ТАБРИКИ СОЛИНАВӢ БА ХАЛҚИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳамватанони азиз!
Ба сарзамини пурнеъматамон соли нави 2024 меояд.
Дар ин лаҳзаҳои гуворо аз таҳти дил собиқадорони муҳтарам, бонувони мунис, намояндагони тамоми ҷанбаву соҳа, ҷавонони серғайрат, ҳамватанони хориҷӣ – кулли мардуми гуногунмиллатамонро  бо ин ҷашни аҷоиб табрик менамоям.
Дӯстони муҳтарам!
Албатта, дар ҳаёт дар баробари хушиву муваффақиятҳо ташвиш ва мушкилот  низ вуҷуд дорад. Аммо инсон ба туфайли зеҳни худ, меҳнати матонатнок, иродаи мустаҳкам қодир аст, ки ҳар гуна озмоишро муносиб паси сар намояд.
Соли 2023 барои мамлакат ва халқамон бобарор буд. Аз ҳама муҳимаш, дар мамлакат сулҳ ва субот, фазои дӯстона ва босафои байнимиллӣ ҳукмрон аст.
Бори аввал дар таърихамон дар ҳамапурсии умумихалқӣ мо Конститутсияро дар таҳрири нав қабул намудем. Ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» шурӯъ кардем, ки рушди ояндаи моро муайян менамояд. 
Дар сатҳи олӣ бисёр анҷуманҳои бузургу бонуфуз баргузор намудем, дар арсаи байналхалқӣ ташаббусҳои муҳим изҳор доштем, суръати босуботи тараққиёти иқтисодиётро таъмин намудем.
Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои саноатии баландтехнологӣ, шабакаҳои замонавии логистикӣ ва инфрасохторӣ, кӯдакистон ва мактабҳо, объектҳои маданият ва варзиш бунёд мегарданд. Ҷойҳои нави кор фароҳам оварда мешавад. Намуди шаҳру деҳотамон дигаргун гардида, дараҷаи ҳаёти аҳолӣ баланд мегардад. Ба туфайли меҳнати муташаккили халқамон орзуи Ӯзбекистони Нав ба воқеият табдил меёбад. Ба шумо, ҳамватанони азиз, барои ҳама муваффақиятҳои ноилгаштаатон самимона миннатдорӣ изҳор мекунам. 
Дӯстони муҳтарам!
Вазифаҳои асосии мо – воло донистани шараф ва қадри инсон, таъмини манфиатҳои аҳолӣ ва бунёди иқтисодиёти пурқудрат мебошад. Соли 2024-ро мо дар Ӯзбекистон Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат эълон намудем.
Дар соли нав мо ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, ташаккул додани имконоти васеъро барои соҳибкорӣ ва моликияти хусусӣ фаъол менамоем, ба рушди илм, инноватсия, соҳаи IT, ба вуҷуд овардани технологияи «сабз» ва рақамӣ  эътибори алоҳида медиҳем.
Дар маркази диққат масъалаҳои ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор, афзудани даромади аҳолӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳаҷми музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулӣ зиёд мегардад. Мо дастгирии ҳамаҷонибаи занон ва насли куҳансол – ҳамаи онҳоеро, ки ба мадад ва ҳамдастӣ эҳтиёҷ доранд, идома медиҳем, рушди соҳаи иҷтимоиро ба дараҷаи куллан нав мебардорем.
Мустаҳкам намудани истиқлолияти Ватан, зарфияти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ чун вазифаи бартаринок боқӣ мемонад.
Хуллас, мо тамоми қувва ва имконотро барои сохтмони ҳаёти нав, Ӯзбекистони Нав сафарбар менамоем.
Ҳамватанони азиз!
Бори дигар шуморо бо Соли нав табрик менамоям, ба ҳамаатон саломатӣ, сулҳ ва бахт таманно дорам.
Бигузор, ҳар як оила, ҳар як маҳалла, тамоми мамлакатамон шукуфон бошад!
Бигузор, Худованд Ватани дӯстдоштаи моро ҳифз намояд!
Соли наватон муборак, азизони ман!

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: