ТАДБИРҲОИ ҶАШНИИ ИСТИҚЛОЛ

Ба муносибати тадбирҳои ҷашнии иди аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз – 28-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маркази ҳамаи ноҳияҳо ва шаҳри Ҷиззах маросими ба истифода супурдани як қатор бинову иншоот ва боғҳои истироҳат сурат мегиранд.

Чунончӣ дар шаҳрчаи Бӯстони ноҳияи Зарбдор корхонаи дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки сад касро бо шуғл фаро гирифтааст. Дар ин ҷо боғи истироҳат низ ба истифода супурда шуд. Хонаҳои истиқоматии дуошёна аз нав бунёд ёфтанд. Одамон ба он кӯчида гузаштанд. 
Дар чор маҳаллаи ноҳияи Дӯстлик корҳои ободонӣ дар асоси барномаҳои давлатии «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» ба анҷом расиданд. Бахшида ба рӯзи Иди истиқлол дар ин ноҳия тадбир ба амал омад. Мардуми ноҳия аз ободониву бунёдкориҳо фараҳу шодӣ карданд. 
«Маркази ҷавонон» дар ноҳияи Зомин сохта ва ба истифода супурда шуд. Сохтмони ин маҷмӯа соли 2018 оғоз ёфта буд. Барои бунёди он 16 миллиард сӯм маблағ азхуд гардид. Фаъолият намудани сенздаҳ маҳфил ва зиёда аз сесад нафар ҷавононро фаро хондани ин маҳфилҳо боиси хурсандии умум гардид.
Дар ноҳияи Бахмал бар ивази шаш миллиарду 450 миллион сӯм биноҳои муассисаҳои таълими томактабӣ ва дар ҳаҷми қариб бист миллиард сӯм корҳои таъмири биноҳои мактабҳои таълими ҳамагонӣ сурат гирифт. Аз ҷумла дар мактаби рақами ҳафтуми ноҳия, ки 300 нафар хонанда дорад, бо қимати шашсад миллион сӯм азнавсозиҳо ба амал омад.
Дар шафати мактаби рақами 25-уми ноҳияи мазкур, ки дар наздикии силсилакӯҳҳои Моргузар воқеъ аст, барои чил нафар бинои иловагӣ бунёд ёфт. То ин дам як қисми бачаҳо шаш километр масофаро тай намуда, ба мактаби дигар рафта, таҳсил мекарданд.
Тадбирҳои ҷашнӣ дар ноҳияву шаҳрҳои вилоят давом доранд. Дар ин қабил тадбирҳо аз дастовардҳои муҳими солҳои истиқлол, аҳамияти он, фаровонии ҳаёти мардум, сулҳу осоиш сухан меравад. Ҳама ният мекунад, ки осмони Ватани азизу маҳбуб ҳамеша софу беғубор бошад. Осоиштагӣ асло ҳаёти одамонро тарк накунад.
Дар қисми бадеии ҷашнҳо неъмати бузурги истиқлол, якпорчагии Ватан, азизу муқаддас доштани он васф карда мешавад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: