ТАБРИКИ ИДОНА БА МАРДУМИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳамватанони азиз!
Шумо, тамоми мардуми бисёрмиллатамонро бо санаи муҳим – 29-умин солгарди қабул гардидани Қонуни Асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик менамоям.
Мутаассифона, бинобар дар тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла дар мамлакатамон низ  идома ёфтани пандемияи коронавирус мо имсол низ бахшида ба Рӯзи Қонуни Асосӣ тантанаҳоро васеъ баргузор карда натавонистем. Сарфи назар аз ин ҷашни имрӯза қалбҳоямонро аз шодӣ лабрез менамояд, онро дар хонаводаҳо, ҷамоаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо бо хушнудии зиёд қайд менамоянд.
Дӯстони муҳтарам!
Ҳамаи мо нек медонем ва олӣ арзёбӣ менамоем, ки Қонуни Асосӣ, ки қомуси асосии ҳаётамон ба шумор меравад,  чун заминаи мустаҳками тамоми муваффақият ва дастовардҳоямон дар солҳои истиқлолият хидмат менамояд.
Ба Конститутсияамон такя намуда, мо панҷ сол пеш аз ин Стратегияи амалиётро қабул намудем ва ислоҳоти доманфарохро, ки ба сохтмони Ӯзбекистони Нав нигаронда шудааст, оғоз намудем. Дар давраи кӯтоҳи гузашта соҳаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву маънавии ҳаёти ҷамъиятамон куллан тағйир ёфт. Истиқлолият ва шаффофӣ, волоияти қонун, ҳамкории муфиди тарафайн бо ҷомеаи ҷаҳон самтҳои асосии сиёсати давлатамон гардид.
Мо дар роҳи нуктаҳои Қонуни Асосӣ, ки сохтмони давлати демократии ҳуқуқӣ ва озоди ҷамъияти шаҳрвандиро илқо менамояд, собит ҳастем ва дар ин роҳ кори бузурги амалиро татбиқ намуда, дониш ва таҷрибаи зиёд ғун намудем.
Бинобар меъёри конститутсионии «Халқ манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад», мо маҳаки фаъолияти худро мулоқоти доимӣ бо халқ муайян намудаем, низоми босамари ҳисоботдиҳии роҳбарони мақомоти давлатӣ дар назди шаҳрвандон роҳандозӣ гаштааст.
Дар кори мақомоти давлатӣ шаффофият ва ошкороӣ ҳарчи бештар ба назар мерасад. Сенаторон ва депутатҳо, вазирон ва ҳокимон, тамоми шахсони соҳибмансаб бевосита бо аҳолӣ мулоқотҳо намуда, то ҳалқаи поёнӣ, маҳаллаҳо расида, дар ҷойҳо мушкилоти одамонро ҳаллу фасл мекунанд.
Имрӯз шаҳрвандони мо дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаҳои қарор ва қонунҳои муҳим, масъалаҳои босамар истифода намудани маблағи буҷа, харидҳои давлатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар асоси ин ҳамкорӣ байни ташкилотҳои давлатӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ, назорати ҷамъиятӣ ба дараҷаи нав баромад.
Барои ҳамватанонамон имконоти васеъ барои зиндагии озод дар ҳар минтақаи мамлакат, ба даст овардани манзил ва ҳар гуна амволи ғайриманқул, касб намудани шаҳрвандӣ, таълим, фаъолияти меҳнатӣ, шуғли соҳибкорӣ ва даромади собит, дастрасӣ ба ҳар гуна хидмати давлатӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Аз ҳама муҳимаш чунин тағйиротро ҳар як одам имрӯз мебинад ва дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос мекунад.
Махсус бояд таъкид кард, ки коре, ки давлат дар бобати таъмини ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандони Ӯзбекистон дар хориҷ аз кишвар  шурӯъ намудааст, барои афзоиши муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси муътамадии ҳамватанонамон, ки дар дигар мамлакатҳо иқомат мекунанд, хидмат мекунад.
Дар дарёфти чунин натиҷаҳо, бинобар талаботи Қонуни Асосӣ ва қонунҳоямон, қарор бо иштироки ҷомеаи васеъ дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, бо манзил таъмин намудани аҳолӣ, мушкилоти соҳаҳои тандурустӣ ва таълим ва ҳамчунин меҳнати маҷбурӣ, аз он ҷумла меҳнати кӯдакон, бекорӣ, қашшоқӣ, мубориза бар зидди коррупсия нақши муҳим дорад.
Шоистаи таъкид аст, ки нахустин натиҷаҳои мусбатро кори бонизом дар асоси дафтарҳои «оҳанӣ», «занон» ва  «ҷавонон» дар қисматҳои маҳаллаҳо ва ҳар як хонавода, ки дар мамлакатамон бо мақсади бартарафсозии мушкилоти иҷтимоӣ татбиқ мегардад, медиҳад. Ҳамзамон ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои собиқадорони муҳтарам, занон, ҷавонон, қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Инчунин фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ назаррас мегардад. Он чиз аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фақат соли ҷорӣ аз ҷониби ниҳодҳои мазкур беш аз 29 ҳазор мушкилоти шаҳрвандон ба таври мусбӣ ҳал гардида, нисбати роҳбароне, ки ба вазифаи худ бемасъулиятона бархурд менамоянд, чораҳои қонунии марбут андешида мешавад.
Дар низоми суд ислоҳоти куллӣ татбиқ мегардад, ки дар ҳимояи ҳуқуқи инсон аҳамияти муҳимро молик аст. Аз он ҷумла, идораи назоратӣ бекор гардида, тартиби бевоситаи баррасии шикояти шаҳрвандон ва адвокатҳо мисли эътирози прокурор муқаррар карда шуд.
Бори аввал фаъолияти судҳои маъмурӣ ташкил карда шуд, ки шахсони соҳибмансабро аз амали ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ менамояд, ки ба шарофати он судҳо фақат дар соли ҷорӣ ҳуқуқи беш аз 6,5 ҳазор шаҳрванд ва соҳибкорро барқарор намуданд. Иштироки прокурор дар судҳои иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ маҳдуд гардида, амалиёти беасос бозхондани парвандаҳои ҷиноӣ аз суд решакан карда шуд. Бо мақсади пурзӯр намудани ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорони хориҷӣ фаъолияти Арбитражи байналхалқии тиҷоратӣ роҳандозӣ гардид.
Ваколати адвокатҳо васеъ гардида, шароити ногузир барои босамар татбиқ намудани вазифаи гурӯҳҳои ҷамъиятие, ки аз ҷониби Ваколатдори Олий Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсон – Омбудсман таъсис гаштааст, ба вуҷуд оварда мешавад.
Соли ҷорӣ беш аз 4 ҳазор шахс аз зали суд озод гардида, нисбат ба қариб 8 ҳазор шаҳрванд, ки бо моддаҳо беасос муттаҳам карда шудаанд, айбнома бекор карда шуданд, 859 шахс сафед карда шуд, ки ҳамаи ин натиҷаи муҳими ислоҳотамон дар соҳаи суду тафтишот ба шумор меравад. 
Бинобар сифатҳои барои мардумамон хос мисли шафқат, меҳрубонӣ ва накӯкорӣ, амалиёти авф нисбати шахсоне, ки аз ноогоҳӣ ҷиноят содир намудаанд ва аз рафтори худ самимона пушаймон гардида, қатъан ба роҳи ислоҳ даромадаанд, ҳамеша татбиқ мегардад. Чун идомаи мантиқии ин кор дар арафаи Рӯзи Конститутсия ман боз як фармонро имзо намудам, ки бинобар он 182 шахси тоифаи мазкур пеш аз муҳлат озод гардида, метавонад ба ҳаёти маъмулии худ баргардад.
Дар мамлакатамон барои таъмини озодии сухан ва виҷдон, ташаккули воситаҳои ахбори оммавӣ, ки афкори ҷамъиятро ба сифати «ҳокимияти чорум» ифода менамояд, иқдоми муҳим гузошта мешавад.
Барои намояндагони миллат ва конфессияҳои динии мухталиф шароити ногузир ва имконот барои рушди забон, анъана ва таомулҳои худ фароҳам оварда мешавад.
Ҳамзамон мо хуб медонем, ки ҳанӯз дар пешамон барои расидан ба мақсади пурра ба ҳаёт татбиқ намудани меъёрҳои Қонуни Асосӣ, ҳарчи бештару босамар таъмин намудани волоияти қонун ва адолат дар ҷамъият, ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, шараф ва шаъни он корҳои зиёд мавҷуданд. Барои ба амал татбиқ намудани вазифаҳои оянда мо ислоҳоти доманфарохро дар доираи татбиқи Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав муттасил идома медиҳем.
Пеш аз ҳама мо барои ба вуҷуд овардани заминаи ташкиливу ҳуқуқии татбиқи вазифаҳои зикрнамудаи Стратегия, тезондани ислоҳоти демократӣ эътибори алоҳида медиҳем. Чораҳои маҷмӯӣ дар бобати минбаъд васеъ намудани ваколати парлумон ва Шӯроҳои маҳаллӣ, пурзӯрсозии назорати фаъолияти мақомоти иҷроия, беҳсозии ҳамкории байни ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ андешида мешаванд. Масъалаҳои боло бурдани нақши Шӯроҳои маҳаллӣ дар тараққиёти минтақаҳо, ба вуҷуд овардани шароити ногузир барои фаъолияти босамари институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар маркази эътибори мо қарор хоҳанд гирифт.
Дақиқ муайян намудани мақоми ҳуқуқии мақомоти давлатӣ дар доираи татбиқи барномаи ислоҳоти маъмурӣ, ташаккули дастгоҳи идории ихчам ва рақамисозии коргузорӣ аҳамияти муҳимро молик хоҳад гардид.
Боз як вазифаи муҳим аз он иборат аст, ки қонунгузории ҷории ҷиноӣ таҷдиди назар мегардад.
Ҳоло ҳозир қариб 80 фоизи маҳбусон ба меҳнат ҷалб гардидаанд, аммо ин давраи меҳнати онҳо ба собиқаи умумии корӣ илова намегардад ва ҳангоми муайян намудани нафақа ба инобат гирифта намешавад. Бекор намудани маҳдудияти мазкур, ки ба принсипи адолати иҷтимоӣ ҷавоб намедиҳад, ба пешгирии такроран содир намудани ҷиноят бинобар мушкилоти молиявӣ мусоидат менамуд. Инчунин низоми «пакети кӯмаки аввал» барои ҳамдастӣ ба шаҳрвандоне, ки муҳлати ҷазоро мегузаранд, барои ҷойи худро дар ҷамъият пайдо намудан мадад хоҳад шуд. Аз он ҷумла ба чунин шахсон, ки бизнес-лоиҳаи аниқро пешниҳод мекунанд ва кори худро оғоз намуданианд, аз Фонди инкишофи хизмати пробатсия кӯмаки якдафъаинаи моддӣ дар ҳаҷми то 10 миллион сӯм расонда мешавад.
Мо сиёсатеро, ки ба муқовимати коррупсия, ки ба тараққиётамон мамониат менамояд, нигаронда шудааст, муттасил идома медиҳем ва ҳамчунин дар ҷамъият барои ташаккул ёфтани фазои оштинопазирӣ ба зуҳури ҳар намуди он идома дода мешавад. Дар ин бобат мо ба босамар истифода намудани потенсиали натанҳо мақомоти давлат, балки ҷамъияти васеъ, хусусан институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ эътибори ҷиддӣ менигаронем.
Дӯстони муҳтарам!
Фикр мекунам, ки ҳамаи мо хуб медонем, ки барои татбиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи тараққиёт инъикос ёфта, дар сохтмони давлати воқеан мардумӣ ва адолатнок аҳамияти муҳим дорад, пеш аз ҳама пойгоҳи конститутсионӣ ва заминаи боз ҳам мустаҳкамтари қонунгузорӣ ногузир хоҳад гардид. Дар ин бобат ҳамоҳангсозии Қонуни Асосӣ бо воқеияти имрӯзаи ҷамъиятамон, моҳияти ислоҳоти муттасил ва ҳамчунин ба вуҷуд овардани зербинои мустаҳками ҳуқуқии Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав вазифаи муҳим мегардад.
Масъалаи мазкур хусусан дар пешниҳодоти шаҳрвандон, ҷамъияти васеъ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ҳангоми вохӯриҳое, ки соли ҷорӣ пеш аз интихоботи президентӣ ба амал омаданд, ба назар мерасиданд ва ин ҳамаро ислоҳоти конститутсионӣ ба сифати зарурати объективӣ дар рӯзномаи маҷлис мегузорад.
Ин махсусан дар ҳолатҳои зерин равшан зоҳир мегардад.
Якум, бояд тамоюли қаблан мавҷудбудаи «давлат – ҷомеа – инсон» ба тамоюли нав: «инсон – ҷомеа – давлат» иваз намуда, он дар қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шавад.
Дуюм, дар рафти ислоҳоти иқтисодӣ бояд меъёри асосӣ таъмин намудани манфиати инсон бошад. Ин муҳимтарин шарти барпо намудани давлати халқпарвар мебошад.
Сеюм, аз ҷиҳати  конститутсионӣ мустаҳкам намудани нақш ва мақоми институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки тамоюли «Ҷомеа — ташаббускори ислоҳот»-ро инъикос менамояд, низ тақозои замон аст.
Чаҳорум, дар Қонуни асосӣ мо бояд асосҳои конститутсионии рушди институти оила, ба наслҳои оянда эҳтиёткорона расонидани арзишҳои анъанавии инсонӣ ва таҳкими минбаъдаи ваҳдати байни миллатҳоро дар кишвар муайян намоем.
Панҷум, имрӯз, ки насли наврас ҳамчун бунёдкори Ӯзбекистони Нав ба арса мебарояд, ба мақсади пурра  таъмин кардани ҳуқуқу манфиатҳои он дар Конститутсияи мо бояд сиёсати давлатии ҷавонон, масъалаҳои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо инъикос ёбанд. 
Шашум, имрӯз Ӯзбекистон бо роҳи сохтмони давлати иҷтимоӣ ва чамъияти адолатнок дилпурона пеш рафта истодааст. Бинобар ин, ба фикрам, вақти он расидааст, ки тамоюли «Ӯзбекистони Нав – давлати иҷтимоӣ» ҳамчун меъёри конститутсионӣ мустахкам карда шавад.
Ҳафтум, дар Конститутсияи мо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии низоми имрӯзаи ҳифзи ҳуқуқи инсон бояд масъалаҳои пешгирии меҳнати кӯдакон, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқҳои маъюбон, намояндагони насли калонсол низ инъикос ёбад.
Ҳаштум, дар ҳоли ҳозир бисёр давлатҳои мутараққӣ бо назардошти тағирёбии иқлими ҷаҳонӣ ба конститутсияҳои худ фаслҳои махсуси экологиро ворид мекунанд. Дар Конститутсияи Ӯзбекистон низ бояд ба меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба ин масъалаи рӯзмарра ҷой дода шавад.
Нӯҳум, дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам намудани рушди боғчаҳои бачагона, мактаб, соҳаи таълими олӣ ва илм, ки ҷузъҳои бо ҳам алоқаманди бунёди Эҳёи Сеюм мебошанд, ба мақсад мувофиқ аст.
Албатта, мо бояд дар бораи чунин як вазифаи муҳими стратегӣ, аз қабили таҷдиди Конститутсия ҳамаҷониба ва амиқ андеша кунем, муҳокимаи васеи ҷомеаро гузаронем, таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва ҷаҳониро бодиққат омӯзем ва танҳо пас аз он дар ин масъала қарори мушаххас қабул кунем.
Итминон дорам, ки палатаҳои Олий Маҷлис, депутату сенаторҳои муҳтарам, собиқадорони фахрӣ, занон, ҷавонон, олимони ҳуқуқшинос ва сиёсатшиносон, арбобони илм, зиёиёни эҷодкор – тамоми мардуми мо дар ин бора фикру андешаҳои худро баён мекунанд.
Ба фикрам, дар суханони арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ Уинстон Черчилл, ки «Беҳтар шудан маънои ислоҳ гардидан аст, беҳтарини беҳтарин будан маънои пайваста тағйир ёфтан аст» маънои амиқи ҳаётӣ вуҷуд дорад.
Воқеан, замони зудтағйирёбандаи кунунӣ аз мо амалҳо ва дигаргуниҳоеро, ки ба он ҳамоҳанганд, тақозо мекунад. Барои он ки Конститутсияи ба талаботи замон ҷавобгӯро дошта бошем, мо бояд лоиҳаи навшудаи Қонуни Асосиро омода созем, онро ба муҳокимаи умум гузорем ва бо назардошти пешниҳодҳои ба миён гузошташуда такмил диҳем. Фикр мекунам, ки қабули ин санади муҳими сиёсӣ дар соли 2022, дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори шоистаи анъанаҳои давлатдории миллии мо, инъикоскунандаи манфиатҳои мардум хоҳад буд.
Ҳамватанони азиз!
Дар ин санаи муҳими аҳамиятнок бори дигар таъкид кардан мехохам: ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав хусусияти бебозгашт пайдо кард.
Ба туфайли саъю кӯшиши бузург ва иродаи қатъии халқамон ғояи бунёди Ӯзбекистони Нав ба ҳаракати умумихалқӣ табдил меёбад. Агар ҳамаи мо дар роҳи ин мақсади бузург боз ҳам бештар муттаҳид шавем, бо руҳбаландӣ ва масъулият фидокорона меҳнат кунем, ба марраҳои баланди муайяншуда албатта мерасем.
Боварӣ дорам, ки солҳо, асрҳо мегузаранд, вале онҳоеро, ки дар замони басо душвор ва мураккаби мамлакат дар сохтмони Ӯзбекистони Нав саҳми сазовор гузоштаанд, дар назди авлод ҳамеша бо миннатдорӣ ёдоварӣ хоҳанд шуд.
Бигузор ба ҳар яки мо ин гуна  хушбахтии бузург ва шараф ёр гардад! 
Бигузор  Ӯзбекистони маҳбубамон ҳамеша шукуфон бошад! 
Бигузор Худованди Мутаъол моро дар ҳама корҳои некамон дастгирӣ кунад!
Бори дигар шумо, ҳамватанони азизро бо Рӯзи Конститутсия аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, сулҳу субот, осудаҳолӣ ва беҳбудӣ таманно дорам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: