ТАДБИРКОРИ СОҲИБМАКТАБ

Хонаводаи Маҳмудбек Маъруфӣ яке аз хонаводаҳои барӯманди деҳаи Талибарзуи ноҳияи Самарқанд буду ҳаст.

Хонаводаи Маҳмудбек Маъруфӣ яке аз хонаводаҳои барӯманди деҳаи Талибарзуи ноҳияи Самарқанд буду ҳаст. Ин марди дурандеш ва фарҳангдӯст дар корҳои маҳалла ҳамеша фаъол иштирок мекард. Ғайр аз ин, ҳамроҳи ҳамсари вафодори худ Тӯхта Раҳматова ба таълиму тарбияи фарзандон эътибори алоҳида медод. Дар хонаводаи онҳо соли 1967 пас аз шаш фарзанд, чор писару ду духтар боз шоҳписаре ба дунё меояд. Аҳли оила бо нияте, ки бахт ҳамроҳи ҳамешагии тифли навзод бошад ва рӯзгори хушбахтона насибаш кунад, ӯро Бахтиёр ном мегузоранд.
Бахтиёр аз овони таҳсил дар мактаби таълими умумӣ орзу мекард, ки мактабро хатм карда, шомили донишгоҳ шавад. Орзуи айёми мактабхонӣ буд, ки пас аз хатм ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд месупорад ва аз имтиҳонот сарбаландона гузашта, донишҷӯ мешавад.
Вай баробари таҳсил дар шӯъбаи шабонаи донишгоҳ, ҳамзамон дар корхонаи хурди «Бинокор»-и ноҳияи Самарқанд ба ҳайси экспедитор кор мекард. Касби худро дӯст медошт ва пайваста барои такмили маҳорат, бозомӯзии асрори соҳа кӯшиш менамуд. Дар ин самт устоди аввалинаш Рустам Ҳасанов ӯро роҳнамоиву дастгирӣ мекард. Ин буд, ки дар фурсати кӯтоҳ ба назари роҳбарияти корхона афтод. Пас аз чор соли меҳнат ӯро ҷонишини директори корхона таъин карданд. Бахтиёр Маъруфов тӯли даҳ сол дар ин ҷо адои вазифа мекунад. 
Соли 1999 Бахтиёр Маҳмудович ба фирмаи хусусии истеҳсолии «Сиёб Б» дар ноҳияи Тайлоқ асос мегузорад. Бо гузашти солҳо корхона ба яке аз фирмаҳои пешқадами вилояти Самарқанд табдил меёбад.
Маҳз дар ҳамин солҳо эътибори ҳукумат низ ба рушди соҳаи тадбиркорӣ, ривоҷ додани бахши хусусӣ меафзояд. Барои тадбиркорон имкониятҳои васеъ ва имтиёзоти зиёд фароҳам мегардад. Бахтиёри кордону корчаллон аз чунин имкониятҳо истифода намуда, соли 2003 Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тони Грин»-и ноҳияи Тайлоқро асос мегузорад ва фаъолияти тадбиркории худро ба роҳ мемонад.
Аз соли 2008 то соли 2012 ба ҳайси сардиректори корхонаи муштараки «Сиёб саховат»-и Ӯзбекистон – Русия, воқеъ дар ноҳияи Тайлоқ меҳнати фидокорона менамояд.
Соли 2012 таҳти ташаббуси Бахтиёр хоҷагии фермерии «Сиёб Шавкат Орзу»-и ноҳияи Тайлоқ таъсис меёбад, ки ҳоло ин хоҷагӣ яке аз хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Воқеан, хоҷагии фермерии «Сиёб Шавкат Орзу» нахуст чун хоҷагии меваю сабзавотпарварӣ ба кор сар кард. Сипас, ин ҷо коркарди маҳсулот ба роҳ монда шуд. Баъд таҳти ташаббуси роҳбари соҳибирода ва меҳнатдӯст доираи фаъолияти хоҷагӣ васеъ гардида, истеҳсоли маҳсулоти меваю сабзавот, азнавкоркарди онҳо, маҳсулоти ширӣ ва гӯшт ба роҳ монда шуд, боғҳои интенсив, гармхонаҳо ташкил ва чорводориву паррандапарварӣ роҳандозӣ гардид ва дар соҳаи саноат низ лоиҳаҳои бузург татбиқ шуд. 
Имрӯз фаъолияти хоҷагии фермерии «Сиёб Шавкат Орзу» на танҳо дар вилояти Самарқанд, балки дар дигар вилоятҳо низ ба роҳ монда шудааст. Дар корхонаҳои зери тасарруфи хоҷагӣ беш аз 20 ҳазор нафар корманд адои вазифа мекунанд, ки маҳсулоти корхона ба кишварҳои хориҷӣ низ экспорт карда мешавад. 
Тадбиркори номдор барои рушди корхонаи худ ба як қатор кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла, Италия, Олмон, Фаронса, Нидерландия, Хитой, Ҳиндустон ва ғайра азми сафар намуда, дар асоси шартнома таҷҳизоти замонавиро ба Самарқанд овард.
Ҳама гуна меҳнати фидокорона, таҳтидилона ва ҳалол натиҷаи худро хоҳад дод. Меҳнати заҳматноки чандинсолаи Бахтиёр Маъруфов имрӯз самари худро медиҳад. Президент Шавкат Мирзиёев дар давоми ташрифҳои худ ба вилояти Самарқанд аз фаъолияти корхона боздид намуда, бо Бахтиёр Маҳмудович бевосита сӯҳбат орост ва барои васеътар намудани доираи фаъолияти корхона маслиҳатҳо дод.
Ғайр аз ин Бахтиёр Маъруфов дар асоси Фармони Президент соли 2019 бо ордени «Меҳнат шуҳрати» сарфароз гардид. 
Қариб ҳамаи фарзандони бародарону хоҳарони ӯ дар назди ин амаки худ асрори тадбиркориро омӯхтаанд ва аллакай аксари онҳо фаъолияти соҳибкории худро ба роҳ монда, ба дастовардҳои назаррас низ ноил гардидаанд.
Бахтиёр Маъруфов на танҳо тадбиркори маъруфу машҳур, балки падари ғамхор, бобои дуогӯйи наберагон мебошад. Ҳамроҳи ҳамсари меҳрубони худ Додар Раҳимова се нафар фарзанд, ду писар — Асадбеку Қаҳрамон ва духтари худ Мадинабонуро таълиму тарбияи нек доданд. Имрӯз ҳама фарзандони хонадон дар ҳаёт роҳи худро ёфтаанд ва барои ривоҷи ҷамъият саҳми арзанда ҳамроҳ мекунанд. Бахтиёр Маҳмудович бо ҳамсараш дар канори 8 набера умри хушу бофароғатро мегузаронанд.

Матлуба НАРЗУЛЛОЕВА,
соҳиби нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: