ТАБРИКОТИ САМИМОНА

Бинобар 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба унвони роҳбари давлат табрикоти самимӣ аз роҳбарони мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқии маъруф, арбобони намоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ мерасанд.

Бинобар 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба унвони роҳбари давлат табрикоти самимӣ аз роҳбарони мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқии маъруф, арбобони намоёни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ мерасанд.
Дар паёмҳои табрикӣ муваффақиятҳои бадастовардаи Ӯзбекистон дар соҳаҳои сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, натиҷаҳои ислоҳоти доманфарохи иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба таъмини рушди босуботи мамлакат ва баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ, мустаҳкам намудани нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байналхалқӣ нигаронда шудааст, қайд мегарданд.
Дар номаҳо таманноҳои самимии сулҳ ва фараҳмандии мардуми бисёрмиллати Ӯзбекистон ва пешвои давлатамон ва ҳамчунин боварӣ ба зуд дар якҷоягӣ бартараф намудани ситеза ва ангезаҳои ҷаҳоние, ки дар назди ҷомеаи ҷаҳон қарор дорад, изҳор гаштааст.
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Аълоҳазрат,
Иҷозат бидиҳед ба мардуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти гарму ҷӯшонро ба муносибати Рӯзи истиқлолият ирсол намоям.
Ҳар як узви Созмони Милали Муттаҳид соҳиби маданият ва таърихи нодири худ мебошад, ки гуногунрангии он СММ ва ҷаҳони моро ғанӣ месозад. Иштироки мамлакати Шумо дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналхалқӣ фавқулодда муҳим аст.
Имсол, дар Даҳсолаи якуми ҳаракат доир ба даст ёфтан ба мақсадҳо дар соҳаи рушди босубот мо бояд иддаоҳои ҷамоавии худро дар сохтмони ҷаҳонишавии адолатнок баланд бардорем, ки он ба нафъи ҳама буда, чорабиниҳои қатъиро дар бобати мубориза бо тағйироти иқлим қабул намоем.
Дар тамоми ин кӯшишот ман ба саҳм ва дастгирии ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар азмамон барои ҷаҳони ҳар чи осуда, адолатнок ва барои ҳама босубот умедвор ҳастам.
Аълоҳазрат, эътимоди маро дар эҳтироми амиқ қабул намоед.

Антониу ГУТЕРРИШ,
Котиби генералии СММ.
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлолият қабул фармоед. Муваффақиятҳои бадастовардаи Ӯзбекистон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳама маълум аст. Мамлакати Шумо соҳиби обрӯи муносиб дар арсаи байналхалқӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналхалқӣ нақши муҳим дорад.
Муносибати Русияву Ӯзбекистон дар рӯҳи шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ инкишоф меёбад. Боварӣ дорам, ки бо кӯшишҳои якҷоя мо минбаъд низ алоқаҳои дуҷонибаи фарогирро ба манфиати халқҳои дӯстамон инкишоф хоҳем дод.
Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, самимона саломатӣ ва тавфиқро дар фаъолияти давлатӣ, ба тамоми шаҳрвандони Ӯзбекистон фараҳмандӣ ва шукуфоиро таманно дорам.

Бо эҳтиром, 
Владимир ПУТИН,
Президенти Федератсияи Русия.
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба ман иҷозат бидиҳед аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва халқи Чин, шахсан аз номи худ ба Шумо ва халқи дӯсти Ӯзбекистон табрикоти таҳтидилона ва таманноҳои беҳтаринро ба муносибати 29-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор намоям.
Солҳои охир, зери роҳбарии қавии Шумо дар Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун ислоҳот ҳаматарафа пеш меравад, дар сохтмони давлат комёбиҳои бузург ба даст меоянд. Чин аз ин хеле самимона мамнун аст. Пас аз авҷ гирифтани инфексияи коронавирус Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди ин эпидемия муттаҳид гардид. Ман қатъан боварӣ дорам, ки халқи Ӯзбекистон дар мубориза бар зидди ин эпидемия ҳатман ғалаба хоҳад кард.
Моҳи майи соли ҷорӣ байни мо суҳбати дӯстонаи телефонӣ баргузор гардид, ки зимни он муоҳидаҳои муҳим марбут ба муборизаи умумӣ бар зидди коронавирус ва амиқсозии ҳамкории дутарафа ба даст омаданд.
Ман ба инкишофи муносибати Чин ва Ӯзбекистон эътибори калон медиҳам ва муносибати неки корӣ ва дӯстии шахсиро, ки бо Шумо ба вуҷуд омадааст, қадр менамоям.
Ман омодаам, ки якҷоя бо Шумо барои ба даст овардани натиҷаҳои нав дар рушди муносибати Чину Ӯзбекистон дар ҷиҳати ҳаматарафа равнақ додани шарикии стратегӣ ба хотири ду мамлакат ва ду халқ азм намоям.
Ба халқи дӯсти Ӯзбекистон шукуфоӣ ва иқтидор, ба халқи он бахт ва фараҳмандӣ орзу дорам. 

Сӣ СЗИНПИН,
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин.

***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи халқи Амрико Шумо ва халқи Ӯзбекистонро ба муносибати 29-умин солгарди истиқлолияти мамлакататон табрик менамоям. Иёлоти Муттаҳида якҷоя бо Шумо истиқлолият ва якпорчагии мамлакататонро дастгирӣ менамояд.
Ман шарикии тавсеаёбандаамонро олӣ арзёбӣ менамоям, ки дар соли охир сарфи назар аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ фақат амиқ мегардад. Ман ташаббуси Шуморо дар заминаи мустаҳкамсозии алоқаҳо байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва беҳсозии ҳамкорӣ ва алоқаи тарафайн бо Афғонистон олӣ арзёбӣ менамоям. Ман инчунин барномаи ислоҳотии иддаоангези Шуморо, ки вақте ки он пурра татбиқ мегардад, ояндаи ҳарчи кушодтар ва равнақёбандаи халқи Ӯзбекистон ва умуман минтақаро таъмин менамояд, олӣ арзёбӣ мекунам.
Иёлоти Муттаҳида ифтихор дорад, ки дар ин ташаббусҳо ва дар мубориза бар зидди COVID-19 шарики Шумо ба шумор меравад. Ба натиҷаҳои боз ҳам босамари ҳамкориамон дар соли оянда умедворам.

Бо эҳтиром,
Доналд ТРАМП,
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни  давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Дар муддати таърихан кӯтоҳи гузашта мамлакати Шумо муваффақиятҳои бузургро касб намуд – ба иштирокдори фаъоли натанҳо Осиёи Марказӣ, балки арсаи байналхалқӣ низ табдил ёфт.
Ба халқи бародари Ӯзбекистон шукуфоӣ ва рушди муттасил, дарёфти ояндаи дурахшонро барои халқи Ӯзбекистон, ки Шумо сарварӣ менамоед, таҳтидилона орзу менамоям.
Мехоҳам кӯшиши Шуморо дар доираи мустаҳкам намудани шарикӣ ва ҳамкорӣ байни мамлакатҳои минтақаамон, аз он ҷумла дар доираи Мулоқотҳои машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъкид намоям.
Боварӣ дорам, ки шарикии стратегие, ки дар асоси ҳамкории анъанавии қадимаи байни мамлакатҳоямон ташаккул ёфтааст, минбаъд низ инкишоф меёбад.
Аз фурсат истифода намуда, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба Шумо тансиҳатии комил ва тавфиқ, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳ ва фараҳмандиро орзу менамоям.

Бо самимият,
Нурсултон НАЗАРБОЕВ,
Нахустин Президенти Ҷумҳурии 
Қазоқистон – Елбасӣ.

***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимитарин табрикотамро қабул фармоед.
Зери роҳбарии қавӣ ва бонуфузи Шумо Ӯзбекистон бо боварӣ ислоҳоти доманфарох ва дурандешонаро ба ҳаёт татбиқ менамояд, ки ба таъмини рушди устувори давлати Ӯзбекистон, мустаҳкамсозии мавқеи он дар арсаи байналхалқӣ мусоидат менамояд.
Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Ӯзбекистон мамнун буда, ба мустаҳкамсозии минбаъдаи риштаҳои бародарӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи байни мамлакатҳоямон самимона мамнунам.
Эътимод дорам, ки гуфтугӯи боваринок ва фаъоли мо аз рӯи тамоми масъалаҳои ҳамкории байни ду давлат дар оянда низ чун пойгоҳи мустаҳками рушди пешравандаи муносибати дӯстонаи Қазоқистону Ӯзбекистон, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ хидмат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, дар фаъолияти давлатӣ тавфиқи нав, ба халқи бародари Ӯзбекистон фараҳмандӣ ва шукуфоиро орзу дорам!

Бо эҳтиром,
Қосим-Жомарт ТОҚАЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон.
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Бародари азизи ман!
Аз номи халқ ва Ҳукумати Туркманистон ва ҳамчунин шахсан аз номи худ боиси ифтихор аст, ки ба Шумо ва дар шахси Шумо ба халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманноҳоро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти мамлакататон ирсол намоям.
Дар солҳои истиқлолият Ӯзбекистони бародарӣ тараққиёти назаррасро дар мустаҳкам намудани давлатдории худ, беҳсозии некаҳволии мардум ва баланд бардоштани нуфуз дар арсаи байналхалқӣ ба даст овард. Тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии босуботи мамлакататон далели равшани самараноки роҳи интихобнамуда ба шумор меравад.
Махсус таъкид кардан мехоҳам, ки дар Туркманистон муносибаташро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона қадр менамоянд, ки ба туфайли азму кӯшиши дуҷонибаи тарафҳо сол то сол бо муҳтавои нав ғанӣ мегардад. Эътимоди қавӣ дорам, ки самимият ва эътимоди тарафайн, ки ба гуфтугӯи мо хос мебошад, дар оянда низ ба мустаҳкамсозӣ ва рушди шарикии стратегӣ ба хотири ду халқи бародар мусоидат хоҳад кард.
Аз ин фурсати хушоянд истифода намуда, ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, тансиҳатии мустаҳкам ва бахт, ба халқи Ӯзбекистон сулҳ, фараҳмандӣ ва шукуфоиро самимона орзу менамоям.

Бо эҳтироми амиқ,
Гурбангулӣ БЕРДИМУҲАМЕДОВ,
Президенти Туркманистон.
***
Ба Аълоҳазрат  ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Шавкат Миромоновичи азиз!
Аз таҳти дил Шумо ва тамоми шаҳрвандони Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик менамоям.
Дар чунин як рӯзи наҷиб ба Шумо тансиҳатии комил, бахт ва тавфиқи навро дар кор, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳи абадӣ, фараҳмандӣ ва шукуфоиро таманно дорам.
Дар солҳои истиқлолият Ӯзбекистон роҳи бузурги сохтмони давлатдориро тай намуд ва дар тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ, дар таъмини инкишофи некӯаҳволии мардум ва мустаҳкамсозии обрӯи байналхалқии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Хусусан бозсозиҳое, ки дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат зери роҳбарии Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба амал татбиқ мегардад, касро дар ҳайрат мегузорад.
Муттасил амиқ ва васеъ гардидани муносибати дӯстона ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон таркиби муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва боқӣ хоҳад монд.
Таъкид кардан хурсандиовар аст, ки дар солҳои охир бо кӯшишҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории босамари байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамоми ҷанбаҳои манфиатҳои умумӣ бемайлон инкишоф меёбад.
Боварӣ дорам, ки мо бар асоси анъанаҳои қадимаи дӯстӣ, некҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар ва боварӣ минбаъд низ муносибати шарикии стратегии ду мамлакатро ба хотири халқҳои бародарамон, ба манфиати таъмини сулҳ, субот ва инкишофи минбаъдаи муфиди ҳамкорӣ дар минтақаамон мустаҳкам хоҳем кард.

Бо эҳтироми амиқ,
Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Аз номи халқи Ҷумҳурии Қирғизистон ва аз номи худам Шумо ва тамоми халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо Рӯзи истиқлолият самимона табрик мегӯям.
Мехостам қайд намоям, ки таҳти роҳбарии Шумо мавқеи Ӯзбекистон дар минтақа ва дар саросари ҷаҳон ба таври назаррас мустаҳкам шуд, ислоҳоти васеъмиқёси дохили кишвар натиҷаҳои мусбат медиҳанд.
Ман итминони комил дорам, ки бо дастгирии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки ба принсипҳои ҳамкории мутақобилаи судманд ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, баҳри ояндаи дурахшони ду халқ минбаъд низ босуръат мустаҳкам мешаванд.
Шавкат Миромоновичи азиз, ба Шумо ва аҳли оилаатон саломатӣ, хушбахтӣ, дар корҳоятон муваффақият ва ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам!
Бо эҳтиром,
Сооронбай ЖЭЭНБЕКОВ,
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон.
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент, бародари азизи ман!
Шумо, Ҷаноби Олӣ ва дар шахси Шумо тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо Рӯзи истиқлолият аз номи халқамон ва аз номи худам самимона аз  таҳти дил табрик мегӯям.
29-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон – кишвари дӯст ва бародар, барои мо манбаи бузурги хурсандӣ ва хушбахтӣ аст.
Ҷумҳурии Туркия минбаъд низ Ӯзбекистон ва бародарони ӯзбекро дастгирӣ хоҳад кард.
Мо лаҳзаҳои аҷиби сафари Шуморо моҳи феврали соли ҷорӣ ба мамлакати мо барои иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои олии ҳамкориҳои стратегӣ ва ифтитоҳи китобхонаи назди Маъмурияти Президент ҳанӯз ҳам дар хотир дорем.
Бо дарназардошти шиддатнокии муносибатҳои мо, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда шудаанд, ҳифз намудан ва нигоҳ доштани динамикаи бадастомада муҳим аст.
Аз ин лиҳоз, ман аз гирифтани номаи табрикотии шумо ба муносибати Иди қурбон ва даъвататон ба Ӯзбекистон барои баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои олии ҳамкориҳои стратегӣ шод шудам. Ман хеле хурсандам, ки дар оянда дар санаи муносибе, ки тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешавад, ба Ӯзбекистон ташриф меорам.
Аз ин фурсат истифода бурда, ба Шумо, Аълоҳазрат, саломатӣ, хушбахтӣ ва сарбаландӣ ва ба халқи дӯст ва бародари ӯзбек шукуфоӣ таманно дорам.

Реҷеп Таййип ЭРДОҒАН
Президенти Ҷумҳурии Туркия
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Иҷозат диҳед аз таҳти дил ба Шумо ва мардуми Ӯзбекистон табрикоти гарму ҷӯшони худро ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон расонам.
Умедворам, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон, ки ҳангоми сафари ман ба Ӯзбекистон соли гузашта ба сатҳи «Шарикии махсуси стратегӣ» бардошта шуда буданд, минбаъд низ фаъолтар инкишоф хоҳанд ёфт.
Ҳоло тамоми ҷаҳон бо сабаби пандемияи COVID-19 рӯзҳои душворро аз сар мегузаронанд. Ҳамзамон ман умедворам, ки кишварҳои мо тавассути ҳамкории зич метавонанд COVID-19-ро бо ақлона бартараф намуда, дараҷаи муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нави баландтар бардоранд.
Шавкат Миромоновичи азиз, иҷозат диҳед ба Шумо саломатии мустаҳкам ва бурдборӣ, инчунин ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон шукуфоии бепоён орзу намоям.
Бо эҳтиром,
Муг Чжэ ИН
Президенти Ҷумҳурии Куриё
***
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ҷаноби Президент,
Ба Шумо ва шаҳрвандони кишвари Шумо табрикоти самимии худро бо Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ирсол менамоям.
Боиси хушнудист, ки пас аз ташрифҳои мутақобилаи мо дар соли гузашта, муносибатҳои Ӯзбекистон ва Олмон мустаҳкам шуданд.
Пандемияи COVID-19, ки барои ҳамаи мо мушкилоти ҷиддӣ шудааст, аҳамияти ҳамкории боэътимод ва шарикиро дар шароити бӯҳрон нишон медиҳад.
Дар айни замон ҷараёни ислоҳот ва навсозӣ, ки аз ҷониби Шумо оғоз ёфтаанд, натитҷаҳои ба назар намоён меоваранд. Ба Шумо таманно дорам, ки ин роҳро бомуваффақият идома диҳед ва итминон дода метавонам, ки Олмон омода аст дар оянда Ӯзбекистонро дар ин роҳ дастгирӣ кунад.
Шахсан ба Шумо тамоми хушиҳо ва ба халқи Ӯзбекистон ояндаи осоишта дар шароити озодӣ, амният ва осудаҳолӣ таманно дорам.

Франк-Валтер ШТАЙНМАЙЕР
Президенти Ҷумҳурии 
Федеративии Олмон
***
Инчунин муборакбодиҳои худро инҳо ирсол намудаанд:
НАРУХИТО – Императори Ҷопон
Рам Натҳ КОВИНД – 
Президенти Ҳиндустон
Ашраф ҒАНӢ – Президенти Афғонистон
Илҳом АЛИЕВ – Президенти Озарбойҷон
Александр ЛУКАШЕНКО – 
Президенти Беларус
Игор ДОДОН – Президенти Молдова
Владимир ЗЕЛЕНСКИЙ – 
Президенти Украина
ЕЛИЗАВЕТА II – Маликаи Британияи Кабир 
ва Ирландияи Шимолӣ
ФИЛИПП – Шоҳи Белгия
ФЕЛИПЕ VI – Шоҳи Испания
ВИЛЛЕМ–АЛЕКСАНДР – Шоҳи Нидерланд
Карл XVI ГУСТАВ – Шоҳи Шветсия
Александр Ван дер БЕЛЛЕН – 
Президенти Австрия
Румен РАДЕВ – Президенти Булғористон
Янош АДЕР – Президенти Маҷористон 
Сержо МАТТАРЕЛЛА – Президенти Италия
Эгилс ЛЕВИТС – Президенти Латвия
Анжей ДУДА – Президенти Полша
Зузана ЧАПУТОВА – Президенти Словакия
Милош ЗЕМАН – Президенти Чехия
Симонетта СОММАРУГА – 
Президенти Швейсария
ФРАНСИСК – роҳбари калисои католикии Рим
Халифа бин Зоид ОЛ НАҲАЁН –
Президенти АМА
Абдулфаттоҳ аС-СИСӢ – Президенти Миср
Ҳасан РУҲОНӢ – Президенти Эрон
Имрон ХОН – Сарвазири Покистон
Ҳейсам бин Ториқ – Султони Уммон
Ҷоко ВИДОДО – Президенти Индонезия 
Султон Абдуллоҳ Риятуддин 
аЛ-МУСТАФО БИЛЛОҲ – Шоҳи Малайзия
Ҳалима ЯҚУБ – Президенти Сингапур
Родриго ДУТЕРТЕ – Президенти Филиппин
Маҳмуд АББОС – Президенти Фаластин 
Абдул ҲАМИД – Президенти Бангладеш
Шайха ҲАСИННА – Сарвазири Бангладеш
Абдилмаҷид ТАББУН – 
Президенти Алҷазоир 
Буннянг ВОРАЧИТ – Президенти Лаос
Хосе Даниэл ОРТЕГА СААВЕДРА – 
Президенти Никарагуа
Муҳаммад Бин Зоид ОЛ НАҲАЙЁН – 
муовини Фармондеҳи олии Қувваҳои 
Мусаллаҳи АМА, валиаҳи Аморати Абу-Дабӣ
Муҳаммад Бин Рошид Ол Мактум – 
Ноиби президент, сарвазири АМА, ҳокими 
Аморати Дубай
Сюй ДУНЪЮЙ – директори генералии 
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО)
Зураб ПОЛОЛИКАШВИЛӢ – 
дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ
Кунио МИКУРИЯ – 
дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук
Салим АЛ-МАЛИК – директори генералии 
Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои таълим, 
илм ва фарҳанг (АЙСЕСКО)
Жилбер УНГБО – президенти Фонди 
байналмиллалии рушди кишоварзӣ
Бағдод АМРЕЕВ – дабири кулли Шурои 
ҳамкории кишварҳои туркизабон
Сергей ЛЕБЕДЕВ – раиси Кумитаи иҷроия 
– Котиби иҷроияи ИДМ 
Омадани паёмҳои табрикотии сарони давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, сиёсатмадорон ва арбобони бонуфузи ҷамъиятӣ идома доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: