ТАДБИРИ ФАРҲАНГӢ БО ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОН

Ба қарибӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё семинари навбатии муаллимони фанни забон ва адабиёти тоҷик доир гардид.

Салом оинаи дилҳост медонам, ки медонӣ,
Барои дӯстҳо хоҳам бурд, ҳарфи сабзи райҳонӣ.
Ба қарибӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё семинари навбатии муаллимони фанни забон ва адабиёти тоҷик доир гардид. Дар соати дуюми дарсӣ иштирокчиёни семинар дар дарси муаллимаи ин таълимгоҳ Ситораи Азиз иштирок намуда, аз ҳунару малака ва қобилияту истеъдоди ин омӯзгор манфиатҳо бардоштанд. 
Ба саъю кӯшиш ва саҳми бевоситаи омӯзгори фанни забон ва адабиёти ин таълимгоҳ Маҳкам Ҷаъфаров маҳфили илмӣ ва адабӣ доири ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва олими ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хусрави Саъдулло доир гардид. Дар ин маҳфили дилнишин Хусрави Саъдулло, раиси Маркази тоҷикони ноҳияи Сариосиё Равзатулло Раҳмонов, роҳбари таълимгоҳи рақами 29-уми ноҳия Турдиқул Ҳасратов, ҳофизи шинохта Асадуллоҳи Қаландар, шоир Абдубароти Қодирӣ ва дигар дилбохтагони назм дар толори фаъолони таълимгоҳ ҷамъ омада буданд.
Аз тарафи муҳассилини таълимгоҳ доири ашъори дилангези Хусрави Саъдулло шеърҳо қироат гардиданд. Инчунин, барои хушзавқ гузаштани тадбир аз ҷониби хонандагон порчаҳо доир ба саховатмандии шоир Алишер Навоӣ ва «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов саҳнаҳои бадеӣ низ намоиш доданд. 
Дар рафти тадбир сурудҳои дилнишини ҳофизи хушсадо Асадуллоҳи Қаландар аз ашъори Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва шеъри «Лолаи дидор»-и Хусрави Саъдулло ба аҳли толор завқ ва сурури тоза мебахшид.
Ишқ дар дил боди раҳовард нест, 
Хонаи аҳли муҳаббат сард нест.
Ҳар касе дар ростӣ по мениҳад,
Беғуруру нокасу номард нест.
Ровӣ ва садри маҳфил Маҳкам Ҷаъфаров аз ташрифи меҳмонон илҳом гирифта, аз эҷодиёти ин адиби закӣ порчаҳои шеъри ҷаззоб қироат намуда, хотири ҳамагонро болида менамуд.
Иборат бошад аз ишқ иқтидорам,
Бувад лак-лак сухан дар ихтиёрам.
Ман аз баҳри забони модари худ,
Зи хуни килк ҳайкал мегузорам. 
Дар маҳфил устодон: Турдиқул Ҳасратов, Равзатулло Раҳмонов ва Асадуллоҳи Қаландар ба сухан баромада, дар бораи кору фаъолияти илмӣ ва эҷодии Хусрави Саъдулло суханҳои хотирмон гуфтанд.
То шуморо бар каф орам аз ҷаҳони 
пуртасодуф,
Рахши ҳимматро саворам рӯзҳои офтобӣ.
Дар фароварди маҳфил ҳамчун барги сабз аз тарафи Хусрави Саъдулло якчанд китобҳои бадеӣ ба китобхонаи таълимгоҳ тақдим гардид.

Илҳомҷон ХИДИРОВ,
муаллими забон ва адабиёти мактаби рақами 
8-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: