барқарории саломатии инсон нигаронда шудааст, ҳатман аз ҷониби духтур ё табибҳои воқеӣ пеш бурда шавад. Вале ҳазор афсӯс, дар баъзе муассисаҳои тиббии мо духтурҳои чаласавод ёфт мешаванд. Ё худ табибони сохта низ хеле зиёд. Як зумра шахсҳое, ки диплом доранд ва дар муассисаҳои тиббӣ кор кардаанд, баъди баромадан ба нафақа ба табибӣ шуғл меварзанд. Ба ҳар ҳол онҳо аз нозукиҳои табобат то андозае хабардор, дар вақти диплом гирифтан мувофиқи моддаи 44-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон қасамёд кардаанд, ки “Барои идома додани анъанаҳои башаъни Буқрот, Абӯалӣ ибни Сино барин табибони бузург тантанавор савганд ёд мекунам”. Онҳо масъулияти шифокориро ҳис мекунанд... 
Вале боз мегӯянд, табиб бояд модарзод бошад. Вақте Худо истеъдоди табибӣ ато накард, ягон диплом ба ҳақиқӣ будани он табиб кафолат дода наметавонад.
Айни замон дар рӯзгори мо нафароне ҳам, ки истеъдоди модарзод дошта, дар муассисаҳои тиббӣ таҳсил гирифта, ҳам аз асрори табобати халқӣ ва ҳам  тибби замонавӣ воқифанд, табибӣ мекунанд ва байни халқ чун табиби ҳақиқӣ маълум ва машҳуранд. Масалан, аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона –Ҳаёттабиб ва Наҷмиддинтабиб, аз ноҳияи Уйчии вилояти Намангон – Мансурхонтабиб ва ҳоказо. Аз хидмати беминнат ва софдилонаи онҳо ҳазорон нафар ба дарди худ шифо ёфтаанд. Барои онҳо пул (ҳаққи хидмат) – беаҳамият. Бемор чун шифо ёфт, барояшон мукофоти бузург.
Мутаассифона, ин гуна табибҳо – ангуштшумор. Вале табибони сохта торафт зиёд мешаванд. Мисолан, тавре нақл карданд, зани миёнсоле аз деҳаи атрофи Сӯх худро табиб эълон карда, бо лофу газоф аз соддалавҳҳо пул мерӯёндааст. Мегуфтааст, дипломи духтурӣ низ дорам, дар вақти холӣ ҳоҷати беморҳоро мебарорам. Вай бо доштани дасти мизоҷ гӯё дарди ӯро аниқ сохта, ретсеп менавиштааст ва мегуфтааст ин таблеткаҳо аз Русия ёфт мешаванд, нархашон фалон, агар хоҳӣ, худам ёфта доданам мумкин. Ҳамин тариқ дорувори дар дорухонаи худамон арзонро бо нархи гарон мефурӯхтааст бо қаллобӣ.
Фақат ин гуна табибони сохта қаллобӣ мекунанд? Баъзе дипломдорҳо дар беморхонаҳои давлатӣ-чӣ? Рӯйхати доруҳои ба хаёлашон омадаро менависанд, бо дорухонаҳо алоқа мекунанд, корафтода сар ба санг зада пайдо мекунад доруҳоро. Вале духтур он доруҳоро дар вақти табобати бемор пурра истифода кард ё накард (ба дорухона баргардонд), ба Худо аён.
Хуб мешуд барои барҳам задан ба ин гуна ҳолатҳо  чораҳо қатъитар шаванд.
Барои фаъолияти озодонаи онҳое, ки ба табобати халқӣ машғуланд, шароит мусоидтар гарданд. Ҳамкорӣ байни табибони воқеӣ ва мутахассисони соҳаи тиб (инчунин рақобати солим) мустаҳкамӣ касб намояд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири 
“Овози тоҷик”.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: