Табрики солинавӣ ба халқи Ӯзбекистон

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо, тамоми мардуми бисёрмиллатамонро бо Соли нави 2022 самимона табрик менамоям.

Дар ин лаҳзаҳои гуворо барои ҳамаи шумо саломатӣ, сулҳ ва фараҳмандиро таманно дорам!

Имрӯз, дар остонаи Соли нав, мо соли пешинро бо мамнуният гусел мекунем.

Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ дар ҳаётамон нақши дурахшон гузошт.

Мо якҷоя бисёр корҳоро анҷом додем. Сарфи назар аз оқибатҳои пандемия ва буҳрони ҷаҳонӣ, мамлакат ба рушди баланди иқтисодӣ ноил гардид. Корхона, кластер ва технопаркҳои зиёд ва инфрасохтори замонавӣ ба вуҷуд оварда шуданд.

Иморатҳои нави истиқоматӣ, кӯдакистонҳо, мактаб ва муассисаҳои олии таълимӣ, объектҳои тандурустӣ, маданият ва варзиш бунёд мегарданд.

Соҳибкорӣ, аз он ҷумла дар байни занон ва ҷавонон, бо суръати баланд инкишоф меёбад. Деҳқонон ва фермерони меҳнатқаринамон дар соли сипаригарданда ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Шаҳру деҳот обод гардида, намуди нотакрори Ӯзбекистони Нав ташаккул меёбад.

Ҷавонони саъйкунандаи мо бо дастовардҳояшон хушҳол менамоянд. Нуфузи мамлакатамон дар арсаи ҷаҳон меафзояд. Аз фурсат истифода намуда шарикони хориҷӣ, мардумони тамоми мамлакатҳоро бо Соли нав табрик менамоям, барояшон сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Дӯстони азиз!

Ислоҳотамон хусусияти бемайлон касб намуд. Бо мақсади чуқурсозии он мо Стратегияи рушди Ӯзбекистони Навро таҳия намудем. Принсипи асосии он – «Барои шараф ва қадри инсон».

Барои он ки соли оянда номгузорӣ шавад, мо пешниҳод ва хоҳиши ҷамъияти васеъро омӯхтем.

Бо назардошти ин андешаҳо, пешниҳод мекунам, ки соли 2022 дар мамлакатамон «Соли таъмини манфиатҳои инсон ва рушди маҳалла» эълон гардад.

Ин бароямон пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодӣ, манфиатҳои қонунии ҳар як сокини Ӯзбекистон мебошад. Дар ин бобат маҳалла чун асоси ҷамъиятамон нақши ҳалкунанда дорад.

Воқеан, осудагӣ дар маҳалла ин осудагии тамоми мамлакат аст.

Маҳаллаи шукуфон – ин мамлакати шукуфон.

Аз ин рӯ минбаъд кори босамар дар ҳар як маҳалла маҳаки асосӣ хоҳад гардид.

Вазифаи аз ҳама муҳими мо – таъмини сулҳ ва субот.

Соли 2022 тезондани рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор дар маркази эътибори мо қарор хоҳанд гирифт. Корро дар бобати баланд бардоштани даромади аҳолӣ, миқдори музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулӣ идома медиҳем.

Тамоми захираҳо барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ, хусусан низомҳои тандурустӣ, илм, таълим ва тарбия сафарбар хоҳанд шуд.

Мисли пешин, мо ба дастгирии собиқадорони ҷанг ва меҳнат, занон, ҷавонон, ба он тоифае, ки ба ғамхорӣ ва мадад эҳтиёҷ доранд, эътибори алоҳида менигаронем.

Вазифаи ободонии мамлакат, сохтмони иморатҳои замонавӣ дар тамоми минтақаҳо, аз он ҷумла мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав» вазифаи бартаринок боқӣ мемонад.

Мехоҳам ҳамаи шуморо бовар кунонам: мо тамоми қувва ва имконотро сафарбар менамоем, то ки ҳаёти халқамон боз ҳам фаровонтар гардад.

Ҳамватанони азиз!

Бори дигар аз таҳти дил шуморо бо фарорасии Соли нави 2022 табрик менамоям.

Бигузор, Соли нав ба ҳар як хонавода, тамоми мардумамон саломатӣ, фаровонӣ ва бахт биёрад!

Бигузор, Ӯзбекистони азизи мо шукуфон бошад!

Соли наватон муборак, дӯстони азиз!

 

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: