ТАБРИКИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ 27-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА РӮЗИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

Табрик

Муҳтарам аскарон ва сержантҳо, афсарон ва генералҳо, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи мо!
Ҳамватанони азиз!
Шумо ва дар шахси шумо тамоми халқамонро бо 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан самимона ва аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Дар ин рӯзи хотирмон, бо эҳсоси дарки шумо, хидматчиёни ҷасури ҳарбии мо, ки ҳаёти худро ба кори ҳифзи Ватан бахшидаед, барои хидмат баҳри сулҳу салоҳ ва амнияти кишварамон миннатдории амиқ изҳор мекунам.
Бо суханони шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ вазифаи олиҷаноб, неку муқаддаси ҳар кадом мард ин ҳифзи оила, Ватан ва халқи худ ба шумор меравад.
Мо барҳақ бо шумо – фарзандони садоқатманду ҷасури мамлакатамон, ки ин вазифаи масъул ва бағоят муҳимро шарафмандона иҷро менамоед, ифтихор мекунем. 
Зеро маҳз ба шарофати хидмати шумо, ки онро дар хушкӣ, об ва ҳаво фидокорона адо менамоед,  осмонамон ҳамеша мусаффо, фарзандони азизи мо, падарон ва модаронамон дар сулҳу салоҳу осудагӣ зисту зиндагӣ мекунанд, мамлакат беш аз пеш шукуфон мешавад, некӯҳолии мардум беҳтар мегардад.
Аз фурсат истифода бурда, ба тамоми падару модарони аскарон ва афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, ки фарзандони худро ҷасур, нирӯманд, ватандӯстони ҳақиқӣ тарбия кардаанд, ҳамчунин ба ҳамсарони онҳо, ки хушиву душвориҳои ҳаётро бо онҳо баҳам мебинанд, вазифаи худ медонам миннатдории бузург изҳор кунам.
Ҳамватанони азиз!
Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ мо беш аз пеш амиқ эҳсос менамоем, ки Ватан, халқ ва артиш чӣ қадар ба ҳам вобаста ва аз якдигар ҷудонопазиранд.
Дар ин бобат сохторҳои куллан нав – секторҳои ҳарбиву маъмурие, ки дар тамоми минтақаҳо самарабахш амал мекунанд, нақши муҳим мебозанд.
Алҳол бо риоя ба раванди ҳаётии «Артиш ва халқ – ягонаанд!», мақомоти ҳокимият ва идораҳои тамоми дараҷаҳо, маҳаллаҳо, созмонҳои ҷавонон, занон ва собиқадорон, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи васеъ фаъолияти худро амалӣ менамоянд. Ин шаҳодати равшани он аст, ки ҳифзи Ватан барои тамоми мо нафақат вазифаи муҳим, балки қарзи муқаддас мегардад.
Дӯстони муҳтарам!
Дар замони кунунии мураккаб, дар замоне, ки дар олам таҳдидҳои терроризми байналхалқӣ, экстремизм, хурӯҷҳои амнияти миллӣ ва ҷаҳонӣ торафт тезу тундтар мегарданд, баланд бардоштани иқтидори ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии онҳо, таъминоташон бо силоҳи замонавӣ, беҳтар намудани тайёрии ҷисмонӣ ва маънавиву зеҳнии хидматчиёни ҳарбӣ, пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии онҳо вазифаи аввалиндараҷа боқӣ мемонад.
Доктринаи нави мудофиа коркард шуд, ки мавқеи қатъии давлати моро дар масъалаҳои ҳарбиву сиёсӣ инъикос менамояд. Дар натиҷаи ислоҳоти куллии татбиқшудаистода артиши миллӣ зудамал, ихчам, пурқудрат ва ба сазоворона баргардондани ҳама гуна таҳдидҳо қодир мегардад.
Ҳамаи мо хуб дарк менамоем: дар ин ҷараён зиёд кардани дониш ва маълумоти касбӣ, тайёрии зеҳнӣ ва рӯҳӣ, баланд бардоштани рӯҳи ватандӯстии хидматчиёни ҳарбӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад.
Мо минбаъд низ ба ҳамаҷониба баланд бардоштани иқтидори мудофиаи давлатамон, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, фароҳам овардани шароитҳои сазовори зиндагӣ барои муҳофизони Ватан ва оилаҳои онҳо аҳамияти махсус хоҳем дод. Чунончӣ, танҳо соли 2019-ум барои хидматчиёни ҳарбӣ 116 хонаи бисёрошёна дар пояи вомҳои имтиёзнок бунёд мешаванд. Ба беш аз 700 нафар фарзандони ҳарбиён барои хондан дар муассисаҳои таълими олӣ грантҳои давлатӣ ҷудо карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин корҳои васеъмиқёс бобати ободонии шаҳракҳои ҳарбӣ, дар онҳо фароҳам овардани инфрасохтори замонавӣ идома меёбанд.
Дар зарбулмасали халқӣ: «Бо қудрат ба як нафар, бо дониш ба ҳазорҳо нафар ғолиб метавон шуд», мазмуни амиқ нуҳуфтааст. Аз ин нуқтаи назар мо бояд кори бино бар бозсозии Қувваҳои Мусаллаҳ оғознамудаи худ, аз ҷумла дар соҳаи таълими ҳарбии донишҳои замонавӣ, таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба дараҷаи нав бардорем.
Баробари ин масъалаҳои баланд бардоштани худогоҳии миллӣ, рӯҳи ҷанговарӣ, иқтидори зеҳнии хидматчиёни ҳарбӣ, пурзӯр кардани тарбияи ватандӯстии онҳо бояд мунтазам дар маркази эътибори мо қарор дошта бошанд. Барои ин ҷорӣ кардани тартибе, ки пеш аз қабули савганди ҳарбӣ аскарон ва курсантҳо бояд дониши худро оид ба фанҳои «Таърихи Ӯзбекистон» ва китоби «Тузукоти темурӣ» намоиш диҳанд, мувофиқи мақсад мебошад.
Тарбияи ҳарбиву ватанпарварии аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавонон, дар пояи суннат ва анъанаҳои миллии соҳа, офаридани симоҳои равшани қаҳрамонони кунунӣ – аскарон ва афсарони мо дар асарҳои бадеӣ, намоишнома ва филмҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Умедворам, ки олимон, нависандагону шоирон ва арбобони машҳури фарҳанг тамоми зиёиёни эҷодкор дар самти мазкур беш аз пеш самарабахш кор мекунанд.
Ҳамватанони азиз!
Муҳофизони ҷасур ва диловари Ватан!
Шуморо бо ҷашни бошарафи имрӯза бори дигар муборакбод менамоям, ба шумо саломатии мустаҳкам, бахту саодати оилавӣ, дар хидмати неку пурмасъулиятатон комёбиҳо орзу мекунам.
Бигузор, эътимод ва эҳтироми баланди халқамон ҳамеша ҳамроҳи шумо бошанд!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: