Ҳамватанони гиромиқадр!
Тамоми халқи Ӯзбекистонро ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо самимона табрику муборакбод менамоям.
Мо дар ҷараёни ислоҳоти оғозёфта, ба мақсади барпо кардани Ӯзбекистони Нав, беш аз пеш таҳким бахшидани муҳити ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирӣ дар ҷамъиятамонро аз вазифаҳои асосии худ донистем.
Дар кишварамон Рӯзи дӯстии халқҳо эълон гардидани санаи 30-юми июл, ки дар дунё чун Рӯзи байналхалқии дӯстӣ пазируфта шудааст ва ба таври густарда ҷашн гирифтани ин рӯз, гуфтаи моро собит менамояд.
Дар сартосари дунё Ватани мо ба сифати кишвари таҳаммулпазир эътироф шудааст. Имрӯз дар мамлакатамон намояндагони беш аз 130 миллату халқият ва 16 конфессияи динӣ ҳамзистии осоишта доранд, 157 маркази фарҳангии миллӣ ва 38 ҷамъияти дӯстӣ арзи ҳастӣ мекунанд.
Дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ таълиму тарбия ба забонҳои ӯзбекӣ, қароқалпоқӣ, русӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ роҳандозӣ шудааст, мактабиён аз ҳисоби давлат бо китобҳои дарсию бадеӣ таъмин карда мешаванд. Фаъолияти хонаҳои дӯстие, ки дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо созмон дода шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. Аз ҷумла, ба онҳо Бунёди ҷамъиятии назди Олий Маҷлис маблағи зарурӣ равона мекунад, субсидияю грантҳо ҷудо карда мешаванд.
Давлат, ба мақсади таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии марказҳои миллию фарҳангӣ онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ, мебел, созҳои мусиқӣ ва либосҳои миллӣ таъмин менамояд.
Барои баргузории ҷашнҳои халқӣ, ҷашнвора, консерту вохӯриҳо, баромади арбобони шинохтаи фарҳанг ва семинару конфронсҳо ба онҳо биноҳои муҳташам ҷудо карда шудаанд.
«Ӯзбекистон — хонаи умумии мо» ин ғояи нек ба шиори фаъолияти ҳамаи марказҳои фарҳангии миллӣ табдил ёфтааст, ки инъикосгари ҳамзистии осоишта, таҳаммулпазирӣ ва сулҳу осоиш мебошад. Дар тӯли солҳои сипаригардида суҳбатҳои давра, мулоқотҳои эҷодӣ, намоишгоҳҳои китоби миллатҳои гуногун, фотосуратҳо, конфронсҳои байналхалқӣ ва дигар чорабиниҳои маданию маърифатие, ки дар доираи ҷашнвораҳои дӯстии халқҳо баргузор шудаанд, бобати таҳким бахшидани равобити дӯстии байни миллату халқиятҳои кишварамон нақши муҳим доштанд.
Робита бо ҳамватаноне, ки дар кишварҳои хориҷӣ будубош доранд, таҳким меёбад.
Дар фармон «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар тӯли солҳои 2022 — 2026» таҳким бахшидани дастгирии марказҳои фарҳангии миллӣ пешбинӣ шудааст, ки идомаи корҳои мо дар ин самт мебошад.
Дар «Соли ҷавонон ва дастгирии соҳибкорӣ» корҳои хайре, ба мисли шароити мусоид фароҳам овардан ба ҷавонони миллатҳои гуногун, ҳис ва дарк кардани қарзи шаҳрвандӣ, таҳким бахшидани ҳисси ватанпарварӣ, баланд бардоштани сатҳи маданияти мулоқоти байнимиллӣ, ки такя ба таҳаммулпазирӣ дорад, анҷом дода мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳафт соли охир дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ӯзбекистон дигаргуниҳои назаррас рӯй доданд. Инро аҳли ҷомеаи ҷаҳон, экспертҳои байналхалқӣ, арбобҳои шинохтаи сиёсиву давлатӣ низ эътироф менамоянд.
Аз нав ба роҳ монда шудани робитаҳои дустӣ байни ҳамсоядавлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ — идома пайдо кардани риштаҳои пайванди азалӣ бо мазмуни нав, хоҳишу орзу ва саъю кӯшишҳои халқамонро рӯшан ифода менамояд.
Дӯстони гиромиқадр!
Ҳеч касро пӯшида нест, ки имрӯз мо дар дунёи пуртаҳлука ба сар мебарем. Дар арсаи байналхалқӣ пояҳои боварии байни давлатҳо суст гардидааст. Дар чунин шароити мураккаб ҳаёт аз мо тақозо дорад, ки дар мамлакатамон муҳити якдилӣ, меҳру оқибат, ҳурмати тарафайн ва ҳамзистии осоиштаро беш аз пеш таҳким бахшем, корҳоямонро дар бахши ҳифзи ҷавонон аз ғояю равандҳои тахрибовар ва таъсири беруна ба зинаи нав бардорем.
Дар соҳаи оқилона идора кардани ҷамъияти сермиллату мухталиф фарҳанг Ӯзбекистон таҷриба андӯхтааст. Фаъолияти мо дар ин самт ба таваҷҷӯҳи ҷаҳониён афзудааст.
Мо минбаъд низ ба таҳким бахшидани нақши созмонҳои ғайридавлатӣ, тавассути кафолати ҳуқуқи онҳо ба рушди институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, таъмини озодии виҷдони ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз миллат, забон, дин ва баромади иҷтимоияш, эътибори алоҳида хоҳем дод. Дар мамлакатамон сиёсати таҳким бахшидани якдилӣ ва ҳамҷиҳатии байни миллату конфессияҳоро пайгирона идома медиҳем.
Бовар дорам, фестивалҳои дӯстие, ки тӯли як ҳафта бо назардошти ин мақсадҳои неку наҷиб баргузор мешаванд, ба ваҳдати халқамон, таҳким бахшидани муҳити сулҳу осоиш, ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва таҳаммулпазирии динӣ дар минтақаамон хидмат хоҳанд кард.
Ҳамватанони азиз!
Аз фурсат истифода бурда, шумо ва тамоми халқамонро бори дигар бо Рӯзи дӯстии халқҳо табрик мегӯям.
Бигузор, дар кишвари мо ҳамеша сулҳу осоиш ва фаровонӣ ҳукм ронад, ба халқи сермиллати Ӯзбекистон бахту саодат ёр бошад!
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон