ТАБОДУЛИ МОЛИ ӮЗБЕКИСТОН БО МАМЛАКАТҲОИ ҲАМСОЯ ХЕЛЕ АФЗУД

Бино бар фикри коршиносони Eurasianet.org, озодсозии савдо дар Ӯзбекистон метавонад ба иқтисодиёти тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсири мусбат дошта бошад.

Дар солҳои наздик иқтисодиёти Ӯзбекистон, бинобар пешгӯиҳо, бо суръати хуб пеш хоҳад рафт, ки дар натиҷаи он шаҳрвандон дар истеъмоли мол ҳарчи фаъолтар хоҳанд гардид.
Дар баробари ба ҳокимият расидани Шавкат Мирзиёев соли 2016 Ӯзбекистон аз ҷудоии бисёрсолаи иқтисодӣ раҳо ёфт. Ҳукумат чандин ислоҳотро татбиқ намуд: табодули сӯмро озод сохт, таҷдиди назари низоми андозро оғоз намуд, сифати омори расмиро баланд бурда, маҳдудиятҳои тиҷоратиро озод кард. Ҳамзамон муносибат бо ҳамсоягон босуръат беҳтар гардид. Дар замони Президент Ш.Мирзиёев Ӯзбекистон яке аз омилҳои муҳими дубора ворид гардидан ба минтақа гардид, ки дар ин ҷиҳат аз аввали солҳои 90-ум тамоман тамоили чаппа ба назар мерасид. 
Ӯзбекистон ягона ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо тамоми дигар ҷумҳуриҳои минтақа ҳамсарҳад мебошад. Гузашта аз ин дар ҳоле, ки молики иқтисодиёти аз ҳама диверсификатсияшудаи минтақа мебошад ва ҳамчунин соҳиби пойгоҳи тараққиёфтаи истеҳсолӣ аст, Ӯзбекистон бисёр чизҳоро метавонад ба ҳамсоягон пешниҳод созад.
Маълумотҳои мавҷуда аз тағйироти  рӯйдиҳанда далолат медиҳанд. Аз давраи соли 2017 то соли 2018 воридоти Ӯзбекистон аз Қазоқистон ба 569 миллион доллар (каме бештар аз 53 фоиз) афзуд. Худи ҳамин сол табодули умумии мол бо Қирғизистон аз 242 миллион доллар то 462 миллион доллар расида, бо Туркманистон аз 159 миллион доллар то 274 миллион доллар расид. Тавре ки маълумотҳо далолат менамоянд, афзоиши зиёди якбора дар савдо бо Тоҷикистон (131 фоиз) – аз 124 миллион доллар то 287 миллион доллар ба назар мерасад.
Ин тамоил идома дорад. Бинобар маълумотҳои охири СБА, дар панҷ моҳи аввали соли 2019 табодули моли Ӯзбекистон бо дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ 1,7 миллиард долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,6 фоиз зиёд аст.
Аввалин ислоҳоти иқтисодиро ба амал татбиқ намуда, дастрасиро ба асъори хориҷӣ барои воридкунандагон содда намуда, Тошканд мамониатҳои мавҷударо дар савдо байни Ӯзбекистон ва ҳамсоягони он бартараф намуд, менигорад Eurasianet.org.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: