ТАБРИК БА МАРДУМИ ӮЗБЕКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ИДИ РАМАЗОН

Ҳамватанони муҳтарам!

Тамоми аҳли исломи мамлакат, тамоми халқамонро аз таҳти дил самимона бо иди муқаддаси Рамазон табрик менамоям.
Дар ин лаҳзаҳои хайр, хусусан вақте ки чунин сифатҳои хуби маънавӣ мисли некӣ, шафқат ва инсонпарварӣ равшан зуҳур мегардад, ҳамаи мо аз Офаридгор барои чунин рӯзҳои равшан шукргузорӣ менамоем. Якҷоя бо оила ва халқамон ин иди гувороро ҷашн намуда, мо барои боз ҳам мустаҳкам намудани муҳити ҳусни тафоҳум ва мусолиҳа дар ҷамъият, зуҳур намудани ғамхорӣ ва эътибор ба солхӯрдагон, занон ва кӯдакон, мададрасонии беғараз барои онҳое, ки ба ин эҳтиёҷ доранд, кӯшиш менамоем.
Бояд таъкид кард, ки ин азмҳои нек аз рӯи маъно ва мазмун бо ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон бо мақсади дохил гардидан ба қатори мамлакатҳои рушднамудаи ҷаҳон бурда мешавад, таъмини ҳаёти муносиби халқамон ҳамоҳанг аст.
Аз ин нуқтаи назар барои мо нигоҳ доштани махсусияти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, таърихи қадима ва маданияти бой, омӯзиши амиқ ва васеъ оммавӣ намудани онҳо чун вазифаи муҳим боқӣ мемонад.
Гунае, ки ба шумо маълум аст, дар солҳои охир дар ин самт дар мамлакат корҳои бузург, аз он ҷумла муассисаҳои таълимии нави илмӣ, маданӣ ва динӣ таъсис мегарданд, масканҳои зиёратӣ обод мегарданд.
Дар рӯзҳои муқаддаси Рамазон масҷидҳои ҷомеи нав: дар Тирмиз – ба номи илоҳишиноси бузург Ҳаким Тирмизӣ, дар Тошканд ба номҳои уламои маъруф Сузукота ва Шайх Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф кушода шуданд.
Дар доираи татбиқи барномаи маҷмӯии бозсозиҳои иҷтимоиву маънавӣ, ки бо номи «Панҷ ташаббус» маълум аст, дар маҳалҳо барои беҳсозии шароити меҳнат ва ҳаёти одамон, дар навбати аввал ҷавонон ва занон корҳои зиёд анҷом дода шуд.
Ташаббуси Ӯзбекистон, ки дар асоси принсипи «Маърифат – бар зидди ҷоҳилӣ» пешбарӣ шудааст ва барои нигоҳдории сулҳ ва оромӣ, таъмини озодии виҷдон, таҳаммули байнидинӣ, то ба ҷамъияти ҷаҳон расондани моҳияти инсонпарварии ислом ҳидоят менамояд, дар ҷомеаи ҷаҳон васеъ дастгирӣ мегардад.
Дар ин ҷашни мунаввар мо аз таҳти дил аҳли исломи мамлакатҳои дуру наздики хориҷ– тамоми дӯстон ва шарикони худро табрик менамоем, барои тамоми халқи ҷаҳон фараҳмандӣ ва шукуфоӣ таманно дорем.
Дӯстони азиз!
Дар ин рӯзҳои гуворо, вақте ки дар тамоми атроф рӯҳи шодиовари Рамазон эҳсос мегардад, дар мамлакатамон бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити муносиби баргузории ҷашн 5 ва 6 июн рӯзҳои истироҳат эълон гардиданд.
Тавре ки дар ҳадиси муқаддасе, ки аз ниёи бузургамон Имом Бухорӣ расидааст, «мусулмони ҳақиқӣ барои дигарон, чун барои худ, фақат некӣ мехоҳад».
Воқеан, корҳои нек анҷом додан, поквиҷдонона меҳнат кардан, дар андешаи бахти оила, фарзандон, халқи худ будан маҳаки муҳимтарини эътиқоди ҳар як мусулмон ба шумор меравад.
Муътақидам: агар мо ҳамеша бо дили кушоде, ки бо нури каромати Офаридгор пур аст зиндагӣ намоем ва ҳамзамон бо эҳсоси комили талаби давр бо дастёбӣ ба фатҳи илм ва тараққиёт, содиқона ба Ватан ба хотири шукуфоии он хидмат намоем – албатта ба мақсадҳое, ки дар назди худ гузоштаем, ноил мегардем.
Ҳамватанони азиз, бори дигар шуморо бо ҷашни иди Рамазон табрик менамоям ва барои ҳамаатон сиҳҳатмандӣ, бахт ва фараҳмандии оилавӣ таманно дорам.
Бигзор, тамоми ният ва кӯшишҳои неки халқамон ҷомаи амал пӯшад!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: