ТАДБИРИ ХОТИРМОН

Халқ офарандаи таърих аст.

Халқе, ки таърихи қадима дорад, мероси илмию адабӣ ва арзишҳои миллию мадании ӯ ғанист. Ҳар кас ҳақ дорад бо диёри худ, халқи худ ва таърихи он ифтихор намояд. Ман, ки худ як фарзанди деҳаи зебоманзари Дарбанди ноҳияи Бойсун ҳастам, ҳамеша бо диёри дилнишин ва халқи овозадору ҳимматбаланд, ба ору номус ва маърифатпарвари он ифтихор дорам. Он аз куҷо маншаъ мегирад? Оё танҳо бо дидану мушоҳида кардан? Ман гумон мекунам не. Зеро вақте ки аз манбаъҳои муътамади таърихӣ дар бораи таърихи диёр ва аҷдод маълумоте ё худ китоберо мехонӣ, ифтихорат боло меравад, нисбати Ватан ва халқи хеш ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиромат ҷӯш мезанад. Яке аз фарзандони асили дарбандӣ, ки барои ман ва кулли дарбандиён ана ҳамин эҳсоси ифтихорро бедор кардааст, таърихнигор, бостоншинос Полвон Шоимов аст. Ин марди ҷӯёи илм, таърихнигори ватан баробари шуғли дӯстдоштааш – омӯзгорӣ, умри худро ба навиштани таърихи диёр ва халқи он масраф намуд ва аз худ ду китоб: «Дарбанд – қадимий макон» ва дигаре «Музработ – мозий диёр»-ро мерос гузошт. Банда бо ӯ шинос будам ва замоне, ки дар рӯзномаи тоҷикии «Садои Сурхон» ва радиои тоҷикии вилоят кор мекардам, ҳамкорӣ доштем. Ҳар гоҳ, ки ба ноҳияи Музработ равам, бо устод Полвон Шоимов вомехӯрдам, аз суҳбаташ баҳраманд шуда, маводи навиштаашро барои  рӯзнома ва радио мегирифтам. Устод низ гоҳ-гоҳ ба идораи мо ташриф меовард. Ӯ аз ҳастии рӯзнома ва радиои тоҷикӣ ифтихор дошт, забони тоҷикиро хуб медонист. Шояд пурсед, ки пас чаро ҳар ду асари худро ба забони тоҷикӣ  нанигоштааст? Вақте ин асарҳоро мехонед, худ ба ин суол ҷавоб пайдо мекунед. Мақсади асосии муаллиф он буд, ки бо далелу бурҳони қотеъ ба ононе, ки таърихро муғризона таҳриф менамоянд, зарба занад, онҳоро бо таърихи аслӣ ошно кунад. Инҷониб тасмим гирифтаам, ки мувофиқи имкон ин асарҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунам.
Ба қарибӣ дар мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бойсун, ки устод таълим гирифтааст, бо ташаббуси Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳияи Бойсун, ҳизби «Миллий тикланиш», маъмурияти мактаб ва пайвандони устод ба муносибати 90-умин солгарди Полвон Шоимов тадбири хотирмоне баргузор шуд.  
Директори мактаб Қаҳрамон Раҳимов дархост намуд, ки барои шод намудани руҳи устод аз Қуръони карим оятҳо қироат карда шавад. Ин вазифаро мулло Шодӣ Раҳматов адо намуд. Пас каминаро муваззаф намуданд, ки ба тадбир сарварӣ кунам. Омӯзгори тоифаи олии забон ва адабиёти тоҷик  Абдусалом Ҳодиев дар бораи зиндагинома, шахсият ва фаъолияти Шоимов батафсил ҳарф зад ва зикр намуд, ки мо – шогирдону устодони дабиристон минбаъд асарҳои пурарзиши ӯро бояд боз ҳам амиқтар омӯзем.
Ровии хушбаён аз ноҳияи Сариосиё Аҳтам Сафаров дар бораи шахсиятҳои бузурги деҳаи Дарбанд, ки бо аксари онҳо ошност ва устоди зиндаёд Полвон Шоимов бо самимияти хос ҳарф зад.
– Ман бо Шоимов ҳамагӣ як бор вохӯрдаам, вале он вохӯриву суҳбат якумр дар ёдам нақш бастааст, – гуфт раиси Маркази миллию мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё, устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз Рамазон Абдуллоев. – Устод унвони илмӣ надоштанд, вале кору фаъолияташон бештару беҳтар аз унвондорҳо буд.
Раиси Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳияи Бойсун Ғаффор Норбоев гуфт, ки мо бояд чунин тадбирҳоро бештар баргузор кунем. Имрӯз дар ноҳия ҳолати мактабҳои тоҷикӣ чандон хуб нест. Бояд барои беҳбуди вазъи онҳо кӯшем. Тадбири имрӯза низ ҳамин мақсадро дар пай дорад, зеро устод Шоимов забону миллати худро дӯст медошт, ягона нафаре буд, ки ҳамчун таърихнигор, бостоншиносу вожашинос маънои аслии Бойсунро бо далелу бурҳонҳои қотеъ исбот намуд.
Ҳофизон аз ноҳия бо сурудҳои дилнишини тоҷикӣ  табъи ҳозиринро болида сохтанд, шогирдони мактаб низ, шеъри «Ту мемонӣ, мо меравем»-и устодро, ки дар васфи диёраш навиштааст, ифоданок хонданд. Ба шогирдон барои иштироки фаъолашон дар чорабинӣ аз ҷониби раиси Маркази миллию мадании тоҷикони вилоят сертификатҳо супорида шуданд. Маркази миллию мадании вилоят ва таҳририяти рӯзномаи «Ховар» ба китобхонаи мактабҳои № 9, 10 ва 11-ноҳия 10 нусхагӣ китобҳои бадеӣ туҳфа намуданд.
Тадбир дар тарабхонаи «Асомиддин»-и деҳа сари як пиёла чой идома ёфт. Дар ин бахш муовини Маркази миллию мадании тоҷикони ноҳия Раҳматулло Шоймардонов, устодони собиқадор Ҷӯра Муҳаммадинов, Ҷумъа Авлиёев, Қосим Муҳаммадиев, корманди ҳизби «Миллий тикланиш»-и ноҳия Бобур Собиров, фаъолони деҳа Зиёбой Чӯпонов, Нуруллоҳ Сафармаҳмадов, Шодӣ Шарипов, Анвар Кенҷаев, директори мактаби рақами 61-уми ноҳия Фахриддин Бобомуродов ба сухан баромада, хидматҳои устод Шоимовро зикр намуда, хислатҳои неки ӯро ба забон оварданд. 
Домоди устод, шифокор  аз шаҳри Қаршӣ Абдувоҳид Қаҳ-ҳоров баъди суханҳои самимӣ, иброз дошт, ки барои ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардани асарҳои ӯ кумаки моддӣ мерасонад. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: