Эҷодкор Раҳим Воҳидов, ки ояндаи дурахшон дошт, соли 1942 дар деҳаи Ӯбаи ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро ба дунё омадааст.
Ӯ, баъди хатми мактаби миёнаи умумӣ, таҳсилро дар факултети филологияи ӯзбеку тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбек давом дод.
Фаъолияти омӯзгории Р. Воҳидов дар мактаби зодгоҳаш баъди хатми донишгоҳ оғоз ёфт. Дар баробари таълим доир ба адабиётшиносӣ мақолаҳои илмӣ менавишт, онҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавӣ чоп мешуданд.
Ин ҷиҳати ӯро ба назар гирифта, соли 1967 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро ба кор даъват намуданд. Ӯ дар кафедраи адабиёти ӯзбек аз омӯзгори қаторӣ то ба дараҷаи дотсентӣ ва профессорӣ расид. Солҳои дароз мудири кафедра буд, ба факултети забон ва адабиёти ӯзбек роҳбарӣ кард. Дар ин муддат дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил гирифта, соли 1970 доир ба мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Шайхим Суҳайлӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Вақте ки олими ҷавон унвони илмӣ мегирад, ғайраташ дучанд мешавад.
Р. Воҳидов ба олами дастхатҳои қадимӣ фурӯ рафт, ба паҳлуҳои омӯхтанашудаи робитаҳои адабии ӯзбеку тоҷик дар нимаи дуюми асри XV ва нимаи аввали асри XVI эътибори ҷиддӣ дод.
Дар давоми ҳаждаҳ сол садҳо тазкира, баёз, маноқиб, муншаот, асари таърихӣ, ёдномаҳоро аз назар гузаронд, онҳоро муқоиса намуд.
Бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ мақолаҳо эълон кард, дар анҷуманҳои бонуфузи илмӣ иштирок намуд. Ҷустуҷӯҳои илмии ӯ натиҷаи худро доданд.
Олим соли 1988 доир ба мавзӯи «Робитаҳои адабиёти форс-тоҷик дар нимаи дуюми асри XV ва ибтидои асри XVI (дар самти таърихию типологӣ)» рисолаи доктории худро ҳимоя кард. Дере нагузашта ба олим унвони профессорӣ дода шуд. Роҳбари илмии ҳар ду тадқиқоти Р. Воҳидов донишманди адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек, академик Ботур Валихӯҷаев буд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Р. Воҳидов ҳамеша дар ҷустуҷӯ буд. Вай дар давоми ҳаёти худ беш аз сӣ рисола, китоб навишт, ба забонҳои дигар мақолаҳои илмию публитсистӣ эълон кард. Агар лабораторияи эҷодии олимро аз назар гузаронем, чунин ба назар мерасад, ки соҳаи дастназадаи ӯ намондааст. Бо вуҷуди ин, мероси ӯро метавон ба чор самт ҷудо кард.
1. Дар боло гуфтем, ки вай бештар паҳлуҳои номаълуми адабиёти ӯзбеку тоҷикро мавриди тадқиқ қарор дод. Дар натиҷа китобу асарҳои илмӣ ва мақолаҳои арзишманди ӯ – «Суҳайлӣ», «Бобури ошно ва ноошно», «Алломаҳои бузурги Шарқ»,«Дарёфтҳоям доир ба як ноширу се шоир», «Мирзо Сомии Бӯстонӣ», «Содиқи Ҷондорӣ» чоп шуданд.
2. Олим ҳангоми омӯхтани таърихи робитаҳои адабии асрҳои XV - XVI ӯзбек ва форс-тоҷик муҳити маданӣ, маърифатӣ, адабӣ ва илмии он даври Хуросону Мовароуннаҳрро пурра пеши назар оварда, мулоҳизаҳояшро рӯйи коғаз овардааст. Китобу рисолаҳои «Тарҷумаҳои «Маҷолис-ун-нафоис», шарҳи тоҷикии асари «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-и Алишер Навоӣ», «Адабиёти классикӣ – хазинаи ҳикмат», «Донишманди сарҳади адабиёти бародарӣ», «Айнӣ ва адабиёти ӯзбек», «Ҷараёни адабӣ ва зуллисонайнӣ» натиҷаи ин омӯзишҳо мебошанд.
3. Шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ яке аз симоҳои тамаддуни башар мебошад. Саҳифаҳои алоҳидаи таълифоти Р. Воҳидовро навоишиносӣ ташкил медиҳад. Дар онҳо аз як тараф робитаҳои адабии Навоӣ, тарбияи эҷодкорони ҷавон, масъалаи зуллисонайниро ба қалам гирифта бошад, аз тарафи дигар ҷиҳатҳои ба худ хоси асарҳои форсии Навоиро мавриди таҳлил қарор додааст.
Китобу мақолаҳои «Эҷодиёти Навоӣ – манбаи илҳом», «Навоӣ – зиндаю барҳаёт», «Дар бораи асари «Руҳ-ул-қудс»-и Навоӣ», «Шайхим Суҳайлӣ ва Алишер Навоӣ», «Дар эҷодиёти Навоӣ талқини истилоҳҳо доир ба сайёраҳо» далели ин гуфтаҳо мебошанд.
4. Маълум аст, ки омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ бо корҳои таълиму тарбия ва илмию услубӣ низ машғул мешаванд. Р. Воҳидов дар давоми фаъолияти худ ба ин ҷиҳат низ эътибор додааст. Ӯ доир ба усулҳои таълими адабиёт дар мактабҳои олӣ мақола ва рисолаҳо таълиф намуд. Яке аз корҳои ба назар намоёни олим ва шогирдонаш дар ин самт «Таърихи адабиёти ӯзбек» (иборат аз се китоб) буд, ки ба донишҷӯёни донишгоҳ ва институтҳои омӯзгорӣ пешбинӣ шудааст.
Дили олими пуркор ва заҳматкаш баҳори соли 2012 аз задан бозмонд.
Вале бо навиштаҳои арзишмандаш дар дили аҳли адаб ва шогирдони зиёдаш ба таври ҳамешагӣ боқӣ монд.
Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор.