ТАДБИРҲОИ БИОТЕХНИКӢ ДАР МАМНӮЪГОҲҲО

Табиист, ки туфайли боридани барфи зиёд ва ҳукмфармоии ҳавои сард паррандагону чаррандагоне, ки сайдашон мамнӯъ буда, ба «Китоби Сурх» шомиланд, як андоза беғизо монданд. Аз ин рӯ, ходимону нозирони мамнӯъгоҳҳои давлатии «Зомин» ва «Нурато» дар ин ҳудудҳо тадбирҳои биотехникиро гузарониданд.

Табиист, ки туфайли боридани барфи зиёд ва ҳукмфармоии ҳавои сард паррандагону чаррандагоне, ки сайдашон мамнӯъ буда, ба «Китоби Сурх» шомиланд, як андоза беғизо монданд. Аз ин рӯ, ходимону нозирони мамнӯъгоҳҳои давлатии «Зомин» ва «Нурато» дар ин ҳудудҳо тадбирҳои биотехникиро гузарониданд.
Ҳоли ҳозир дар ҳудуди мамнӯъгоҳи давлатии «Зомин», ки қариб 27 ҳазор гектар масоҳат дорад, зиёда аз як ҳазору ду сад навъи рустанӣ мерӯяд. Дар байни онҳо рустаниҳои дорувориву  зираворӣ, манзаравӣ ва рӯғанӣ низ ҳастанд.
Мамнӯъгоҳ аз чаҳор дара иборат буда, ҳудуди ноҳияи Зомин ва як қисми ноҳияи Бахмалро дарбар мегирад. Вай дар доманаи самти шимоли ғарбии силсилакӯҳҳои Туркистон ҷойгир аст.
Мамнӯъгоҳҳо 30 намуди ҳайвонот, 102 навъи парранда, 14 хели хазанда ва ғайра доранд, ки ҳифз намудану нигоҳ доштанашон дар ҳаргуна вазъу шароит вазифаи асосии ходимони онҳо маҳсуб меёбад. Бинобар ин дар рӯзҳои хунуки сахт ба воситаи техникаи махсус як қитъаи замини мамнӯъгоҳ аз барф тоза карда, ба он ҷо, ки эҳтимоли омадани ҳайвонот ҳаст, хошоку дону хӯрока  рехтанд. 
Дар мамнӯъгоҳи давлатии «Нурато» низ чунин тадбир амалӣ шуд. Бояд гуфт, ки дар парваришхонае, ки ҳанӯз солҳои ҳаштодуми қарни сипаригардида ташкил карда шудааст, 16 сар гӯсфанди северсев (ғурми кӯҳӣ) парвариш меёбад. Он дар ибтидо 8 гектар масоҳат дошт, баъдтар васеъ карда ба 16 гектар расонида шуд. Ходимони ҳарду  мамнӯъгоҳ  дар рӯзҳои сарди фасли зимистон аз камингоҳ акс мебардоранд ва бо ин роҳ  ҳаракати ҳайвоноту паррандагони нодирро назорат мекунанд. Баъди муайян кардани ҷойи зисту  чарогоҳ ба онҳо ему хошок медиҳанд, дон мерезанд. Зеро аз талафу нобудшавӣ эмин нигоҳ доштани олами ноёби ҳайвоноту наботот ҳадафи асосии кормандони мамнӯъгоҳҳо аст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 
Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: