ТАБРИКИ САРВАРИ ДАВЛАТ МОРО РӮҲБАЛАНД НАМУД

Президенти мамлакат дар арафаи “Рӯзи ҷавонон” моро табрик кард ва аз ин табрик ҷавонони вилоятамон хеле рӯҳбаланд шуданд.

Президенти мамлакат дар арафаи “Рӯзи ҷавонон” моро табрик кард ва аз ин табрик ҷавонони вилоятамон хеле рӯҳбаланд шуданд. Дар номаи табрикӣ омадааст: “Имрӯзҳо дар мамлакатамон барои бунёди Ӯзбекистони нав ислоҳоти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иқтисодӣ татбиқ мегарданд ва дар ин самт афзудани нақши ҷавонон моро хеле хушҳол месозад”.
Чунин боварии сарвари давлат, ҷавононро водор менамояд, ки боз бештар дар арсаи меҳнат ва таҳсил ҷидду ҷаҳд намоем. Дар айни ҳол ҷавонони вилоят дар ҳамаи соҳаҳо талош ба харҷ медиҳанд, ки дар сафи пеш қарор дошта бошанд. Аз ҷумла, ҳимояи Ватан барои ҳар як ҷавонмард шаъну шараф аст ва дар ин шабонарӯз садҳо ҷавонон бо ифтихор ин вазифаи муқаддасро бо садоқату матонат ба ҷо меоранд.
Дар се соли охир ҷавононе, ки дорои савияи баланди сиёсӣ ҳастанд ва мавқеи мустаҳками шаҳрвандиро ишғол кардаанд, дар парлумони мамлакат, шӯроҳои маҳаллӣ баҳри хизмати халқу Ватан камари ҳиммат бастаанд. Бархе аз ҷавонон дар идораҳои мухталифи давлативу хусусӣ, хоҷагиҳои фермерӣ, корхонаву муассисаҳо фаъолият нишон медиҳанд.
Ин шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакати мо шароити хуби зиндагӣ ва кору меҳнат муҳайёст ва аз мо танҳо ҷаҳду кӯшиш ва садоқат талаб карда мешавад. Ҳоло дар миқёси вилояти мо ҳудудан 15 ҳазор ҷавонон ба соҳибкорӣ машғуланд, бархе аз онҳо дар соҳаи ҳунармандӣ кору фаъолият мекунанд, барои тараққии мамлакат ҳиссаи муносиби худро мегузоранд.
Мувофиқи барномаи “Ҷавонон – ояндаи мо” 674 лоиҳа зери кор қарор гирифтааст, ки маҳз, ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоятамон татбиқи онро бар ӯҳда доранд. Барои иҷрои ин лоиҳаҳо 128 миллиард сӯм қарзҳои имтиёзнок ихтисос дода шудааст. Бар асоси ин лоиҳаҳо 3 ҳазор ҷои нави кор фароҳам оварда шуд ва шуъбаи вилоятии Иттифоқи ҷавонон онро дар коҳиши бекорӣ аз корҳои хеле муҳим арзёбӣ мекунад.
Гузашта аз ин, бар асари ғамхориҳои бевоситаи Президент панҷ марказ-кворкинги “Соҳибкорони ҷавон”, ҳамчунин, 18 “Гузари меҳнатии ҷавонон” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин маҷмӯаҳои кору меҳнат беш аз 350 нафар ҷавонони соҳибкор фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Дар вилояти мо як лоиҳаи хос пиёда мегардад, ки танҳо ҷавонони бомалакаву бомаҳоратро гирди худ муттаҳид намудааст. Ин “Ба ҳар як ҷавон – як гектар” унвон гирифтааст. Лоиҳа имкон фароҳам меоварад, ки наздик ба 13 ҳазор ҷавонони вилоят дар 7 ҳазору 145 гектар замин ба кишоварзӣ машғул шаванд ва дастурхони мардумро бо нозу неъмате, ки аз ҳосили кишти зироат ба даст омадааст, зинат диҳанд. 
Ҳанӯз мисолҳои дигар низ зиёданд, ки беҳтар шудани шароити меҳнатро дар вилоятамон нишон медиҳанд. Ба таври мисол, дар вилоят “Фабрикаи лоиҳаҳо” ба кор даромад.  Ин ҷабҳаи кор дар минтақаҳои мухталифи вилоят ва бо назардошти аҳволи иҷтимоиву иқтисодии он ба роҳ монда шудааст. Яъне ҷавонон лоиҳаҳои навро дар миён мегузоранд ва ҷиҳати тараққӣ ёфтани мамлакати соҳибистиқлоламон саҳми худро ҳамроҳ мекунанд. 
Пӯшида нест, ки иҷрои ҳар як кор ё пешниҳоди лоиҳа аз маҳорат ва салоҳияти ҳамон ҷавон шаҳодат медиҳад. Ташаббускории чунин ҷавононро шуъбаи вилоятии Иттифоқи ҷавонон дастгирӣ мекунад.
 Нуктаи дигарро қайд карданиам, ки боз аз ҳусни таваҷҷӯҳи Президент нисбати ҷавонони вилоят шаҳодат медиҳад. Дар вилояти мо ифтитоҳ ёфтани  “Бизнес акселератор”-ро яке аз ҳодисаҳои муҳими як моҳи охир арзёбӣ кардан мумкин аст. Он дар бинои Донишгоҳи Ӯзбекистон – Куриё воқеъ гаштааст. Ҷавононе, ки ба бизнес ҳаваси калон доранд, дар он малакаи худро такмил медиҳанд, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас пайдо мекунанд.
Табрики Президент ҷавононро ба бунёдкориҳои бештар ҳидоят месозад. 

Аҳадҷон АКБАРОВ,
раиси Иттифоқи ҷавонони
вилояти Фарғона.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: