ТАДҚИҚОТЧИИ БУХОРОӢ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи байналхалқии Ӯзбекистон – Куриё (KIUF)-и вилояти Фарғона маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни анъанавии «Тадқиқотчии беҳтарини илмӣ» байни намояндагони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба амал омад.

Омӯзгори калони кафедраи «Тиббиёти реаблитологияҳо, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ»-и Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро Содиқ Қазоқов низ бо мақолааш ба забони англисӣ «Methods of teaching badmintonin sport classes» иштирок намуда, ғолиби озмун гардид ва бо нишони сарисинагию сертификат тақдир ёфт. Мукофотро ба вай ректори таълимгоҳи олӣ Шӯҳрат Тешаев супурд.
Бояд таъкид намуд, ки дар ин озмун қариб 1500 нафар пажӯҳишгарон бо мақолаҳояшон иштирок намуда, аз байни онҳо 150-то беҳтаринашон интихоб гардида буданд.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: